ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 04 Март 2020 08:32

Рустам Муродов, муаллими собиқадор аз н.Ёвон (тел:938607979) ба идораи редаксия дар вилояти Хатлон занг зада, афзуд, ки ман соҳиби 12 фарзанд буда, 43 сол собиқаи корӣ дар муассисаи таълими №17 дорам ва тибқи шартнома 18 соат ба талабагон дарси тарбияи ҷисмонӣ медиҳам. 

Аз соли 2011 ариза манн барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ҳкукмати ноҳия хоб аст. Он нафароне, ки баробари ман ариза пешниҳод карданд, кайҳо соҳиби замин шудаанд, вале манн не. Чанд маротиба аз собиқ раиси ноҳия Амирбеки Темур хоҳиш намудам, ки бо қадри имкон мушкили маро осон намояд, ӯ бошад бо ҳар баҳона посух медод, ки замин нест. Ҳоло аз раиси нави ноҳия Ҷамшед Саидзода хоҳиш менамоям, ки ба ин проблемам расидагӣ намуда, аз куҷое, ки имкон бошад, бароям 1 порча замини наздиҳавлигӣ ҷӯдо намояд, зеро бо 12 кӯдак зиндагӣ дар 1 кулбаи вайрона хеле мушкил аст…

 

Чоршанбе, 04 Март 2020 08:30

Мирзоҳикмат Маҳкамов (тел: 987 99 64 05) хонандаи доимии газетаи СССР ва инчунин узви “Ихвон ул СССР” аз деҳа кӯҳистонӣ Ворухи ш. Исфара занг зада иброз намуд, ки мо то ҳол аз набудани мавҷи шабакаҳои ватанӣ дастрасӣ ба ТВ тоҷикӣ надоранд. 

Чанд нафар аз ҳамсоягоне, ки антенаҳои калони замонавӣ доранд метавонанд, ки шабакаҳои телевизионии ватанӣ ва хориҷиро тамошо намоянд, боқимонда танҳо якчанд шабакҳои  қирғизиро тамошо мекунанду халос. 

Умуман, вақтҳои охир хизматрасониҳои шабакаҳои телевизионии мо ва мавҷи онҳо хело коста шудааст. Ҳамин мавзӯъи доғдор дар ҳафтаномаи мазкур якчанд маротибаи матраҳ шуда буд, лекин бо умеде, ки рӯзе ин мушкили бартараф мегардад ва мо ҳамаи сокинон ба хусус пиронсолоне, ки дар хона нишаста танҳо рӯзномаю маҷалла мутолиа мекунанд бо дидани барномаҳои хуб ва мавҷи васеъи телевизор хурсанд мешавем. 

 

Чоршанбе, 04 Март 2020 08:27

Дуруд бар СССР-чиёни азиз! Дар шоҳроҳи шаҳри Бохтар ва ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ дар назди деҳаи Виён, яке аз хоҷагидорони ноҳияи  Кӯшониён, Абдурашид Достиев дар вақти кандани заҳбурҳои гирду  атрофи  хоҷагии деҳқониаш бо экскватор лулаҳои обгузари ноҳияҳои Вахш, Кушониён, Ҷ.Балхӣ ва Ҷиликӯлро шикастааст. Расо 1- моҳ мешавад, ки мардуми ин 4 - ноҳия аз оби ошомиданӣ маҳрум  шудаанд. Бузургтарин гуноҳ дар назди Парвардигор ин оби мардумро бастан аст ва  беҳтарин савоб дар назди Парвардигор ин ба мардум об додан аст. Ин  камбудии доғи рӯзро чаро кормандони обу корези вилоят ва ноҳияҳои  дигар медонанд ва дар фикри ободӣ нестанду то ҳолмардумро бо об таъмин  накардаанд? Ман аз раиси вилояти Хатлон Ҳаким Қурбонзода  хоҳиш  ва  илтимос  менамоям, ба масъулин  супориш  диҳанд, то ҳарчи зудтар ин лулаҳои обгузарро таъмир намоянд  ва  аҳолии 4 - ноҳияи вилоятро  бо  оби  тозаи  ошомиданӣ таъмин созанд , 

Асадуллои  Саъдулло, ш.Бохтар, тел: 931050901 

 

Чоршанбе, 04 Март 2020 08:18

- Ҳа Раҳмон ако боз ин қадар серташвиш?

- Ба деҳаи Кӯндошаҳри ҷамоати деҳоти Чилдухтарон, ки аз толеи пастамон хонаю дар ва бачаю качаҳоямон он ҷо ҳастанд, рафта истодам.

