ХАБАРИ ДОҒ

Абуҳанифа ва насиҳатномаи ӯ

  • Чоршанбе, Июн 14 2023

 Абуҳанифа бо насиҳатномаҳои махсуси панду ахлоқӣ аз худ мероси муҳими ахлоқӣ боқӣ гузоштааст.

      Ин насиҳтномаҳо нишон медиҳанд, ки Абуҳанифа на танҳо аз макорими ахлоқии ислом пурра баҳраманд аст, балки аз пандномаҳои Аҷаму Юнон низ бохабар мебошад. Насиҳатномаҳо аз панду насиҳатҳое иборатанд, ки на танҳо бо зиндагии шахсӣ ё фардии одамон дахл доранд, балки дигар паҳлӯхои ҳаётии иҷтимоӣ, ҷамъиятиро ба таври куллӣ фаро мегиранд. Ба ислоҳи ҳастии ҷомеа равона шудаанд, пандҳои ҷолибу арзишмандро фаро гирифтаанд. Андешаҳои ахлоқии Абуҳанифа, ки дар ин насиҳатномаҳо баён шудаанд, касро зери таъсири амиқи худ қарор медиҳанд ва аз ҳар ҷиҳат омӯзанда ва арзишманданд, онҳо барои ҳамаи замону давраҳо дахл доранд ва метавонанд дастуруламали зиндагии фарду ҷомеа қарор гиранд.

 

     

Насиҳат ба наздикон

 Дар насиҳатнома ба Юсуф Яъқуб ибни Иброҳим, ки муддатҳои зиёде қозии хилофат буд, доир ба муносибат бо подшоҳ, бо мардум бо ҳамсар ва хонавода, баёни тақво, дигар меъёрҳои ахлоқӣ сухан меравад. 

Дар насиҳаташ ба Юсуф ибни Холиди Самтӣ бошад, бештар ба муносибат бо дӯстон, адаби муошират баҳс кардааст. Яке аз нуқтаҳои муҳим дар ин маврид муносибат ба пайравони динҳои дигар мебошад. Ба ин муносибат Абуҳанифа таъкид сохтааст, ки бо пайравони динҳои дигар рафтори муносиб ва ҳусни муоширатро ба роҳ монда ва дар паи ҳамзистӣ бо онҳо бошанд. 

Дар “Насиҳатнома” -аш ба фарзандаш Ҳаммод иҷрои талаботҳои зеринро таъкид намуааст:

1.Вақте дарк намудӣ, ки ба омӯхтан ва таълим ниёз дорӣ, ҳар чи тезтар онро биёмӯз ва таълим бигир;

2.Бо кассе, ки дар маслиҳат бо корҳои дин ва дунё муҳтоҷ набошӣ, бо онҳо нишасту хез накун;

3.Он ҳаққеро, ки дигарон ба зиммаи ту доранд, аз адлу инсоф адо намо, вале аз ҳаққи худ бар зиммаи дигарон чунин тааллуқ интизор мабош;

4.Бо ҳеҷ мусулмон ё зиммие (пайравони дигар дин) душмани ва кина наварз;

5.Қаноатпешаро амали худ қарор деҳ;

6.Он амалу чизеро, ки дорӣ бо тадбир харҷ кун то мӯҳтоҷи дигарон нашавӣ;

7.Дахолат ба корҳои пучу бемаъно нашр ва худро дар чашми дигарон беқадр насоз;

8.Дар салом нисбат ба дигарон пешдастӣ кун;

9.Аз дӯстонат ҳатто бештар аз душманонат эҳтиёт кун чун имкон дорад, ки дӯстат душманат гардад;

10. Асрори худро пинҳон дор, аз пулу мол, барномаҳои кориат касеро огоҳ нагардон;

11. Бо ҳамсоя хушрафторӣ кун;

12. Аз мазҳаби аҳли суннат пайравӣ намо, аз ҷоҳилону гумроҳон дӯрӣ гузин.

 

Ривоёти Абуҳанифа

 Дар айни замон метавон ривоятҳоеро аз рафтори Абуҳанифа ёдовар шуд, ки пандомез буда, иҷрои насиҳатҳояш дар амал мебошад. Масалан, насиҳати Имоми Аъзам дар бораи он ки ҳар кӣ барои бародараш чоҳе биканад, худаш дар он биафтад, дар амал дар мулоқот бо халифа Мансур амалӣ мешавад. 

- Рабеъ яке аз дарбориён бо овардани суханон аз Абдулло ибни Аббос, яке аз саҳобаҳои кибор, таъкид бар он дошт, ки агар кас савганд хӯрад ва баъди як-ду рӯз “иншааллоҳ” гӯяд гунаҳкор намешавад. Вале ин шахс, яъне Абуҳанифа, бар хилофи ибни Аббос фатво дода гуфтааст, қасамхӯранда якҷоя бо қасам “иншааллоҳ” нагуфтааст, гунаҳкор мешавад. 

Мансур пурсид: “Оё Рабеъ дуруст мегӯяд?»

Имоми Аъзам фармуд: 

“Эй амрулмӯъминин! Агар назари Рабеъ дуруст бошад, пас байъат гирифтани ту савганду итоат аз мардум фоидае надорад, касе назди ту байъат мекунад, вақте ба хонааш бармегардад “иншоаллоҳ” мегӯяд, савганд беасар мешавад ва дар сурати шикастани савганд гунаҳкор намешавад. 

Мансур аз шунидани ҷавоби Абуҳанифа ба Рабеъ гуфт “ту наметавонӣ ӯро муттаҳам кунӣ”. 

Пас аз поёни ёфтани маҷлис Рабеъ ба Абуҳанифа гуфт:

 “Имрӯз наздик буд қабзи рӯҳ шавам”.

 Имом фармуд: “Ту айнан ҳамин амрро барои ман дар назар доштӣ. Аммо ман фақат аз худам дифоъ кардам...

 Ҳамин гуна ривоятҳо дар бораи ҷавоби Абуҳанифа бо хориҷиҳо “нишонаи таъкиди Имом аст, ки «доно тавоност” 

    

Муносибот бо подшоҳ

 Дар насиҳаташ, ки ба Абу Юсуф кардааст, аз одоби муносибат ба подшоҳ мебошад. Дар ин ҷо чанд нуктаи муҳимро аз рукнҳои муносибат ба подшоҳ таъкид кардааст ва онҳо иборат аз:

-дурӯғ нагуфтан дар ҳузури подшоҳ, 

-худдорӣ аз рафту омади зиёд ба назди вай, 

-пургӯӣ накардан, 

-шинохтани қадру қиммати худ ва дигарон, 

-надониста қабул накардани вазифа, 

-дурӣ ҷустан аз атрофиёни подшоҳ, то вақте дар хизмати ӯ ҳастӣ... мебошад.

 Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки Абуҳанифа ба идоракунии кишвар, камолоти ходимони давлат, рафтори шоистаи онҳо эътибори ҷиддӣ медодаст, зеро ҳеҷ гоҳ намехоҳад диққати роҳбар ба дигар ҷониб ҷалб шавад, вақти подшоҳ беҳуда сарф шавад ва ӯ аз масоили муҳими давлатдорӣ ғофил монад, бо дурӯғе гирифтори роҳи ғалат шавад. 

Давом дорад

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter