ХАБАРИ ДОҒ

 

Арабҳо мақоли хубе доранд: «Кулли калта фитна, илло Алӣ!». Алиро чаро ном мебаранд? Зеро на ҳама калта фитна аст. Вале ҳастанд, калтаҳое, ки фитнаи холиянду бас. Мисол мехоҳед? Марҳамат. -Калтатарин калтаи сиёсати олам, доктори улуми калташиносӣ, академики Академияи Калта-фитнаҳои Авруосиё Шарофиддин Гадоев! Ин калтачаи гадои бешарофат, чунон фитна аст, ки баъзан-баъзан худаш дар фитнаҳояш дар мемонад.

Сафари кӯтоҳи калтаи №1 ба Душанбе

Хонанда нек дар хотир дорад, ки тобистони соли пор Ш. Гадоев ба таври мармуз дар Тоҷикистон пайдо шуда, зидди ҳамкорони хориҷии хеш гузоришот пахш кард. Ҳатто «очаи фанд…» мехӯрд, ки ихтиёран ба Душанбе омадааст. Аз фурудгоҳ то фурудгоҳ, яъне аз омадан то рафтанаш интервю медоду дар рӯи камнураш ҳатто пайи осебе набуд. Мегуфт, тавба кардам, хатоямро фаҳмидам, ихтиёран омадам… Чун дигар аъзои Гурӯҳи-24 то Гадоев низ омада буданд, мардум ба ӯ бовар кард. Вале баъдан маълум шуд, ки Калта Калтаевич худро ба фурӯш гузоштанӣ омадаасту иштиҳои қозгираш чу қонеъ нашуду ин ҷалаби сиёсӣ (политическая проститутка) харидор наёфт, ҳамонгуна ки шарикони хориҷияшро фиреб дода ин сӯ омада буд, инсӯгиҳоро низ макр сохта ба ун сӯ бозпас рафт...

Куртаи калта

Аз ҳама хандаовар дар ин моҷаро «далели шайъии лату кӯб шудани Гадоев буд». Калтаи Гадоев куртаи дар хун оғуштааашро, ки ба гуфтаи худаш, ҳини мурданивор куфтанаш аз сӯи мақомот дар баданаш будааст, ба мардум ба намоиш гузошт (воқеан, ҷалабҳое, ки шавҳар мекунанд, сипас матоъи хуношомро ба шавҳарони навашон намоиш медиҳанд, ки типа бокира будам!). Хара хандаву буза бозӣ! Яъне мақомоти мо то ҳадде беақл аст, ки Гадоевро лату кӯбу таки хун месозаду сипас шиму костюми наваш пӯшонида, дар ҷомадонаш «куртаи хунолудаш»-ро гузошта, ба дасташ билет медиҳад, ки «Рав, дар Аврупо, ба шавҳарони нават матоъи хунолударо нишон те!». Ин ҳарзаи Калта Калтаевич то ҳадде хандовар ва дур аз ҳақиқат буд, ки ягон созмони ҳифзи ҳуқуқи башар ба он таваҷҷӯҳ накард.

Вале дар ин гирудор Шарофиддин Гадоев сухане кард, ки мисаш баромаду фитнааш бар зидди худаш печид. Ӯ гуфт, ба Маскав барои дидор бо генералҳои ФСБ Русия омада будааст. Хост обрӯ ба даст орад. Вале собит намуд, «двойной агент» аст. Аз хоҷагони аврупоияш ҳам монду аз масковияш низ. Зеро калтаи болтун ба касе лозим набуду нест…

Фитнаи нав: намояндаи элита  касаланд!

Шарофиддин Гадоев, ки баъди ун сафсаттагӯиҳо комилан аз ёдҳо фаромӯш шуда буд, пайт меҷуст, то боз дар меҳвари хабарҳо қарор бигирад. Ва дар моҳи Шарифи Рамазон, ки ба ваъдаи Худованд, тамоми шайотин ва бачу качи иблис баста мешаванд, ин Шайтонча аз худ дарак дод. Кам не-ғам не, ба академики академияи калтаҳои олам, «манбаъи боэътимод аз ҳукумат» гуфт, дар ҳавопаймое, ки ба Олмон рафтаву нозирони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ-ТУТро овард, чанд тан аз элитаи Тоҷик, бо шумули Ҷамолиддин Нуралиев ва Шоҳрух Саидзода парвоз кардаанд (ба Аврупо ягон нафар, ки табб дорад роҳ дода намешавад, чӣ расад бар мубталоёни коронавирус. Рӯиҳамрафта, кӣ гуфт немисҳо доруи коронавирусро ёфтаанд?). Гадоев бошад, мутмаинона ва бидуни шарм менависад, ки «манбаъаи боэътимодаш» ба ӯ гуфтааст, ки ин 2 нафар аз наздикони оилаи №1 ба КОВИД-19 ё худ коронавирус мубтало шудаву барои табобат ба Олмон  рафтаанд. Аҷиб наменамояд, хонанда, ки барои чунин «манбаъи боэътимод» доштан, калтачаи мо бояд хеле шахси пурнуфузе дар олами сиёсат бошад? Дар асл ӯ 1 шаттоҳи шайтончаи калтачаяк беш нест. Вале ин шайтонии рамазонӣ низ охири кор нест. Бинед, ки ӯ боз чӣ мебофад?

