ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 08 Май 2020 12:50

 

 Алӣ Қурбонов, яке аз хонандагони газета аз ш.Кӯлоб, маҳаллаи Мирзо Турсунзода (тел: 917 81 65 12) занг зада қайд намуд, ки зиёда аз 15 сол мешавад, ки дар маҳалла симчӯб надорем.

- Аз соле, ки дар ин маҳалла зиндагӣ мекунам ягон маротиба пайи симбчӯбро надидам. Ҳар моҳ нозири минтақавии барқ омада, пӯли барқро ҷамъ мекунад. Пас чаро корашонро иҷро мекунанду насби якчанд симчӯбро дар ҳамин маҳалла фаромӯш месозанд. Мардум дар кӯчаҳо ҳар гуна шохаҳои дарахтро дар зери хатҳои барқ гузоштаанд, лекин ин ҳолат барои мардум, бахусус кӯдакон хеле хатарнок аст. Мо мардуми маҳалла аз масъулин хоҳиш мекунем, ки баҳри солимии мардум ва пешрафти кор ин мавзуъро пайгирӣ намуда, ҳарчӣ зудтар аз пайи кор шаванд, -афзуд мавсуф.

 

Ҷумъа, 08 Май 2020 12:47

 Яке аз хонандагони газетаи мардумии СССР Шодигули Бозор аз ш.Душанбе занг зада (тел: 98 777 09 35) гуфт, ки духтарони ба балоғат расидаро аз санҷиши тиббӣ бояд дар мактаб гузаронанд.

- Чанд маротиба нисбати муаллими педофили мактаби №1-и ш.Душанбе шунидам, лекин он қадар аҳамият надодам. Гуфтам шояд овозаи бардуруғе бошад. Муттассифона, дар яке аз шумораҳои газетаи СССР мақолаеро дар бораи ин муаллим хонда, пай бурдам, ки он ҳақиқат будааст. Дар ин ҳолат қариб сарам аз дард мекафид, зеро набераи ман дар ин муассиса таҳсил мекунад. 

Волидайни азиз, ҳар қадами духтарҳоятонҳоро назорат кунед ва аз аҳволи мактабу ҳамсинфу муаллимашон зуд-зуд бохабар бошед. Хело хуб мешуд, ки дар 1 сол 2 маротиба духтаракони ба балоғат расида ва ҷисман инкишоф ёфтаро аз ташхиси тиббӣ гузаронанд. Шояд чунин амалҳо метавонанд пешгирӣ аз якчанд ҳолатҳои нохуш гарданд,-гуфт ӯ.

 

Ҷумъа, 08 Май 2020 12:44

Салом СССР-и азиз! Облава!!! Ту дигар ба деҳаи Комсомоли (Ифтихор) ҷамоати деҳоти Навободи н.Ҷ.Балхии вилояти Хатлон наё, зеро шербачаҳои ин деҳа худашон ихтиёрӣ ариза дода, ба ҳимояи Ватан-Модарашон мераванд.

Облава моро наков мо навчавонем,

Ба пушти домане сармон намонем.

Бирав аз кучаи тарсу назар кун,

Ватан “зовёт!” агар мо худ равонем.

Саттори Равшан, н.Ҷ.Балхӣ, тел: 935544689

 

Ҷумъа, 08 Май 2020 12:36

Домуллои муҳтарам, Ҳоҷӣ Мирзо! Дини ислом мувофиқи фаҳмишу психологияи арабҳои саҳронишин ба вуҷуд омадааст. Фақат манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунад. Дар замони гузашта маҷбур мекарданд, ки арабҳоро парастиш кунем. Имрӯз мо халқи озодем, мамлакати мустақилем, Пешво дорем ва Ӯ аз минбар ба мо роҳнамоӣ мекунад, минбари дигар чӣ лозим? Фарз кардем ба шумо минбар доданд, чӣ мегӯед? Ба фикрам шумо дар водии Кӯлоб ба воя расидед. Ин халқ лашкари хунхори арабро шикаст дода, дар дили муғулони ваҳшӣ тарсу ваҳм ҷой карда буд. Ҳатто ба халқи руси озодибахш ҳам сари таъзим фуруд наовард. Дар ҳама давру замон ҳимоятгари забону миллату Ватани тоҷикон буду дар ҳамин ҷанги шаҳрвандӣ агар онҳо намебуданд, аз миллати мо ному нишоне намемонд. Куҷо шуд командаи овозадори футболи  «Равшан»? Бар истиснои 1-2 нафар канӣ паҳлавонон? Канӣ шоирон? Кани ҳофизон? Оё боз Ашӯр Сафари дигар мебаромада бошад?

Домуллои муҳтарам, дини исломро, имрӯз, мутаассуф, фақат ба мақсади ба биҳишт  рафтан парастиш мекунанд. Лекин арабҳо моро ба биҳишташон роҳ медода бошанд? Вақте Пешвои миллатамон ба Макка рафт, хост тоҷиконро ҷамъ намуда бо онҳо мулоқот кунад. Дар навбати худ онҳоро ба Тоҷикистон даъват намояд. Маълум гашт, ки дар муддати 200-300 сол хизматгории  арабҳоро ба ҷо оварда, ягон ҳуқуқи  дигар надоранд. Ҳатто шаҳрванди ин кишвар нестанд. Яъне паспорт надоранд. Паспорт, ки надоранд, бе ҳукм  зиндонианд. Араб, ки имрӯз ҳуқуқи дигар миллатҳоро аз патаки кафшашон беқадртар кардаанд, фардо мегузоранд, ки баробари онҳо дохили биҳишт шавӣ? 

Минбар талаб накунед. 1 бор «диндорон ҳам тарафдори бозсозӣ» шуданд, бас.

Ҳаким Ғуломов, н. Дӯстӣ

 

Ҷумъа, 08 Май 2020 12:22

Ман хеле марди ҷасурам! Ҳар нафаре бо ман дар сафар, хизмат, ғурбат ва ё тангдастӣ замоне будӣ, ин иддаоро 100% таъйид мекунад. Ман инро расман менависам, зеро нафаре нест, ки баракси ин гуфтаро тасдиқ кунад. Дар Армия 500 нафар аз ман меҳаросид (то «дед» шуданам!), зеро нанги Тоҷикӣ доштам. Дар марзи Ӯзбекистон, афсари ӯзбекро, ки гурезаҳои моро (!!!) таҳқир кард, маҷбур кардам сари зону зада, аз Тоҷикон бахшиш пурсад!! Дар Питери Русия ҳамкурсонам (Мухтору Абдухолиқу Равшану Амрихудо) тасдиқ мекунанд, ки буққаҳои авбошро барои ҳифзи номуси Тоҷикӣ сари зону шинонидаам. Дар Вахш боевикҳои фронти халқӣ барои пуштигирӣ аз Тоҷикони дигар манотиқ дар пешонаам таппонча гузоштаанду Сангаку Қурбон Зардак ҳукми маргамро хонда буданду оппозитсияи исломӣ ба ҷонам суиқасд кардааст. Вале ман сар нафаровардаам! Ба таъбири устод Салими Зарафшонфар ман «интеллигенти хулиган»-ам. Аммо паникае, ки ҳамакнун атрофи коронавирус фейку фейсҳои тарсу паркандан доранд, ҳатто маро тарсонид. Сахт. Бе шухӣ мегӯям, имрӯз ман метарсам дигар! 

Эй мардум! Вирус ҳаст ва кушанда аст, вале ким намемурад? Бас кунед, тарсондани одамонро. Ҷои тарсу таҳлука ба дили одамон тухмаи бовар коред. Ин матлабро чаро навиштам?

27.04.2020. Соат ба вақти СССР 16:33 дақиқа. Ҳамин ҳоло апаи Гулчеҳра-фурӯшандаи умдаи газетаи мо идора даромаду гуфт, «ёд дорам, солҳои 60-ум дар Сталинобод-пойтахти РСС Тоҷикистон вабо омад. Одамонро бо либосҳояшон барои дафъи бало гӯр мекарданд, месӯзонданд. Вале чунин воҳима набуд. Зеро интернет набуд, радиову телевизион набуд…». 

23.04.2020. Соат ба вақти Хуҷанд 09:35 дақиқа. Ҳангомае, ки атрофи номи адибони фарзонаи миллат-Фарзонаву Озарахш шуд, моро ба Хуҷанди бостонӣ кашид, то аз вазъи ин 2 ягонаи Офоқ дарак ёбем. Бо миёнчигии раиси ш. Хуҷанд, Маъруф Муҳаммадзода бо Фарзонабону ҳамсуҳбат шудем (шоира воқеан ҳам аз зангҳои бемаънии бархе «дилсӯзон» рақамашро дигар кардааст). Шоираи тавоно гуфтанд, «шукри Худо ман мариз нестам. Озарахш бистариянд. Бо илтиҳоби шуш-пневмания ва Худоро шукр, имрӯз хубтар шуданд ва рӯзҳои наздик аз шуъбаи эҳё ба ҳуҷраи умумӣ мегузаранд». А, шумо «дӯстони Фарзона» чи менавиштед дар борааш? Магар ӯро касал набаровардед? Худо кунад, ки Озарахш-бародари бузурги ман, нафаре, ки дар хобгоҳи Гипрозем табъи моро бо суруду тарона ва рубобнавозияш шод мекард, зудтар шифои оҷилу вофиру комил бинанд. Ва ин шоҳбайти шоир Мирзо Кенҷаи яғнобӣ, чун муноҷоти аҳли завқ, ин ҷо ҳаккокӣ шуд:

2 дасти ман ба домонат, Худои хайрбахши мо,

Ато фармо шифои комиле бар Озарахши мо!