- Хайр, ин комбинзону парашют, дастпушаку айнак барои чӣ лозим? Магар он ҷо ягон мусобиқаи варзишӣ барпо мегардад? 

- Эй, ҷураҷон не, маълум мешавад, ки ту пасту баландиҳои уштурмонанди даҳшатовари хатарноку мушкилгузари то ба манзил соқу саломат рафта расиданро, ки ҳафтоду ҳафт вагон ҷон лозим мешавад. Ва маълум мешавад, ки ту пасту баландиҳои роҳи байни ноҳия  ва ҷамоати Чилдухтаронро надидаӣ. Агар медидӣ, худат медонистӣ, ки дар ин роҳ аз рӯи даҳҳо намуди  варзиш имтиҳон супоридан лозим меояд. – А-а-а, Чӣ хел ? Кани фаҳмон!

Ҳамин ки мошин аз деҳаи Заркамар (Қулулӯ) гузашта ба ин роҳи ноҳамвори ниҳоят хатарноки  ҷамоати Чилдухтарон ҳаракат мекунад, пасту баландиҳои ин роҳ мошинро ба ҳар тараф  алвонҷ дода рӯдаҳоятро ба сарат сала мекунанд. Ва баъзан мошин шуморо чунон ба боло ҳаво медиҳад, ки барои сиҳат ва саломат ба замин фуромадан, албатта парашют лозим аст.

Дастпӯшак барои он лозим аст, ки мабодо парашют кушода нашуда монад, дар вақти ба замин задан дастонат аз кӯлуху сангпораҳо лат нахӯранд. Комбинезон барои он гирифтам, ки либосҳоямро  аз хоку чанг ҳифз намоям. Худат нағз медонӣ, ки чашм узви хеле нозук ва заруртарини инсон аст, агар айнак набошад аз дида маҳрум шудан ҳам мумкин аст. Ана, чунон ки мебинӣ барои сафари ҷамоати деҳоти Чилдухтарон ин чизҳо лозим ва заруранд. Ҳа, воқеан гуфтагӣ барин саёҳон он роҳҳоро ҳанӯз намедонанд, огоҳ кунем, то ки қабл  аз ба роҳ баромаданаш ана ҳамин чизҳои ман гирифтаро ба худ ҳатман гиранд, - паси сарашро хорида ҷиддӣ таъкид дошт Раҳмон-ако.

Магар ин н.Муъминобод идораи роҳсозӣ надорад? Чаро роҳҳои ҷамоати Чилдухтаронро, ки маркази он манзараҳои дилфиреби зебои биҳиштосои нотакрор дорад ва барои сайёҳони хориҷиву дохилӣ мувофиқ аст, таъмир карда намешаванд. Аммо мутаассифона имрӯзҳо сайёҳӣ он тараф истад ба деҳаи Шаҳраки маркази ҷамоати Чилдухтарон сокинони маҳаллӣ ҷонашонро дар кафи даст гирифта рафту омад доранд ва чаро ин роҳҳоро дуруст карда, мардумро аз ранҷу азоб озод намекунанд?

- Эй ҷӯраҷон, ҷавоби ин саволатро аз каллаҷунбонҳои роҳсозони ноҳия пурс.

Р. Сафарзод, хабарнигори «Хорпуштак»

 

Чоршанбе, 04 Март 2020 08:15

Проблемаи миллӣ-10

Намуда пайкари ман махзани 1000 озор,

Намуда синаи ман миҷмари 1000 озар…

(Садри Зиё)

Ин корро бояд ҳатман ва ҳарчӣ тезтар иҷро кунем! Бовар кун, хонанда, ҳайкалкании мо, шояд дар таърихи маданияти пайкаратарошӣ, барои нахустин бор, на вандализм, ки амали савоб дониста мешавад. Зеро ин ҳайкалҳо зеби шаҳру деҳоту давлату кишваре нестанд: инҳо куллан зеби кандану барангехтан доранд. Албатта, ба истиснои 1 ҳайкал!

 Фарзи мисол, пайкараи Исмоили Сомонӣ дар маркази пойтахт бояд истад, вале даҳҳову садҳо ҳайкалу ҳайкалчаҳои Исмоил оҷилан вардошта шаванд. Мефаҳмонам.

Аз барои Худо, ақаллан баъди хондани ҳамин пешниҳод, ҳар хонанда ба кӯчаи марказии шаҳраш барояду тамошо кунад ин ҳайокилро. Ақаллан 1-тои он ба дигараш монандӣ дорад? Неъи қоқ. Симо, чеҳра, устура, маҷмаа, комплекс, талаботи архитектурӣ ва маданияти меъмориву ҳайкалтарошӣ дар ягон пайкараи Исмоили Сомонӣ риоят нашудааст. Ба назар мерасад, ки масъулин аз рӯи меъёри замони ахир мӯдгардидаи «салла пурсидед-каллая гиред!» амал кардаву тибқи масали «қурбоқа ҳам пояшро наъл зад» оҷилан дар шаҳру навоҳии зертобеашон ин ҳайкалҳоро гузоштаанд. Исмоили Сомонӣ, ки намои давлатдорӣ ва паспорти миллати Тоҷик аст, набояд бо чанд чеҳра, чанд симо, сад қадду қомату шукӯҳу шаҳомати гуногун ба ҷилва ояд. Исмоили Сомонӣ бояд чӣ дар кӯча, чӣ дар хиёбон, чӣ дар китоб, чӣ дар сурат, чӣ дар САҲНА як хел бошад! Намешавад? Ещё как мешавад!

Шумо образи Ленинро дар саҳнаи театри Тоҷику ӯзбеку қирғизу русу укроин дидаед, ки тафовут дошта бошанд? Ё дар кино, Ленину Сталину Гитлерро дигар хел дидаед? Пайкараи Ленин дар тамомии гӯшаву канори СССР-шашяки олам гузошта шуда буд. Садҳо ҳазор бештар! Вале яки он аз дигар тафовут надошт. А, дар мо, шояд ҳамагӣ 20-30 ҳайкали Исмоил ҳасту ҳамаашон ҳархела!

Пайкараи Юлий Сезар, Петри 1, Екатеринаи Бузург, Людовики 16, Бонапарат Наполеон… ва саду ҳазорон нафари дигаре, ки дар сартосари олам гузошта шудаанд, симои ягона доранд. Вале дар мо чунин нест. Ҳоло шояд нафаре эрод гирад, ки акс-фото ё расми Исмоил вуҷуд надошту чунин шудааст. Дуруст! Аксаш набуд. Вале чун симояшро офаридем, бояд чеҳраву қадду қомат ва ҳатто аспаш ягона бошад! Мисле, ки аспи Пётр аст, мисле, ки аспи Людовик аст, мисле, ки аспи Бонапарт аст. Ва ё фикр доред, аспи ин чеҳраҳои таърихӣ паспорту шиносноснома дошту сураташро гирифта буданд? Аз Қосим Роҳбарович, собиқ раиси вилояти Ленинобод пурсед, ки акси аспи ғосиби кишвари хеш-Бутсефали Александрро аз куҷо ёфтаву дар бузургтарин толори осорхонаи Хуҷанд ҷо кард? Воқеан дар бораи ин осорхона. Чунин музей, ки Қосимов сохтааст, низ бояд валангор шавад. Зеро ин осорхона силлие бар рӯи миллат аст; миллате, ки Александр сари қаҳрамонаш-Спитамонро бо дасти занаш буррида буд. Мантиқи ин «шоҳкории Қосим Раҳбар» мисли ин аст, ки дар Питер Д.Медведев осорхонаи пирӯзии Гитлер бар Жуковро созад! На бешу на кам. Вале ба ким мегӯӣ???

…Ин ҳафта бисёр 1 хабари хубе хондам, ки ҳайкали Бобоҷон Ғафуровро аз маркази Бохтари Хатлон мекананд. Шояд онҳое ин «пайкараи нодир»-ро надидаанд, дар тааҷҷубу ҳайрату ғазаб монда бошанд, вале ман хурсанд шудам. Зеро шахсан ҳини ифтитоҳи ин ҳайкал дар авохири солҳои  90-и асри пор ҳузур доштам ва ҳамон замон, вақте парда аз рӯи Б. Ғафуров бардоштанд, ба дил гуфтам, «Худоё, вожгунии ин пайкараро бо чашми сар бинам!». Зеро он, яъне ҳайкал, ягон шабоҳат бар аллома Ғафуров надошт. 

…Ман ҳамакнун дуо мекунам, «Худоё, ману хонандаамро ба он соати саъд расон, ки тамомии пайкараҳои Исмоили Сомонӣ чаппагардон шаванду ҷояшон ҳайкалҳои якнамуди ин чеҳраи таърихофари миллати ман қомат кашад!». 

 Мо метавонем!

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 10 аз 10

Китобҳо

Flag Counter