ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 01 Май 2020 11:43

   Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ  аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавирус ( CОVID-19) барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар аз худ  шудани барномаҳои таълимӣ аз 4-уми майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда шуд. 

   Гуфта мешавад, ки имтиҳоноти тобистонаи ин донишҷуён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда мешавад. Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти интиҳоноти давлатии хатм то 15-уми майи соли 2020 пешбинӣ шудааст. 

   Ситоди ҷумҳуриявӣ  ҳамчунин бинобар ҳатмӣ будани истифодаи  ниқобҳои тиббӣ барои аҳолӣ қарори вижаро қабул кард.

 

Ҷумъа, 01 Май 2020 11:40

   Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ 29-уми апрели соли 2020 15 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавирусии CОVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 (даҳ) ҳодиса ва дар ш.Душанбе 5 (панҷ) ҳодиса аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар  ба қайд гирифта шудааст.

   Бо назардошти ин вазъ Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пӯрзур намудани тадбирҳои зидиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус ( CОVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи мавҷудияти бемории сироятиро расман эълон намуд.

   Таъкид кардан ба маврид аст, ки шӯруъ аз 1 феврал ба ҳолати субҳи рӯзи 30 апрели соли 2020 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаяйн ва ошкорсозии сирояти коронавирус 10937 нафар шаҳрвандони дохилию хориҷӣ ба карантин фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора то имрӯз 8438 нафар дар ҳолати муътадил ва солим ба хона ҷавоб дода шудаанд.

 

Ҷумъа, 01 Май 2020 11:36

Ҳамагӣ аз эълони расмии ба қайд гирифта шудани коронавирус 24 соат ҳам нагузаштаасту «Рустамҳои Фейсӣ» шерона бар ғурридан даромаданд:

-Ҳой обсофкунакҳои ҳукумат! Эҳеййй уҳуйййй...куҷоед акнун? Бароед бар ҷанги шохи манҳо...

Намедонам обсофкунак чист? Шояд филтр бошад? Чун дар асри 21 ба сар мебарем. Вале облойкунаки моҳигирро медонем. Ҳама акнун душмани синфӣ-онеро, ки бояд ҷояшро гирад, бо дасти ҳамшаҳрии урупоиш,ё амрикоиш ва ё Фейк-бойҳо ба ҷарӣ тела доданист:

-Истеъфо!!! 

Хайр, ина итеъфо. Баъд чӣ? Магар пагоҳ нафаре вазир мешаваду Тоҷикистон аз хатар во мераҳад?

Салими Айюбзод...Аслан бовар надоштам, ки ӯ ин ҳарфҳоро менависаду тамомии ҳамтоҳои худро таъна мезанад, ки ана мо медонистему мегуфтем-шумо хомӯш будед. Ва акнун Бги дега!...

Ба пиндори ман, Салим ва коргаронаш, ки теъдодашон кам нест, агар дар андешаи миллатанд, ақаллан маоши 4 моҳаашонро ҷамъ карда, антисептику маска барои журналистони точик харанд (коре, ки Фараж бо буҷҷаи холияш мекунад!) ва ё халатҳои махсус барои табибон, хубтар будӣ. Коре, ки Ҳошими Мӯҳманд ва Саъиди Сабоҳи паштунтаборони собиқ кормандони Бахши Тоҷикиии Радиои Озодӣ то кунун мекунанду ҳамасола барои кӯдакони паштуни Афғонистон китобу дафтару сару либосу дорувор мехаранд (яке аз ишон ҳатто мактаби хусусӣ дар 1 деҳаи дурдасти паштунтаборон кушодааст! ). Он гаҳ ман кулоҳ пеши ишон аз сар мегирифтам...

Тоҷикони дигаре, ки аз Аврупову Амрико ҳамакнун сари "обсофкунак ва патриот"-ҳо санг меандозанд, низ ба миллати хеш кумак кунанд, айб нест. Агар надонед, ба сайтҳои қаззоқиву қирғизиву узбакӣ дароед, ки ҳамватанони хешро чигуна аз Аврупо ва Амрико кумак мерасонанд.

Ва муҳимтар аз ҳама: паника ва воҳима ва сангандозӣ суи ҳукумату давлатро бас кунед. Иттифоқ бандед зидди ин вабои аср. Зеро ҳукумат имруз кор мекунад, талош дорад, кӯшиш дорад то ҷони пайвандони мову шуморо, ки агар фаромӯш карда бошедашон ҳам, то ҳол дар ҶТ зиндаанд, эман дорад. Ва агар Тоҷикед, кинаҳо аз синаҳо бадар кунед. Рӯзи намоиши бузургии худ нест, ки ман гуфтаму шумо бовар надоштед... Рӯзи иттиҳоду иттифоқи Тоҷик алайҳи Балои Осмонист. Мо Метавонем!

PS: Агар сароғоз ин моҷаро омор пахш мешуд, воҳима кишварро варшикаста мекард. Бинед, ки 1 гузориши Озодӣ нархи ордро дар 1 шаб аз 125-30  то 300-400 сомонӣ боло бурд. Менталитети ин мардум ҳамин аст. Вале оҳиста-оҳиста мардум одат кард. Минбаъд боз хубтарак мешавад. Биёед акнун ба «занакой тай балкон»-у «занакой лави ов» фаҳмонем, ки карантин дар мактаб ба маънии сакалтугардии бачаҳотон нест, ки дар кӯча аз субҳ то шом гашта, "ходячий вирус" шудан доранду ба хонадони шумо мараз мекашонанд. Бачаҳоро (ҳини карантин) бе назорат нагузоред!

Ва дигар корҳои фаҳмондадиҳӣ…

Мо Метавонем!

С. Мизроб

СССР

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 8 аз 8

Китобҳо

Flag Counter