ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 11 Март 2020 11:26

02.03.2020. Соат бо вақти Душанбе 15:15 дақиқа. Салом, СССР-и  дардошно! Соли гузашта бачаҳои тоҷик як филме бо номи «Меҳмони нохонда» истеҳсол намудаву пешкаши мардум карданд. Ва ин филм дар яке аз рӯзномаҳои ҷумҳурӣ зери тозиёнаи танқид гирифта шуд. Аз ҷумла қайд шуда буд, ки дар ин «филми машҳур» ҳатто 1 нафар ҳунарманди машҳур Марям Исоева нақш офаридааст. Ба қарибӣ давоми ин филмро бо номи «Домод дар иҷора» тамошо кардам.

Ростӣ, ман ҳайронам, ки ҳамон нафароне, ки ин филмро бардоштаанд, шарм намекарда бошанд. Охир, шумо бо ҳамин филми бардоштаатон санъату фарҳанги тоҷикро паст задед! Суханҳову  лаҳзаҳое, ки дар ин филм гуфта мешаванд барои мо тоҷикон фикр мекунам, айб аст! Боз дар ин филм ҳам, чанд нафар аз ҳунармандони машҳур ба монанди Қурбони Собир, Моҳпайкари Ёр ва боз ду нафари дигар нақш офаридаанд. Ҳайрон мешавам, ки ин нафарон чӣ хел дар ин филм бемантиқу бемазмун нақш офарида бошанд. Оё Қурбони Собир ва Моҳпайкар Ёрова ин филмро аз аввал то ба охираш тамошо карда бошанд?

Фикр мекунам агар Қурбони Собир ин филмро хубтар тамошо мекард, садҳо маротиб аз нақши бозидааш пушаймон мешуд. Охир, Қурбони Собир беҳтарин ҳунарманд аст!

Агар ин филми машҳур ба ҷоизаи «Тамашки тиллоӣ» пешбарӣ менамуданд, бисёр хуб мешуд!

Ғуломи Асо, узви Ихвон-ал-СССР, н.Файзобод 

 

Чоршанбе, 11 Март 2020 10:39

 

Дар ҳар 2 даъват-баҳорӣ ва тирамоҳ сару садоҳо атрофи ба хизмати ҳарбӣ рафтану нарафтани ҷавонаскарон ба миён меояд. Ҳатто калимаи воҳимаангези “облава “ давоми даъват баъзе ҷавононро аз ноҳия ба ноҳия, аз шаҳр ба шаҳр ба гурез мебарад. Ё қисми дигари ҷавонон умри ҷавони худро дар муҳоҷирати меҳнатӣ зери бори гарони корҳои миёншикан мегузаронанд. 

Сабаби аз хизмати Ватан гурехтани ҷавонон чанд сабабҳои объективӣ дорад: 

1.Коркунони комиссариатҳои ҳарбӣ бо ҷавонон муносибати хубу робитаи наздик надоранд. 

2.Вохӯриҳо бо ҷавонону падару модарони онҳо гузаронида намешавад ва ҳатто баъзе кормандони ба ин кор муваззаф деҳаҳои ноҳия, релефи маҳалро намедонанд. 

3.Дар ҷамоатҳои деҳот 1 штатро сардори мизи ҳарбӣ банд менамояд ва дар моҳҳои даъвати ҷавонон “наводчик” -и кормандони комиссариати ҳарбӣ мешавад.

Саволи конкрет ин аст, ки ҷавонони бо зӯрӣ “облава” шуда, ба хизмат рафта, аз  таҳти дил ба миллат хизмат мекунанд ? НЕ‼! Онҳо хизмат намекунанд ва дар рӯзҳои мабодои Ватан боз мегурезанд. Ин амалро моҳи августи соли 1992 дида будем. 

Барои бе “облава” ба хизмат рафтани ҷавонон бояд дар мактабҳо дарсҳои ҳарбӣ- ватандӯстӣ, вохӯриҳо бо собиқ аскарону афсарони аз хизмат ҷавобшуда ба роҳ монда шаванд. Пештар дар замони советӣ бозиҳои ҳарбӣ-ватандӯстии “Зарница “ дар мактаб ва байни мактабҳо гузаронида мешуд. Талабагони синфҳои болоӣ дар майдончаҳои махсус тир мекушоданд, норинҷакҳои таьлимӣ мепартофтанд, либоси ҳарбӣ пӯшида машқ мекарданд. Боз дар охири сол муддати 15 рӯз бо иштироки кормандони комиссариати ҳарбӣ талабагони синфҳои 11 дар урдугоҳҳо машқи ҳарбӣ мегузаронданд. 

Аз муаллими дифои ҳарбие пурсидам , ки “дар як хафта дар синфи 10-11, 1 соати ҳарбӣ мегузарӣ ва чаро либоси ҳарбӣ ба бар намекунӣ?”- Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки аз боло ба либоси ҳарбӣ пӯшидан иҷозат намедиҳанд. ..

Зайнулобиддин Ҳусейнов, д.Гулибодом, н.Ёвон 

 

Чоршанбе, 11 Март 2020 08:55

ВАО пур аз хабаре гардид, ки 1 нафарро дар Эрон гӯиё ҷоизаи сухан додаанд. Чунин ҷоизачаҳоро ҳамарӯза ба ҳазорон нафар медиҳанд. Вале ҳама хамӯш. Ин бор гӯиё дунё таккон дид. Ҷоиза. Барои касе, ки забону лаҳҷаи очаашро фаромӯш кардаасту ба забони ғайр ҳарф мезанад ва аз Тоҷикият ор дорад…

Эронӣ ё афғонеро дидаед, ки баробари дидани Тоҷики тоҷикистонӣ лабу лунҷро ғундаву кунда карда, бо лаҳни мо сухан гӯяд? На дидаед ва на мебинед. Вале мутаассуф, ҳатто, дар сатҳи академикҳои мо ин ғунчалаббикшоии иииирониву дарӣӣӣ мушоҳида мешавад. Гарав мебандам: Агар дар дилхоҳ диалекти тоҷикӣ Эронро ИИИрон ё Ирууун гӯянду «вежа»-ро «виже», «перомуни»-ро «пиииромунӣ» ва ғ.ҳ., расман аз ин мушти бар даҳони Тоҷикони марказшитоб зада, узр мепурсам. Вале, охир чунин намегӯем-ку?! Аз барои савоб, падару модар, атаву оча, дадаву буваи кадоми мо чунин мегӯяд, ки мо бояд ба тақлид гӯем???

 Хеле аҷиб аст, ки бо собиқаи умри 3000 сола мо то ҳанӯз кӯдакем. Чаро? Зеро дар ҷустуҷӯи бародари бузургем! Оё боре андеша кардаед, ки чаро баробари дидани русҳо оҷилан русӣ ҳарф мезанем? Не? Пас хӯйи ғуломӣ моро бадар нашудааст, ки андеша накунем, чаро чунин аст?! Ман ёд дорам, ки дар 1 ҷаласаи ҳукумат дар сатҳи хеле оливу хеле баланд 1 чиновники рустабори тоҷикистонӣ аз ҷо бадар шуда, бо президенти кишвар русӣ ҳарф зад. Ҳарчанд суолоти сарвари давлат Тоҷикӣ буданд, ӯ русӣ посух мегуфт. Ва ман қарс задам ба русе, ки дар 1 гӯшаи олами тамоман дигар аз ҳувияти миллии худ фахр дорад ва бо Президенти кишвараш бо лаҳни шевои русии худ ҳарф мезанад. Брависсимо! Вале мо чӣ? Баробари дидани 1 руси кӯчарӯб дар ҷаласаамон русӣ ҳарф мезанем. Намезанем? Мезанем! Гузашта аз ин! Оё эрониеро дидаед, ки ба таъбири Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ «миллиард сол» дар Тоҷикистон зиставу баробари дидани мо даҳону лабро каҷ карда, аз умқи ноф то пушти хичак садо баркашида бигӯяд: «Ако, шумоба гап нест, чи хел шуд, ки пеши мо омадед» ва ё «хеле баақл менамоӣ худут»? 

Нашунидаед ва намешунавед! Вале дилхоҳ олим, забондон, фолклоршинос, чиновники Тоҷик баробари дидани эроние… эҳҳҳ, сар мекунадеее: «биродер, чӣ ҷурӣ шудэээ, ке шэмо тешриф овардииид», ё ин ки «хили оғиле оғилииид» (яъне оқили оқилед!). Ва ё афғонеро дидаед, ки баробари дидани Тоҷики тоҷикистонӣ лабу лунҷро ғундаву кунда карда, бо лаҳни мо сухан гӯяд? Дидаед? Номаъқул кардед! Надидаед ва ҳам намебинед. Вале мутаассуф, ҳатто, дар сатҳи академикҳои мо ин ғунчалаббикшоии иииирониву дарӣӣӣ мушоҳида мешавад. 