Фитнаи бузург: Президент касал аст

Ҳамакнун, бо истифода аз ин ҳақиқати кулл, ки Иблис алайҳилаънаро Худо дар Рамазон бастааст, тибқи масали русии «Свято место пусто не бывает!», амал карда, Шарофиддин Гадоев ҷои иблисро баргузида, менависад, ки президенти ҶТ низ сироят ёфтааст. Тавба, тавба, тавба!!! Дурӯғ ҳам ҳадд доштагист. Ин Калтача намедонад, ки Эмомалӣ Раҳмон ҷасорате дорад, ки билотасвир. Ӯ нафарест, ки худро барои Сулҳи Тоҷикон бар коми аждаҳо афгандаву Хосдеҳи Афғонистон тани танҳо рафта, оппозитсияи мусаллаҳро бо ҷавонмардияш тасхир кард. Ва оё имрӯз акнун ӯ метарсад, агар Худое накарда, касал шавад? Ҳой Калтача, ҳоло таври маълум, кишвар дар ҳолати нимкарантин аст, зимнан сарвари давлат ба ин ё он гӯшаи диёр сафар намекунаду бо мардум во намехӯрад! Калтача бошад, инро ба он бастагӣ медиҳад, ки гӯиё Президент касал шудааст…

Полу-одамчае, ки сабқати дурӯғ дар моҳи Шариф аз шайтони малъун мерабояд, магар дигар дар назди Худову бандагонаш шарм медорад? Калта Калтаевич ҳатто маҷлиси рӯзи шанбегии Ҳукуматро бо иштироки Президенти кишвар сенарияи сохта мехонад. Ин баччая ба фикрам на ҳамааш дар хона (не все у него дома!). Маҷлисро-ку тамоми Тоҷикистон дид. Вале Калта Калтаевич бо такя ба ҳамон «манбаъи боэътимодаш аз ҳукумат», ки бидуни фантазияи маризаш касеву чизе нест, дурӯғ мебофад, ки маҷлис сенария буду дар он сарвари давлат иштирок надошт. Наъузамбиллоҳ, аз шарри калтаҳоят, Парвардигор. Шояд дар баробари иблис алайҳилаъна дар Рамазони Шариф бояд калтаи Шарофакро низ мебастӣ?!

Дар асли чӣ гап аст?

Коронавирус дар олам шадидан ҳукм меронад. Аз ситами ин вируси маргзой, ки бештар аз будаш моро метарсонанд, Амрикои таърифӣ канор намондааст. Теъдоди аз ҳама беши гирифторони КОВИД-19 ба ин абарқудрат рост меояду шумораи маргу мир низ. Дар Аврупо низ ягон кишвар эман нест. Сарвазири Англия мубтало ба ин вирус шуду садҳо тан аз элитаи сиёсӣ ҳам. Ва ин ҷои шарму айб намебошад. Дар Тоҷикистон низ касе мариз шуд, дигар он сирри давлатӣ нест, албатта. Вале дар ақсои олам касе намегӯяд, ки ҳукуматҳо ва президентҳои ину он давлат сабаби сар задани ин вабои аср шудаанд. Илло дар мо, ки чанд калтачаву салтачаи фитназой, ки пешгомашон академики Академияи калташиносии олам Гадоев Шарофиддин Калтаевич мебошад, бар тибқи масали «душман гап наёфт думи сагат каҷ мегӯяд», ҳатто хуруҷи ҳамин вирусро, ки аз ҳама охир дар давлати мо мушоҳида шуд, бар номаи аъмоли Ҳукумат ва Давлати Тоҷикон баста медонад…

Коронавирус дар ақсои олам ҳамаро муттаҳид кард. Ҳатто ҷангҳои мазҳабӣ, динӣ, терроризм аз миён рафт. Зеро олам пешорӯи хатари бузургтаре, ки онро Ғазаби Худо хондаанд, муттаҳид шуд. Вале чун шайтони заминӣ-Гадоев ва командааш Худобехабаранд, ҷои иттиҳоди миллӣ, бар зидди миллати худ, давлати худ шӯридаанд. Дигар худат хулоса кун, хонанда, ки бо кистӣ: бо Ҳукумате, ки аз нестӣ мову туро ба ҳастӣ овардаву сулҳу оромиву осоиш ҳадя карда, садҳо масҷиду мадраса кушодаву ҳазорон-ҳазор нафарро иҷозаи ҳаҷҷу  зиёрати Каъбатулло додаву 30 сол боз дар барат ҳаст ва ё бо калта-гумоштаи иблис алайҳилаънае, ки ҷуз фитнапошиву тафриқаандозӣ дар ҷомеа коре надорад.

Салим Муҳаббатшоев,

сиёсатшинос 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter