ХАБАРИ ДОҒ

Абуҳанифа ва иззати калонсолон

  • Чоршанбе, Июл 12 2023

 Дурустии кору рафтор, муомилаю кирдори писандида дар байни мардум ва ҷомеа, ғамхорӣ нисбати кудакону пиронсолон аз муҳимтарин воҷиботи ахлоқӣ дониста шудааст. Раҳму шафқат, меҳрубонӣ сифати неки инсонӣ аст, зеро ҳикмати мардум аст, ки “Касе ба калонсолони мо эҳтиром нагузорад ва ба хурдсолони мо раҳму шафқат накунад, аз мо нест”.

Ин ҳикмат дар баёни ахлоқии Абуҳанифа ва хусусан дар насиҳатномаи мазкур зикри худро ёфтааст. Ҳамчунон, ки дар баёни илми ахлоқ омадааст, насиҳатҳои Имоми Аъзам ҳам ҷомеа, оила ва ҳам фарди инсониро фаро гирифтааст. Бисёре аз ин таълимот имрӯз ҳам барои пешрафти ахлоқии ҷомеа хеле зарур аст.

Ҳалли масоили иҷтимоӣ дар партави ин таълимоти ахлоқӣ ба хусус ҷомеа афзуда, пешрафти онро таъмин месозад ва риояи онҳо аз баъзе мушкилоте, ки ҷомеа то имрӯз дорад, озод мегардонад.

Агар бихоҳем, ки мафоҳими таълимоти ахлоқии Абуҳанифаро бишносем, бояд сараввал ба китобҳои фиқҳии мазҳаби ҳанафӣ рӯ биёрем ва сониян ба осори таърихӣ ва фармудаҳои шогирдону ҳамкоронаш. Дар ин маврид шоиста аст, ки масъалаи ҳусну қубҳ ва саодат, масоили марбути оилаву оиладорӣ, ки ба ахлоқ пайваста буда, ахлоқро хубтар зоҳир мекунанд, аз назар гузаронида шавад.

 

Некӣ ва бадӣ

Маълум аст, ки дар ҷомеаи инсонӣ 1 гурӯҳи рафторҳо ба некӣ ва гурӯҳи дигар ба бадӣ тавсиф мешаванд. Абуҳанифа аз нигоҳи шариати исломӣ ҳусну қубҳро ба ҳамаи талабот алоқаманд карда, ҳусну қубҳои онҳоро аз ҳамин меъёрҳои ахлоқӣ муайян кардааст. Ҳусну қубҳро вобастаи хайру шарр дониста, тасифи хайрро ҷой дода, аз шарр (бадӣ) мардумро нигоҳ доштааст. Ӯ сар задани шарро мансуб ба феъли инсонӣ медонад ва таълим медиҳад, ки хубу бадро қаблан бояд шинохт ва баъд дар пайравӣ аз афъоли нек кӯшиш намуд, то ин ки инсон нафси худро бо рафторҳою андешаҳои нек зиннат диҳад ва аз корҳои бад бипарҳезад.

 

Мақоми зан ва никоҳу талоқу мерос

 Муносибатҳои софу покро дар хонавода тарғиб намуда, мақоми волои зан, қадру эҳтироми ӯро ва тарбияи неки фарзандонро нишон додааст. Ӯ таъкид менамояд, ки оила бояд дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар бунёд шавад. Аз нигоҳи шаръӣ вазифаи зану мард, волидайн ва фарзандонро асоснок намуда, муносибатҳои оилавиро ба танзим даровардааст.

Никоҳу талоқ, ирсу мерос ва ҳуқуқҳои ҳар узви оиларо муайян кардааст, ки дар асоси ин талаботҳо зиндагии оилавӣ дар тӯли асрҳо бунёд шудааст. Яке аз муҳимтарин чизе, ки дар таълимоти Абӯҳанифа ба назар мерасад, ин пайванди ҳуқуқҳои оилавӣ бо ахлоқ аст. Дар муносибатҳои оилавии мардуми имрӯзаи мо ҳамин аслҳо ҷой доранд ва дар кодекси оилаи ҶТ низ ифодаи худро ёфтаанд. Кодекси оила, ин танҳо иборат аз меъёрҳои ҳуқуқие нест, ки зери таъсири ҷаҳони имрӯза ба вуҷуд омада бошанд, балки суннати ахлоқии мардуми моро низ ба эътибор гирифтааст. 

Агар татбиқи пурраи ин Кодекс дар ҷомеа таъмин карда шавад, бисёре аз бесарусомониҳои оилавӣ пешгирӣ карда мешавад ва муносибатҳои оилавӣ дар сатҳи баландтар ҷой мегиранд.

Абуҳанифа ахлоқро ё бенизомии ахлоқиро болотар аз ахлоқи таҷвизӣ (дастурӣ ё усули ахлоқӣ) донистааст. Рафтори дуруст ва нодурӯст, хуб ё бад, ки ахлоқро оро медиҳад, бо далелу бурҳон ахлоқро асоснок мекунад ва ахлоқи тавсифӣ, ки фикри мардиро бораи хуб ё бад будани ин ё он амал ба инобат мегирад ва рафтору кирдорро баҳо медиҳад, ахлоқи назарӣ, ки бештар ба ҳукму шарҳи мафҳуму меъёрҳои ахлоқӣ машғул аст, медонад.

 

Мақоми урф дар ахлоқи ҳанафӣ

Дар осори фиқҳии худ ба ин нуктаҳо баҳо дода, мӯҳсиноти ахлоқиро муайян карда, фикри мардумро нисбати рафторҳои неку бад сарфи назар намекунад. Аз ин ҷиҳат ӯ урфро макони аҳкоми шаръӣ қарор дода, ба бисёр рафторҳои инсон аз нигоҳи урф (анъана ва таомули мардум) баҳо медиҳад. Воқеан мардум худ дар бораи кори неку бад хуб қазоват мекунад. Бидуни истидлоли ақлӣ (ақлонӣ) меъёрҳои неку бади ахлоқие қабул шудаанд, ки онҳо бе ҳеҷ далел аз тарафи мардум писандидаанд ва ба шарҳу баён эҳтиёҷ надоранд. Зеро сарчашмаи онҳо фитрати инсонӣ мебошад.

Мақсад аз ахлоқ он риштаи усул ва низомест, ки амалан ба он таҳсини ҳамаи ҷомеаҳоро барангезад. Масалан, усули амонатдорӣ асли ахлоқие аст, ки ҳамаи аҳли ҷаҳон ба он иттифоқи назар доранд. Пас хулқ ва рафтори хуб дар ҳама замону макон хуб аст ва тамоми инсоният бад-он доварӣ мекунад ва ҳеҷ навъи тамаддун тағйире ба он намерасонад, яъне ин ахлоқ аст, ки инсонро аз ҷомеъи мавҷудоти дигар фарқ мекунонад, ҳарчанд афзалиятҳои дигар ҳам барои инсон вуҷуд доранд, мисли тафаккур ва забон. Вале дар ҳар сурат ахлоқ шоистатарин фарқияти инсон, афзалияти ӯст. Барои ҷомеаи мутамаддин, ки мо дар бунёди он ҳастем, бояд ахлоқе бошад, ки ба пешравии ҷомеа, рушди ахлоқию тамаддуни он кумак намояд.

 

Давом дорад

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter