ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 30 Март 2020 08:36

Саидабону Ҳамроева (тел: 900 45 20 22) яке аз хонандагони доимии ҳафтанома аз ш.Душанбе занг зада қайд намуд, ки бояд аз баҳри хизматрасонии ширкати “Мегафон” гузарем. Ширкати мобилии “Мегафон” дар рӯзҳои охир ҳамаи тарифҳои кӯҳнаашро баста, бе розигии муштариён ба кадом як тарофаи нав гузаронилда истодааст. Чаро бояд ҳамаи муштариён ба ин тарофаҳои нав гузаранд? Охир ба мо чунин тарофа лозим нест! Ин як дуздии маҳз аст. Масалан, ман аз интернет истифода намебарам, пас чаро бояд барои он маблағ диҳам?! фикр мекунам, ки бояд ҳама муштариёни норозӣ аз хизматрасониҳои ширкати “Мегафон” даст кашида, ба дигар ширкатҳо пайванданд.

 

Душанбе, 30 Март 2020 08:31

Шариф Назруллоев (тел: 917 94 40 96) яке аз хонандагони газета аз н.Варзоб занг зада гуфт, ки 1 қисмати мардуми маҳаллаи мо 10-15 халтаи орд харидорӣ намудаанд. Ҳозир бошад фаҳмиданд, ки ин ҳама сару садоҳо як паникаи холӣ будааст. Ба ин хотир, пеш аз оне, ки халтаҳои орди харидаашонро кирм нахӯрад онро ба мағоза овардаанд. Аммо фурушанда маҳсулоти фурухташударо қабул накарда истодаанд. Дар ин моҷаро кӣ гунаҳкор аст? 

 

Душанбе, 30 Март 2020 08:29

Саломи самимӣ ва пур аз эҳтиром ба кормандони СССР махсусан ба Исмоилҷон! Бародари азиз ростӣ ҳеҷ намефаҳмам, ки нархи давлатии об (оби нӯшокӣ) дар ҳудуди ш.Панҷакент чанд сомонӣ ё дирамро ташкил медода бошад. Аз ҳар оила ҳар хел пули обро мегиранд. Вақтҳои охир гуфтанд нархи об қиммат мешавад, вале мо намедонем, ки чӣ қадар қиммат мешавад. Борҳо пурсон гардидам касе посухи мушаххас надод, ҳатто дар сомонаи корхонаи обу корезӣ низ нархномаи обро пайдо карда натавонистем. Агар тавассути ин ҳафтанома масъулин посух медоданд, басо шодмон мегардидем! Дар охир ба масъулин пешниҳод менамоям, ки барои боз ҳам хубтар кардани сатҳи хизматрасонӣ беҳтар мебуд, ки аз ҳисобкунакҳои электронӣ (счётчик) истифода мешуд, ҳам қулай ва ҳам бе баҳсу ҷангҷол! 

Ҷумаев Қиёмиддин, ш.Панчакент, тел: 907650879 

 

Душанбе, 30 Март 2020 08:27

Тақрибан давоми 1 моҳи ахир аст, ки бегоҳиҳо, аниқтараш пас аз соати 17:00 ҳангоми ба дарси иловагӣ рафтанам дар гардиши назди бинои “Шарқи озод” ним соат, гоҳе бештар аз он ҳам нақлиёти мусофиркашонии №33-ро интизор мешавам. Интизор мешавам, вале ақалан яктояшон ҳам намеоянд. Ҳатто онҳое, ки аз пурии одам ба қавле ҷойи сӯзанзанӣ дар дозили он нақлиёт ёфт намешуду  “биё, бача, 33-и холияй” мегуфтанд, наменамоянд. Гӯё пас аз оне, ки “биё бача, 33-и холияй, дута ҷойи нишаст дорем”-гуфтани пулчинҳои нақлиёт “ноз карда нашиштем”, ҳама якбора қаҳр кардаанд. 