Ин ҳам дар ҳолест, ки лаҳни Тоҷикии мо беҳтарин, нобтарин гӯиши форсист! Ин форсии тозаи Тоҷикӣ на дар Афғонистон ҳасту на дар Ээээрон! …Stop! Пеш аз оне ки ба ман тамғаи ииироншитобӣ часпонииид, андеша кунед. Андеша кунед, ки чаро забону лаҳни худро мо дар баробари дидани 1 ҳамзабон фаромӯш мекунем? Андеша кардед? Акнун посухро бишнавед: 

Зеро психология, хӯйи ғуломӣ доред! Чаро доред? Зеро ман ҳич гоҳ аз гӯиши Тоҷикии худ шарм надоштаам ва бо дилхоҳ мухотаб бо шеваи ноби Тоҷикии тоҷикистонӣ гуфтугӯ кардаам, мекунам ва хоҳам кард! Ҳам дар Тоҷикистон, ҳам дар Теҳрону Кобул ва Зобулу Бобул ва ҳам дар Амрикову Аврупо. Зеро ман аз Тоҷик буданам фахр дорам! Ва ҳам хеле мутаассифам, ки аз бародарони бисёр гиромӣ ва забондони худ танҳо аз Мирзо Шукурзода, Додоҷони Атовулло, Шарифхони Тағаймурод, Абдулқодири Раҳим ва Сафват Бурҳонов ҳамин рафторро мушоҳида кардааму бас! Дигар, билкулл Тоҷикакон (аз ошноҳои ман!) баробари дидани ииирунӣ 120 км аз лаҳни шевои Тоҷикӣ фосила мегиранд. Гӯё шевае, ки бо он дар хонадону кӯчаву бозор ва корхонаву ҷаласаҳои ҳукумати кишвари худ ҳарф мезананд, палид, хабис, мариз ва полуда бошад! Ва бо ин ҳама фикр доред, ки ииируниву афғонӣ шумо, яъне моро ҳурмат мекунад??? Неъ ва боз ҳам неъи қоқ! 

 Маро бисёр хушам омада буд, ки боре дар конфронси матбуотии сарони кишварҳои ҳамзабон ба суоли 1 «рӯзноменигоре ирунӣ» президенти кишварамон посух дод, ки «Бародар, забони ман аз забони эрониҳои шумо дида, хеле форситар аст!». Ин ғурури миллӣ буд! Он эронӣ бовар дошт, ки президенти ин кишвар ҳам монандаи кулли академику профессорҳояш пӯзиш хоставу бо лабу лунҷи овезон посух мегӯяд ва бар шеваи эронӣ мадҳ мефиристад. Зеро дар ҳама сатҳ бо ӯ бо гӯиши каҷу килеби ирунӣ ҳарф мезаданд...

«Подхолимничествои забонӣ»-ро пеши ҳамзабонон бас кунед, ки обурӯи худро ҳамонгуна, ки дар Русияву Ӯзбакистону Қазоқистон рехтаем, мерезонем! Аз бародарони афғон шеваи фахрро биомӯзед, ки 3 аср аст, дар ҳолати ҷанг қарор доранд, вале барои 1 сафари хидматии ройгон ба кишварҳои ҳамсоя обрӯи забони миллати худро намерезанд: 

Хуни худро гар бирезӣ бар замин, 

Беҳ, ки оби рӯй резӣ бар канор! 

Бовар кун, хонанда, банда чизе бар зидди шеваи хубу гӯиши шунавидании эронӣ ва ё дарии афғонӣ надорам, ки асоси форсии бузургро таъсис медиҳанд, бо шеваи Тоҷикии мо тавъам, албатта! Аммо маро чун Тоҷик ҳайратам меояд, ки чаро мо ҳини сӯҳбат бо ҳамзабонон аз гӯиши худ ор мекунем?! Ман дар умри на чандон кӯтоҳу на он қадр тӯлониам, ки 4 қитъаи оламро пай задаам, на дидаам ва на шунида, ки миллате аз гӯиши худ шарм дошта бошад, ки мо Тоҷикон дорем! Ҳамзабононро иззат кунед, вале миллати худро дӯст доред! Интеллигенсияи мо пеши ҳамзабонон бо ҳамин дум ликкондан обрӯи миллатро ба оҳистагӣ рӯфтан дорад, ки набояд аз ин раванд чашм пӯшид. Миллате, ки аз гӯиши худ, шеваи модари худ, ки дар гоҳвора «суруди алла ёр»-аш мехонд, ор дорад, оё сазовори номи миллату соҳиби истиқлолият буданро дорад? Ин суол ба ҳама ҳамватанони ман аст. Ман усулан ҷонибдори ба алифбои арабиасос (на ниёгон) гузаштани Тоҷикистон ҳастам. Вале! Ғурури ватанпарваронаеро, ки профессор Иброҳим Усмонов дар ин росто дорад, наметавон нодида гирифт. Ӯст, ки худро бо фахр Тоҷик мегӯяд. Дигар кадом академику профессори мо мисли Усмонов ин фахрро дорад? Кай мо ҳадди аққалл чун профессор Усмонов миллатпараст мешавем? Агар ба ин суоли саҳлу сода посух дода тавонем, истиқлолияту миллати мо гоме ба сӯи абадият мебардорад ва Мо Метавонем! 

 

Ҷумъа, 06 Март 2020 13:40

 

Ҷумъа, 06 Март 2020 13:26

Ҷумъа, 06 Март 2020 13:18

Ҷумъа, 06 Март 2020 12:30

    Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 6.03.2020 Ватанзода Маҳмадалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Маҳмудзода Насрулло, ки то имрӯз дар вазифаи Прокурори вилояти Хатлон фаъолият дошт, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

   Тавре сомонаи www.prezident.tj хабар медиҳад, инчунин бо Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон раиси н.Мурғоби ВМКБ Чошбаев Мурзабай бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан аз вазифа озод ва муовини раиси ҳамин ноҳия Раҷабзода Ҳусния раиси н.Мурғоб таъин карда шуд. 

   Дар идома гуфта мешавад, ки Саидзода Шоҳин директори Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти ҶТ, Идизода Файзалӣ-сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ таъин гашта, бо Қарорҳои Ҳукумати ҶТ Абдураҳмонзода Абдураҳмон муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Бобозода Хисрав-муовини вазири мудофиа, Хоҷазода Тоҳир, ректори Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, Азиззода Ҳафиз-сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва Абдуллозода Умеда муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ таъин гардиданд.

 

 

Ҷумъа, 06 Март 2020 11:16

   Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сокинони мамлакат муроҷиат намуда, таъкид медорад, ки ба овозаҳои беасос ва ҳангомаҳои баъзе тоҷирони манфиатдор вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти асосӣ бовар накарда, ба эҳсосот дода нашаванд ва барои аз эҳтиёҷоти истеъмолии худ барзиёд харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрокворӣ худдорӣ намоянд. Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шакар, тухм ва сабзавот дар сатҳи зарурӣ ва баъзе намуди онҳо аз меъёрҳои тавсиявии истеъмолӣ зиёдтар таъмин мебошанд. 

   Дар баёнияе, ки вазорати мазкур рӯзи 5.03.2020 нашр намуд, гуфта мешавад, ки мувофиқи омори расмӣ, маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шакар, тухм ва сабзавот дар сатҳи зарурӣ ва баъзе намуди онҳо аз меъёрҳои тавсиявии истеъмолӣ зиёдтар таъмин мебошанд.

   Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли ғалла дар дохили мамлакат 1,4 млн. тонна, аз ҷумла гандум 836,2 ҳазор тонна ва воридоти он 1,1 млн. тоннаро ташкил дод. Истеҳсоли орд (бо назардошти коркарди гандуми воридотӣ) тибқи ҳисобҳо тахминан ба 1,5 млн тонна баробар гардид, ки нисбат ба соли 2018 132 ҳазор тонна зиёд аст.

Ҳаҷми истеҳсол ва воридоти равғани растанӣ соли 2019 то 120 ҳазор тонна ё нисбат ба соли 2018 28 ҳазор тонна зиёд шуд.

   Соли 2019 истеҳсол ва воридоти гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 168,3 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 11 ҳазор тонна зиёд ва тухм ба 766 млн. дона баробар гардид (аз ҷумла 726 млн дона истеҳсоли дохилӣ ва 40 млн дона воридот), ки нисбат ба соли 2018 281 млн. дона афзоиш ёфтааст.

   Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо инчунин зикр карданд, ки «овозаҳо оид ба манъи воридот асос надоранд. Зеро ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон соли 2019 нисбат ба соли 2018 106,3 фоиз, аз ҷумла моҳи январи соли 2020 нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 120 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи воридоти маҳсулоти хӯрокӣ дар ҳаҷми умумии воридот аз Чин ночиз, яъне ҳамагӣ 0,3 фоиз аст, чунки маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла гандум ва орд асосан аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид мегарданд».

 

 

саҳ 7 аз 10

Китобҳо

Flag Counter