ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 11 Март 2020 16:55

  

4.03.1918. Шӯрои Комиссарони Халқии РСФСР Шӯрои олии ҳарбиро бо сарварии Тротский таъсис дод. Ин Шӯро мебоист ба нерӯҳои мусаллаҳи болшевикӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ роҳбарӣ мекард.

4.03.1951. Рӯзномаи "Правда" лоиҳаи Хрушевро бобати таъсиси шаҳрҳои аграрӣ дар СССР рӯи чоп овард. Ин шаҳрҳо мебоист дар ҷои деҳаҳо бенёд мегардиданд.

4.03.1963. КМ Ҳизби Коммунисти Украина қарор дод "Декларатсияи умумии ҳуқуқи инсонро"-ро бо забони украинӣ нашр намояд.

4.03.1990. Дар СССР аввалин интихоботи алтернативии вакилони мардумӣ баргузор гардид.

5.03.1923. Владимир Ленин ба Лев Тротский супориш дод, то коммунистони гурҷиро аз иттиҳомоти Иосиф Сталин дифоъ кунад.

5.03.1940. Бо дастури сарвари НКВД  Лаврентий Берия, 25 700 афсари поляк ва намояндагони қишри буржуазӣ дар ҷангали Котин ба қатл расонида шуданд.

5.03.1946. Сарвазири Бритониё Уинстон Чечил хатти тақсими Аврупоро "пардаи оҳанӣ" унвон кард ва ин рӯз дар таърихнигории муосир чун рӯзи оғози ҷанги сард маъруф гардидааст.

5.03.1953. Дар СССР Иосиф Сталин, сиёсатмадор, давлатмард ва роҳбари низомии шӯравӣ аз дунё гузашт. Сталин инчунин яке аз назарияпардозон ва таблиғгарони бузургӣ "марксизм-ленинизм" ба шумор меравад. 

5.03.1956. Раёсати КМ ҲКИШ қарор дод, тамоми коммунистон ва комсомолонро бо маърӯзаи Никита Хрушев бобати шахспарастии Сталин ошно кунад.

6.03.1918. Дар Маскав Анҷумани VIII и РСДРП (б) ба кори худ шурӯ кард. Ин Анҷуман номи ҳизбро тағйир дод ва РСДРП (б) ба ВКП (б) табдил дода шуд.

6.03.1925. Дар СССР аввалин шумораи рӯзномаи "Ҳақиқати пионерӣ" (“Пионерская правда”) рӯи чоп омад. Ин рӯзномаи асоситарин минбари пионерони шӯравӣ гардида, то охири мавҷудияти СССР чоп мешуд.

Чоршанбе, 11 Март 2020 16:44

Ҷашни қадимӣ

Иди занон таърихи қадима дорад ва ба андешаи бархе аз муаррихин онро ҳатто дар Руми қадим низ ҷашн мегирифтанд. Дар ин рӯз мардони румӣ ба занонашон ҳадяҳои гуногун тақдим мекарданд ва ҳатто занони ғуломро истироҳат медонанд.  Иди занон ҳамеша бо баҳор, зебогӣ ва латофату таровати занона алоқаманд буд. Дар ин рӯз одат шудааст мардон ҳамаи занон-модарон, бибиҳо, ҳамсарон ва духтаронро табрик гӯянд ва гулу дигар тӯҳфаҳо тақдимашон гардонанд.                                           Аммо ин ид аз оғоз ингуна набуд. Дар оғоз Рӯзи байналмилалии занон бештар ранги сиёсӣ дошт ва чун як рӯйдоди сиёсӣ қаламдод мегардид.Таърихи пайдоиши он низ бо инқилобҳо ва мубориза барои баробарҳуқуқии занон алоқаманд аст. Дар авохири қарни ХIX занон дар Аврупо дар вазъияти баде қарор доштанд. Он шабу рӯз занони ғарбӣ 16 соат меҳнат мекарданду аз ҳеҷ ҳуқуқе бархӯрдор набуданд. Бори аввал 8 марти соли 1857 занони Ню-Йорк аввалин иттифоқи касабаи худро таъсис доданду талаб карданд, рӯзи кориашон то 10 соат кам карда шавад ва музди меҳнаташон зиёд гардад. Бори дуввум, баъд аз 50 сол, дар охирин якшанбеи моҳи феврали соли 1908 занони Ню-Йорк боз ба кӯчаҳо рехтанд ва ин бор хостори ҳуқуқи ширкат дар интихобот шуданд. 

 

Сотсиалистон ва рӯзи зан                                                          

Расмӣ шудани 8 март ба фаъолияти сотсиалистон алоқамандӣ дорад. Соли 1910  дар пойтахти Дания шаҳри Копенгаген Конфронси дуввуми байналмилалии сотсиалистон доир гардид. Дар ин конфронс занони амрикоӣ ба сотсиалистони немис Роза Люксембург ва Клара Цеткин дидор намуда, баъди баррасии авзоъ, Клара Цеткин пешниҳод намуд, Рӯзи байналмилалии занонро таъсис диҳанд. Клара ба иштирокчиёни Конфронс "тезисҳои" худро пешкаш кард ва иддао намуд, ки ин рӯзи занон, баҳонаи хубе барои гузаронидани гирдиҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳо хоҳад шуда, билохира занони дунёро барои муборизаи сиёсӣ муттаҳид хоҳад кард. Дар оғоз санаи баргузории рӯзи занон чандон мушаххас набуд. Ин идро дар кишварҳои ғарбӣ дар рӯзҳои гуногуни моҳи март ва май ҷашн мегирифтанд.