Ҳамин ҳафтаи гузашта, рӯзи панҷшанбе ҳам чунин ҳолат доштем. Баъди оне, ки ҳеч яке аз микроавтобусҳои №33 наомад, ба микроавтобуси №15 то ними роҳ рафтему баъдан пиёда то таълимгоҳ қадам задем. Албатта барои мо, ки ҳанӯз хеле ҷавон ҳастем, наздики 2 километр роҳро пиёда рафтан ҳеч мушкилие нахоҳад дошт. Аммо бисёр мешавад, ки ҳамроҳи мо аз бинои “Шарқи озод” афроди синну соли болоӣ ҳам мебароянд ва бояд то Маркази савдои “Садбарг” ва дуртар аз он рафтанашон лозим аст. 

Воқеан агар қаблан аз меъёр бениҳоят зиёд одам савор (бор не!) кардани микроавтобусҳои хусусӣ мушкили ҷиддӣ буду ҳоло ҳам ҳаст, акнун “ёри камнамо” шудани онҳо дар роҳ мушкили изофие шуда мондааст. То ҳол пулчинакҳо дар мошинҳояшон одамонро “бор мекунанд”. Мисли каду бор кардан. Не, аслан кадуро ҳам ботартиб ва боэҳтиёт бор мекунанд, аммо тартибу эҳтиёт бо кори аксари ин мусофиркашон ба ҳам омадани мисли мушу гурба аст. Ҳатто агар дар он издиҳоми мусофирон аз ҷайбат нафаре, роҳкирояшро гирифта супорад ҳам, нофаҳмида мемонӣ ва як хайре мешавад, ки натанҳо дасти чап ё рост, умуман тамоми узви баданат огоҳ намешавад. 

Боз чанд рӯзе қабл ҳамроҳи як шиносам дар к.Рӯдакӣ, роҳи марказии н.Исмоили Сомонӣ автобуси рақами 33-ро ҳам дидему хушҳол шудем, ки акнун дигар микроавтобусҳои 33-ро дар гардиши назди бинои “Шарқи озод” мунтазир намешавем. Вале маълум шуд, ин автобусҳо на ба он роҳе, ки микроавтобусҳо самташон аст, мераванд. Аз тариқи роҳи марказ ба ду самти муайяншуда мусофиркашонӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки автобусҳои нави самти 33 аз кӯчаҳои Мирзо Мастонгулов, Аҳмади Дониш, Дӯстии халқҳо, Мирзо Турсунзода, Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозӣ мегузаранд, пас чаро дар ин самт, яъне аз “Хитойбозор” то бозори “Корвон” ҳаракати микроавтобусҳои 33 хеле кам шудааст? Ин суолест, ки дақиқан аз кию кадом ниҳод пурсиданатро намедонӣ. Чун микроавтобусҳо маъмулан хусусиянд ва зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки аз болои фаъолияти онҳо чандон назорате нест. 

Суннатуллоҳи Мирзо, ш.Душанбе 

 

Душанбе, 30 Март 2020 08:21

Ҳар нафаре бовар дорад, ки бо имзои Сулҳ ҷанг тамом мешавад, хато мекунад. Ҷангҳо давом доранд. Ҷангҳои иттилоотиву хабариву виртуалӣ…

Ба ҳама бовар дорем ва ба ҳеҷ кас бовар надорем. Бовари мо ба хостаҳои мо бастагӣ дорад. Ҳамин хел бояд бошад! Тамом вассалом. Касе зид ҳарфе зад-мурд. Тарафдор-зинда бод! Дигар ҳамин хел шудаем…

 Ростӣ, сафсаттаҳое, ки тоҷикон аз Амрикову Аврупо сари мо мерезанду гӯш мекунӣ…боварат намеояд, ки инҳо аз миллати шарифи моянд. 

Стоп! Боре фикр кардаӣ, хонанда, ки чаро маҳз аз Амрикову Аврупову Канада сари моро филтр мекунанд? Чаро онҳое, ки худро мусалмони барҳақ шумурдаву дар фикри сатру ҳиҷобу ришу фашанд, фарзи мисол, наоянд ва дар давлати исломие, мисли Афғонистону Покистон мақар гиранд?

Чаро инқилобҳои ба ном исломии Эрону Афғонистону Покистон маҳз аз Аврупо маншаъ мегирифтанд? Сари моҷаро, просто, фикр кун, хонанда….Танҳо фикр.

Ҳомиёни дину мазҳаби имрӯзаи мо дар хориҷаи насронӣ, на мусалмонӣ, комфорт мехоҳанд. Комфорти аврупоӣ, вале сари моро гаранг мекунанд, ки ришу фашу сатру ҳиҷоб кунемдддд. Яъне, чӣ? Яъне шумо дар шарқи ҷанҷолӣ зиеду мо аз Аврупо шуморо ҳодии роҳи рост мешавем…

 Мутаассуф дар ин гирудор нафаре нест, ки бо ин шайтончаҳо доду ситад кунад. Ку дигар Турсунзода, ки оламро мешӯронид? Канӣ Муъминшоҳи Қаноат, ки лаб мекушод, гавҳар мерехт? Куҷост Лоиқи маҳбуб, ки барояш дар кишвар ҳама дару тирезаҳо боз буд? Ку Бозори Собир, ки 1 умр проблема меҷуст, вале ҳабиби мо буд? Ашӯр Сафару Қутбикиромҳо куҷоянд??? Нестанд!

 Низом Қосим воқеан шахсият аст ва вораста. Ӯро бояд таблиғ кард. Турсунзода мехоҳед? Кор кунед, таблиғ кунед, реклама созед…

Бисёриҳо фикр мекунанд, мо ба ҳам зиддем. Ҳаргиз на! Ман Шахсиятҳоро арҷ мегузорам. Низом Қосим ҳатто пӯшишаш интеллигентист. Вале танҳост. Реформа кард? Кард! Кӣ дигар тобу тоқате дошт, ки бо андсад шоир дастугиребон гардад? Ӯ кард. Хуб кард. Ҳаргиз узви ИНТ набудам, шуданӣ ҳам нестам, зеро медонам, ки сазовор нестам. Вале чун Низом Қосим реформа кард...талхаи ҳама кафид....

Низом Қосимҳо лозиманд, эй мардум! Фардо аз мо чизе намемонад. Зиёиён мемонанд. Боре андешидаед, ки “Роҳи Абрешим”, ки Шарқу Ғарбро мепайваст, чанд миллион тоҷир дошту савдогар? Якеи инҳоро медонед? Неъ. Вале шоирону удабову уқалоро медонем. Конфутсий, Рӯдакӣ, Сино, Умар...ҳай номҳои гӯшнавозанд...

Дар олами интернет, ки торафт кӯчаку маҳдуд мегардад, мо бояд Низоми худро дошта бошем. Мо бояд Ҳоҷӣ Мирзову Ҳоҷӣ Исмоилҳои худро дошта бошем. Инҳо сутунҳои миллату мазҳабанд. Аз аҳли андеша наҳаросед. Онҳо сахт лозим мешаванд. Вале метарсам, ки дер нашавад. Мо Метавонеми!

 

Панҷшанбе, 19 Март 2020 16:48

Панҷшанбе, 19 Март 2020 10:18

 

    Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд, ки бинобар қарори Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ки дар Чин, Эрон, Италия, Ҷумҳурии Корея, Афғонистон, Фаронса, Испания, Шветсия, Швейтсария, Британияи Кабир, Норвегия, Нидерланд, Олмон, Белгия, Дания ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка қарор дошта, ба Тоҷикистон ворид мешаванд, ба мақсади пешгирии  сироят ва паҳншавии  коронавируси нав-COVID-19 дар хоки Тоҷикистон ба муддати 14 рӯз ба карантин фаро гирифта мешаванд. 

   Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад. Шаҳрвандон дар сурати лозима метавонанд ба сафоратҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа муроҷиат намоянд.

 

Панҷшанбе, 19 Март 2020 10:14

   Варзишгарони маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев бо роҳхати олимпӣ ба Ватан баргаштанд.

   Тавре сомонаи Кумитаи Миллии Олимпии кишвар хабар медиҳад, дар мусобиқаи интихобии олимпии бокс дар қораи Осиё/Уқёнус, ки аз 3 то 11 март дар шаҳри Аммони Урдун доир шуд, Баҳодур дар вазни - 63кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни - 81кг миёни варзишгарони Тоҷикистон аввалин роҳхатҳоро ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба даст оварданд.

 

саҳ 2 аз 10

Китобҳо

Flag Counter