 

27.04.2020. Соат ба вақти Душанбе 17:09 дақиқа. Воқеан ҳам хабарҳо зидду нақизанд. Садҳо, ҳазорон тан мубтало ба илтиҳоби шуш ва ё пневмания мегарданд. Чанд бемористон, бо шумули Беморхонаи Истиқлол ва 1-ум Советский ва 4 корпуси Қарияи Боло дар ҳолати карантин қарор доранду танҳо пневмания қабул мекунанд. Толорҳо, роҳҳо, фаршу бому девору нақлиёти ҷамъиятиро дезинфексия мекунанд. Ин хуб аст ё бад? Албатта, ки хуб! Зеро касал ҳаст ё нест, бояд аз он садд гузошт. Аз пайдоишаш набояд табли шодӣ навохт, мисле, ки Тоҷикистон давлатест, ки бояд маҳв гардад. Бо мардум бояд кор кард. Дили мардумро ба каф бубояд гирифт. Ба одамон бояд фаҳмонид, ки бештар бо ҳам муттафиқ шаванд, дасти ҳамдигарӣ гиранд, якдигарро ҳифз созанд.

27.04.2020. Соат ба вақти СССР 11:17 дақиқа. Шарикдарсам, полковники мустаъфӣ Бахтиёр Нурматов вориди дафтари корам шудаву матлаберо ба дастам қаппонда, ҳадаҳа бадар шуд. Ба саволи ман гуфт:

-Маризам, сулфа ва табб дорам. Метарсам сироят нашавӣ…-ва андаке ист фармудаву хандида гуфт:-Сайёф бо мо чӣ шудааст? 30 сол боз автомат гирифтаву бар зидди душман ҷангидаву сипас марзи Ватанро бо хун ҳифз кардааму имрӯз аз 1 вирус он қадар тарсонидаандам, ки ҳарос дорам…

Ӯро низ мо тарсондаем, соҳибмышкаҳо (оре, ҷои қаламро ҳоло мушак-мышкаи комп гирифитааст)…

Воқеан ҳам эй мардумони мард, эй Тоҷикон! Оё ҷадди мо набуд, ки Искандарро варшикаставу арабро торумору муғулро саргарангу русро ба зону шинонидаву саф-саф, миллион-миллион дар ҷабҳаи Самарқанду Хуҷанду Кӯлобу Ғарму Бадахшон мегузошт?...

Натарсед ва тан ба тақдири илоҳӣ диҳед. Синои Бузург, ки бо ӯ фахр дорем, мегуфт, «аз вабо натарсед ва ӯ аз шумо дур мегардад». Аз ҷасорат кор гиред ва Ҳатман мераҳем. Мо метавонем!!!

 

Сешанбе, 05 Май 2020 11:29

Ҷумъа, 01 Май 2020 14:39

   Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ изҳор намуданд, ки  50% маоши моҳонаи худро ҳамчун кумак ба фонди маблағгузории пандемияи COVID-19 хоҳанд гузаронид. Ин тасмим имрӯз зимни ҷаласаи видео-селектории назди Вазири корҳои дохилӣ гирифта шудааст.

   Тавре маркази матбуоти ин вазорат хабар медиҳад, Рамазон Раҳимзода бо ҳайати шахсӣ баҳри иҷроиши ин вазифаҳо 1 қатор корҳоро роҳандозӣ намуда, қайд кардааст, ки бояд ба мардум фаҳмонд, ки ба воҳима ва таҳлука дода нашаванд. 

   - Нақшаҳои давлату Ҳукумат барои мубориза бар зидди ин вабои аср омода аст. Чораҳои пешгирикунанда аз тарафи сохторҳои дахлдори ҳукумат гузаронида шуда истодааст. Ба хабарҳои гуногуни воҳимаангезу бардурӯғ бовар накарда, аз паси зиндагии муқаррарӣ гардида, гигиенаи шахсиро (маҳдудият аз дигарон, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, мунтазам шустани дасту рӯй)-ро риоя намоянд,- таъкид доштааст вазири корҳои дохилии ҶТ.

 

Ҷумъа, 01 Май 2020 11:45

Соати 8-и субҳи имрӯз ҳавопаймои хатсайри махсуси ширкати «Сомон эйр» озими ш.Франкфурт лаби Майни Олмон шуд. 

   Гуфта мешавад, ки ин ҳавопаймо ҳангоми бозгашт кӯмаки башардӯстонаи Барномаи рушди СММ барои ҶТ, аз ҷумла таҷҳизоти тиббӣ барои муолиҷаи бемориҳои сил ва роҳи нафас, ваксинаҳои кӯдакона ва хилъатҳои махсус барои табибонро хоҳад овард.

   Инчунин, қарор аст бо ин парвози махсус шаҳрвандони ҶТ, ки дар Олмон ҳастанд, ба Ватан баргардонида шаванд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар саҳифаи худ хабар додааст, ки шаҳрвандони хоҳишманд барои парвоз ба Ватан метавонанд то соати 11-и имрӯз ба фурудгоҳи ш.Франкфурт лаби Майн ҳозир шаванд.

 

саҳ 7 аз 8

Китобҳо

Flag Counter