Чоршанбе, 11 Март 2020 12:50

 

Чоршанбе, 11 Март 2020 12:02

Чоршанбе, 11 Март 2020 11:51

Чоршанбе, 11 Март 2020 11:35

Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» мақола зери унвонии «Обу корези Душанбе қарзҳоро аз куҷо меёбад?», ки он дар ҳафтаномаи СССР таҳти №48 (585) аз 28 ноябри соли 2019 ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод. Дар мақолаи номбурда омадааст, «Соле нест, ки назоратчиёни КВД «Обу коррези Душанбе» ба мардум квитансияҳои навро дар бораи қарзҳои  ҳангуфти чандинсола пешниҳод накунанд. Ҳамин ҳоло ҳам чунин аст: назоратчиён ба мардум таъкид карда истодаанд, ки қарзҳои солҳои 2007-2009-ро пардохт кунанд. Магар ин қарзҳо аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ва пойтахт бахшида ва «ях» карда нашуда буданд? О, пеш аз гузоштани ҳисобкунакҳои обӣ муштариён тамоми қарзҳои худро пардохт карда буданд, ку!? КВД «Обу корези Душанбе» аз куҷо ин ҳама қарзҳоро меёбад?»

Чуноне, ки маълум аст тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» журналист уҳдадор аст, ки пеш аз нашр маводи мусоҳибаи омодакардаашро бо сарчашмаи он мувофиқа намояд. Лекин, журналист бар хилофи ин талаботи қонуни мазкур амал намуда, пеш аз нашр маводи омодакардаашро барои тасдиқи дурусти он бо корхонаи мо мувофиқа накардааст. Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, таҳти №662 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки  ба суроғаи мо маълумот оид ба ҷамъоварӣ шудани маводҳои тасдиқкунандаи ин гуфтаҳо дар мақола, суроғаи зисти шаҳрванд Моҳира Асоева ва журналисте, ки мақоларо ба табъ расонидааст, пешниҳод намоед.

Қаландаров С.А. 

и.в. директор

 

Чоршанбе, 11 Март 2020 11:33

Ҷумахон Зарифов, (тел:988 74 15 25) хонанда ва мухлиси газетаи СССР аз ш.Кӯлоб занг зада гуфт, ки муаллифи мақола дар бораи Хуҷа-командир бояд каме инсоф мекард.

Дар дохили мақолаи Хуҷа-командир боз дар рӯйхати сиёҳ навишта шудани номи Қурбони Чол, Сангак Сафаров, Лангарӣ Лангарӣ, Исматча, Файзали Ҳасан ин аз рӯйи одоб нест! Муаллифи мӯҳтарам! Ҳамагон медонанд, ки мардуми Кӯлоб дар барқароркуниии сохти конститутсионии мамлакат корҳои бузургро анҷом додаанд. Бахусус Лангарӣ Лангарӣ ва Қурбони Чол, ки ба мардуми ноҳияи Панҷ дар он солҳо хеле кӯмак карданд. Як маротиба рафта аз мардуми ноҳияи Панҷ пурсед канӣ дар бораи ин қаҳрамонҳо чӣ мегуянд, дар ҳоле, ки шумо ҳамаашонро аз Хуҷа-командир дида, зиёдтар қотил баровардед.   

 

Чоршанбе, 11 Март 2020 11:31

Муҳаммадҷони Шамсиддин (тел: 989 12 04 84) яке аз хонандагони газета аз н.Темурмалик занг зада, қайд намуд, ки тартиботи ҷамъиятӣ воқеан ҳам дар ҳама ҷой хуб шудааст. 

Рейди навбатии СССР, ки дар назди масҷидҳои бузурги ш.Душанбе гузаронида шуд, воқеан ҳам такони хубе барои пешрафти тартиботи ҷамъиятӣ шуд. Новобаста аз он, ки мо дар назди кадом мақомот ҳузур доштан ва ба куҷо рафтанамон бояд қоидаҳои роҳ ва тартиботи ҷамъиятиро риоя намоем. Бахусус, дар пайравии рейди шумо гуфтаниам, ки мардум дар назди масҷидҳои ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сараввал муносибати хуб, ахлоқи ҳамида, эҳтироми ҳамдигар дошта халал нарасонанд. Зеро мардуми намозхонро ва масҷидравро аз рӯйи ин одаташон низ баҳо медиҳанд. Мо низ кӯшиш намоем, ки то ҳадди ақал барои этироми худ эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо биёварем.

 

саҳ 6 аз 10

Китобҳо

Flag Counter