ХАБАРИ ДОҒ

Таъминот кори мактаб нест

  • Чоршанбе, Июл 19 2023

Бо китобҳои дарсӣ ва сару либоси мактабӣ таъмин намудани хонандагон дар мактабҳо солҳои охир ба мушкилоти бузурге табдил ёфтааст, ки он ба пешрафти кори таълиму тарбия дар мактабҳо халали ҷиддӣ мерасонад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби нарасидани коғаз, ранг ва воситаҳои чопи китоб ва ғайра ҳамасола чоп кардани китобҳои дарсӣ мушкил мегардид. Аз ин рӯ, китобҳоро ба моликияти давлатӣ табдил дода, ба воситаи мактабҳо ба хонандагон мерасонанд. Баъди анҷоми соли хониш онҳоро ҷамъ карда, ба китобхонаи мактаб супорида, соли хониши оянда боз ба хонандагон тақсим карда медиҳанд. Хонандагоне, ки аз китобхонаи мактаб китоб гирифта, истифода мебаранд 1 қисми маблағи арзиши китобҳоро ба китобхонаи мактаб месупоранд ва ин тарзу усули кор то имрӯз давом дорад.

Дар натиҷа вақте, ки дар анҷоми соли хониш хонандагон китобҳои гирифтаашонро ба китобхона бармегардонанд, маълум мегардад, ки бисёр китобҳо кӯҳнаю корношоям гардида, варақҳояшон чиркину даридагианд, ба рӯи расмҳо хат кашидагӣ ва ғайра. Баъзан хонандагон бо сабаби гум шудани китоб онро ба китобхона бар намегардонанд. Аз ин рӯ, дар соли хониши оянда ҳангоми тақсимот китоб намерасад.

Дар муддати якчанд сол китобхона аз ҳисоби китобҳои барнагардонидашуда, маблағи пулӣ насупурдаи китобҳо қарздор мегардад. Бисёр вақт ҳангоми гузаронидани маҷлиси падару модарон масъалаи вазнинтарин нарасидани китоб ва қарздории хонандагон аз маблағи пули китобҳои гирифтагиашон мебошад. Ин ба кори таълиму тарбия дар мактабҳо халали ҷиддӣ мерасонад. Ба гуфти кормандони мактабҳо доимо дар маҷлису ҷамъомадҳои шуъбаи маориф ҳам масъалаи серташвиштарин масъалаи қарзи китобҳои дарсӣ мебошад. Аз тарафи дигар истифодаи китобҳои кӯҳнаю фарсуда завқи хонандагонро ба илмомӯзӣ коҳиш медиҳад.

Саъдулло Мамамуродов, 

н.Фархор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter