ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Сен 16 2020

- Салом ба аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР! Банда мухлиси ҳамешагии газета буда, ҳар 1 шумораи онро пурра хонда, ҳатто бо ҳамсояҳо сари ин ё он мақола баҳс ҳам мекунем. Маро чанд вақт боз 1 андеша машғул кардааст ва ин ҳам бошад Вазорати кишоварзии мамлакат ва функсияҳои он.

Имрӯз масъалаи обу беҳдошти замин ба Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, содироти меваю сабзавот ба Агентии содирот, заминҳои кишоварзӣ, чӣ лалмиву чӣ обӣ ва чӣ шӯрзадаву аз кормонда ба Кумитаи замин ва геодезӣ вобаста шудааст. Ба ғайр аз ин масъалаи танзими нарху навои бозор, ки Вазорати кишоварзӣ умуман аз ӯҳдааш намебарояд, ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва дигар сохторҳои шаҳрӣ вогузор шуда, корхонаҳои воҳиди давлатие, ки зертобеи вазорати мазкур буданд, қариб, ки худашон фаъолияти хешро пеш бурда, масъалаи молиро низ мустақилона ҳал мекунанд. Ҳатто ҳамон малахе, ки ҳамасола дар ҷонамон задааст, хадамоти алоҳида шуд. Инҷо саволе ба миён меояд, ки Вазорати кишоварзии ҶТ ҳоло дигар барои чӣ лозим аст? Агар танҳо барои омодасозӣ ва баррасии чанд қонун бошад пас барои ин Маркази миллии қонунгузории кишвар ҳаст-ку?

Оё замоне нарасидааст, ки ин вазоратро барҳам дода, маблағи ҳамасола барои фаъолияти он ва кормандонаш ҷудо мешударо ба дигар самтҳо, аз ҷумла ичтимоиёт равона созем? Мутахассисони вазорат ҳеҷ гоҳ бе кор нахоҳанд монд!

Таваккал Нуров, нафақахӯр ва собиқадори соҳаи кишоварзӣ

 

Панҷшанбе, Сен 10 2020

Тавре сомонаҳои бархе аз лоиҳаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳанд,  танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз касалиҳои сироятӣ дар олам 8 699 256 нафар фавтида, омори марги кӯдакони то 5 сола 5 093 588 нафарро ташкил медиҳад. Занони олам дар 8 моҳи соли равон 28 511 436 исқоти ҳамл намуда, 1 миллиону 126 ҳазору 507 нафар аз бемории ВИЧ/СПИД фавтидаанд.

Тоҷикистон - 8583

Аз 30 апрел то санаи 31 августи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8583 ҳолати сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуда, то 31.08.2020 дар мамлакат 7376  (85,9%) нафар аз ин беморӣ шифо ёфта, бар асари он 68 нафар фавтидаанд. Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ хабар медиҳад, танҳо дар 1 шабонарӯз-аз 30 ба 31 августи соли равон 33 ҳолати нави сироятӣ ба қайд гирифта шуда, 84 нафар таҳти назорати табибон қарор дошта, 35 нафар бемор баъд аз табобат ба хона ҷавоб дода шудаанд.

Қазоқистон- 131 596

Бояд гуфт, ки вазъияти авҷу хуруҷ ва паҳни бемории сироятии COVID-19 дар кишварҳои ҳамсояи мо, аз ҷумла Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ то ба имрӯз нигаронкунанда боқӣ монда, то 1.09.2020 дар Ҷумҳурии Қазоқистон 131 596 нафар , дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон-41 994 нафар ва дар Ҷумҳурии Қирғизистон 43 958 нафар аз ин беморӣ сироят ёфта ба қайд гирифта шудаанд. Шумораи сироятёфтагон аз COVID-19 дар ҷаҳон то 1.09.2020- 25, 485, 238 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 16, 820, 067 нафар табобат ёфта, 850, 544 нафар фавтиданд.

Наздики 20 миллион ҷон бохт….

Аз маълумоти гурӯҳи байналмилалии волонтёрони Worldometer бошад то ба имрӯз дар 25,16 миллион сокини сайёра коронавирус ошкор шуда, то субҳи рӯзи якшанбе, 30 август, бар асари бемории COVID-19  846 772 тан ҷон бохта, зиёда аз 17,5 миллион мариз шифо ёфтааст. 

Аврупо марзҳоро мебандад

Шумораи сироятёфтагон дар Аврупои Ғарбӣ вақтҳои охир бо сабаби  бозгашти аврупоиҳо аз рухсатиҳо рӯ ба афзоиш дорад. Кишварҳо маҷбур шудаанд, ки чораҳои пешгирии уфунатро дубора пурзӯр карда, аз ҷумла, дар  Олмон  чорабиниҳои калон ҳадди аққал то охири соли равон манъ шудаанд. Венгрия аз 1 сентябр дар байни давлати ИА аввалин шуда, сарҳадҳои худро барои шаҳрвандони хориҷӣ дубора баста, ин иқдом тӯли 1 моҳ эътибор хоҳад дошт.

Украина – 116 978

Қаблан, марзҳоро ба рӯи хориҷиён-ҳамчунон ба муддати 1 моҳ Украина баста буд, ки дар он ҷо афзоиши ҳолатҳои сироятёбии тасдиқшуда то 29 август (2481 ҳолат), аз ҳама зиёдтар пас аз нуфузи уфунат ба кишвар гардид. Шумораи умумии сироятёфтагон ба 116 978 нафар расид, 2492 тан аз онҳо ҷон бохта, 56138 нафар сиҳат ёфтааст. 

Россия – 985 436

Дар Россия шумораи сироятёбиҳои нав аз нимаи моҳи август аз марзи  5000 зиёд нашудааст. Тибқи маълумоти ситоди фаврии ин кишвар, то 29 август 985 346 нафар гирифторони коронавирус ошкор шудаанд, 17 025 тан ҷон бохта ва 804.383 нафар шифо ёфтаанд.

ИМА пешсаф!

Барангезандаи бемории COVID-19 аз замони хуруҷ дар охири соли 2019 дар музофоти Хубэйи Чин ба беш аз 210 кишвар ва қаламрав нуфуз намудааст. Теъдоди бештари сироятёфтагон дар ИМА-6,13 миллион, Бразилия- 3,84 миллион ва Ҳиндустон -3,53 миллион сабт шудаанд.

ВИЧ/СПИД - 1.126.507 нафарро бо худ бурд

Авҷу хуруҷ ва паҳни бемории сироятии коронавирус дар охири соли 2019 ва баҳори соли 2020, ки пайомадҳои нохуш дошт, имрӯз ба бемории №1-и олам мубаддал гашта, гӯё, ки касалиҳои дигарро аз байн бурд. Айни замон мо маргу мири одамонро аз коронавирус ҳисоб карда, дар бораи фавтидагон аз дигар бемориҳо қариб, ки фаромӯш кардаем. Ҳоло он, ки ҳамарӯза дар олам миллионҳо нафар дар пайи бемориҳои дигар мемиранду қариб, ки касеро марги онҳо ташвиш намедиҳад.

Тавре сомонаҳои бархе аз лоиҳаҳои Созмони ҷаҳонии рандурустӣ хабар медиҳанд,  танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз касалиҳои сироятӣ дар олам 8 699 256 нафар фавтида, омори марги кӯдакони то 5 сола 5 093 588 нафарро ташкил медиҳад. Занони олам дар 8 моҳи соли равон 28 511 436 исқоти ҳамл намуда, 1 миллиону 126 ҳазору 507 нафар аз бемории ВИЧ/СПИД фавтидаанд.

Шумораи нафароне, ки пас аз бемории саратон аз олам чашм пӯшидаанд 5 миллиону 503 ҳазору 611 нафарро ташкил намуда, аз касалии сироятии вараҷа 657 ҳазору 305 нафар, аз кашидани сигор 3 миллиону 349 ҳазору 932 нафар, аз алкоголизм (майпарастӣ) – 1 миллиону 676 ҳазору 23 нафар, худкушӣ – 718 ҳазору 597 нафар ва аз истифодаи маводи мухаддир ҳамасола 450-600 ҳазор нафар мемиранд.

Ин омори танҳо чанд сомонаест, ки ба соҳаи тандурустӣ дар ҷаҳон бахшида шудааст. Дар шумораи оянда мо ҳатман омори маргумирро аз бемориҳои дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгирӣ хоҳем кард. 

Шералӣ Давлатов, СССР

 

 

 

 

Панҷшанбе, Сен 03 2020

   Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе дар арафаи   ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ барои ҳавасмандгардонӣ ва кумак расонидан ба  иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои ш.Душанбе, ки дар ободонии пойтахт саҳми арзанда мегузоранд,  4 913 300  сомонӣ маблағ ҷудо намуд.

   Тибқи дастури раиси ш.Душанбе тақсимот ва супоридани маблағҳои аз ҷониби МИҲД-ҳои пойтахт бояд то 8.09.2020 ба роҳ монда шавад.   

 

Чоршанбе, Сен 02 2020

Наташа-бонуи нозукадо бо як дидан Дилшодро, ки ҷавони хушқаддуқомату зебое буд, шефта гардидаву зуд робита барқарор карда, шарт монд, ки ба ивази шаҳрвандӣ зани тоҷикияшро раҳо кунад; Дилшод баъди 3-рӯз ҷавонзанашро, ки ду кӯдаки хурдсол дошт телефонӣ талоқ дод;

Модари Шариф бо исрор аз фарзандаш, ки дар Самара муҳоҷир буд таъкид кард, ки наварӯсаш беҳунару бадмуомила аст, аз ин рӯ ҳар чи зуддтар занг зада, талоқашро диҳад;

Дар саҳни донишгоҳ ҳамкурсон Салимаро, ки шавҳрааш аз бесатр ба дарс рафтанаш воқиф шудаву аз Омск телефонӣ талоқаш додаасту ҳой-ҳой гиря дошт, ором кардаву тасаллояш медоданд...

Муҳоҷират таркиби луғавии забони моро бо вожаву ибораи телефонталоқ ва талоқи телефонӣ қавӣ, вале бунёди оиларо заиф гардонидааст. Агар шахсан ман 4 арӯси телефонталоқро шиносам, пас мутмаъинан дар миқёси кишварамон сафашон кам нест. Кор ба дараҷае расидааст, ки ҷавонзаноне, ки шавҳарҳояшон дар муҳоҷиратанд, аз садои телефон банди дилашонро ларза мегирад, ки мабодо...

Мову Шумо хуб медонем, ки ин амали номатлуб дар хонадони Тоҷик собиқа надошту дар Шариати Ислом ин зуҳуроти зишт бегона аст. Нигаронии падарону модарон дар он аст, ки чаро Шӯрои уламои Тоҷикистон ба осонӣ ва бемуқовимат телефонталоқро шаръӣ намуданд. Талоқ низ мисли никоҳ масъулияти бузургеро тақозо дораду садсолаҳо аҳён-аҳён дар хонадони Тоҷик дар ҳузури волидайну шоҳидон, баъди баррасии масъала, сабабҳо ва дайни гуноҳ сурат мегирифт ва аз ин рӯ аксаран одобу шарму шариат пеши роҳи хонавайрониро мегирифт; ҳоло хеле осон, аз 5000 километр дур бе шарту шоҳид телефонро мегиранду талоқ медиҳанд. Бисёр мехостам назари Шумо хонандагони азиз ва фақеҳони саршиноси кишварамонро перомуни ин масъала бифаҳмам. Мо Метавонем!

Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР

журналист

 

 

 

 

 

Чоршанбе, Авг 26 2020

 Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, хосса занон тарафдори ба маҳбас кашида шудани ин 3 нафар, алалхусус Матлуба Кулиева, ки худ модар аст, буда, ҷазои ба инҳо додашударо ҷиддӣ ва сахт ҳисоб намекунанд. Бархе ҳатто пешниҳод намуданд, ки ҷавонзанро барои ин кирдораш аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум созанд!

«Арӯси замонавӣ», ҳабси «блогерон», таҳқири ноболиғ 

Яке аз чунин ҳолатҳо, яъне истифодаи кӯдаки ноболиғ дар навори таҳқиромез аз ҷониби 3 нафар ба ном блогеру пранкерҳо 11.08.2020 рух дода, навори он дар 1 қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ нашр гардид. Мавриди масхараву мазаммат қарор гирифтани 1 наврас, ки шояд ноқисулақл бошад, мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, ҳамзамон 1 қатор корбарон аз Раёсати ВКД дар ш.Душанбе дархост намуданд, то пеши роҳи чунин бетартибӣ гирифта шуда, нисбати ин «блогерон» чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. 

Ҳайати эҷодии газетаи мардумии СССР низ он наворро дид, ки дар он 1 нафар ба ном ҷавонзан, ки садқаи номи модарӣ шавад, бо ҳамроҳии 2 нафар ҷавон, ки садқаи номи мардӣ шаванд,  ба тани писарбачае либоси чакани (таҳқири либоси миллӣ-чакан!) духтарона пушонида, рӯяшро бо маҳсулоти ороишӣ (косметикӣ) рангубор намуда, ба сараш тоқиву тӯри арӯсӣ пӯшонида, пасон бар замми ин дар сараш тухм мешикананд. Дар давоми ин ҳама кирдорҳои зиддиқонунӣ «блогерҳо» наврасро ба масхара мегиранд, ки “ранги арӯси замонавӣ шуд”, “мо арӯс кофта гашта будем”, “гап нест дар ин арӯс” ва аз ин гуна суханҳои дур аз маданияти тоҷикона. Он нафари ба ном зан бошад, бо усулу методи хеш ин кӯдакро аз мард ба зан табдил медод…

 Ҳабси 5-7 рӯза ва 406 сомонӣ ҷарима…

Тавре ба мухбири мо дар маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш.Душанбе хабар доданд, дар натиҷаи пешбурди корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ омодакунандагони ин навор (ба гуфти худи ин одамсуратони ҳайвонтиннат-ПРАНК) муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд. 

Инҳо:

1. Хоҷаев Аҳлиддин Зайниддинович соли таваллудаш 26.01.1989, истиқоматкунандаи к.Борбад, бинои 82, дар байни блогерон ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо тахаллуси “Кучкар” маъруф аст;

2. Муҳаммадиев Акбар Одилович соли таваллудаш 23.06.1993, истиқоматкунандаи к.Маяковский, бинои 22;

3. Кулиева Матлуба Баҳодуровна соли таваллудаш 14.03.1994, истиқоматкунандаи к.Профсоюз, хонаи 12 мебошанд.

Зимни таҳқиқи ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, ки банаворгирии «пранк»-и ғайриахлоқӣ ва дур аз фарҳангу маданияти тоҷикона бо маслиҳати пешакӣ ва розигии худи ноболиғ Д.Ф, соли таваллудаш 2006 сабт карда шуда, охирон яке аз хешовандони наздики боздоштшуда Хоҷаев Аҳлиддин ба ҳисоб мерафтааст. Бояд донист, ки ин писарбачаи ноболиғ 100 маротиба ҳам розигӣ дода бошад, қабул нест, зеро вай ноболиғ буда, масъулияташ бар дӯши падару модараш аст.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур барои поймол намудани ҳуқуқҳои ноболиғ, ба таври оммавӣ паст задани шаъну шараф ва мавриди масхараву мазаммат қарор додани писарбачаи ноболиғ, ки муқаррароти Қонуни ҶТ«Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вайрон гардидааст, нисбати ҳамаи боздоштшудаҳо парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд Хоҷаев Аҳлиддин ва Муҳаммадиев Акбар ба мӯҳлатҳои 5 ва 7 шабонарӯзӣ ба ҳабс гирифта шудаанд. Илова бар ин, бо назардошти дар тарбияи шаҳрванд Кулиева Матлуба мавҷуд будани кӯдаки ноболиғ (тасаввур кунед ин зан боз фарзанд доштааст!!!), нисбаташ шартан ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 406 сомонӣ таъин карда шуд.

Ҷойи «Кучкар» ва дӯстонаш маҳбас аст!

Истифодабарандагони шабакаҳои ичтимоӣ, хосса занон тарафдори ба маҳбас кашида шудани ин 3 нафар, алалхусус Матлуба Кулиева, ки худ модар аст, буда, ҷазои ба инҳо додашударо ҷиддӣ ва сахт ҳисоб намекунанд. Бархе ҳатто пешниҳод намуданд, ки ҷавонзанро барои ин кирдораш аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум созанд! Воқеан ҳам, оё замоне нарасидааст, ки чунин блогер-панкер-тик-токҳои навбаромади тоҷик, ки бо пахши наворҳои бемаънӣ ва таҳқиромези худ шабакаҳои интернетиро пур кардаанд, ба ҷавобгарии сангинтар, то маҳбас кашида шаванд? Зеро тибқи Конвенсияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ин кор ҷиноят ба ҳисоб рафта, ҷинояткорон бояд ҳукми сангин бигиранду чанд соли хешро паси панҷара гузаронанд, то бидонанд, ки ҳар амали бад подоши муносиб дорад.

 

Шералӣ Давлатов, СССР

 

Чоршанбе, Авг 19 2020

Салом СССР! Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ба пайроҳаи баромадан аз бумбасти комуникатсионӣ қадамҳои устувор гузошта аст, роҳҳои автомобилгарди зиёдеро мумфарш намуда, барои мусофирон ва ронандагон шароити мусоиде фароҳам овард. Вале боиси таассуф аст, ки баъзан ба автомобилҳои мусофиркашон менишинаму шоҳиди муомилоти ногувор аз ҷониби ронандагон ё мусофирон мешавам. Нуқтаи муҳим ин аст, ки баъзе аз ронандагони «ТАКСӢ» худсарона нархи роҳкирои муқарраршударо боло бурда, ба низомномаи корӣ риоя намекунанд, ҳамзамон ба ҷойи 6- нафар дар нақлиёти мусофирбари ОРЕL ZAFIRA 8 мусофирро бо «роҳу воситае» ҷой намуда, вазифаи худро адо менамояд, ҳол он ки онҳо чун хизматчии давлатӣ ба халқ хизмат расонида музди кори хешро мегиранд. 

Умедҷони Амонӣ, ш.Душанбе, 

тел: 915775818 

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 127

Китобҳо

Flag Counter