ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 17 Январ 2020 10:27

    Дар арафаи Иди  байналмилалии  Наврӯз дар ш.Душанбе Маҷмааи муосиру универсалии варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Ин Маҷма, ки мутобиқ ба талаботи стандартҳои бозиҳои олимпӣ  сохта шудааст, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ш.Душанбе дар майдони 10 гектар дар к.Карамови н. И. Сомонии пойтахт, дар рӯ ба рӯи  Боғи фарҳангу фароғатии ба номи «Умари Хайём» бунёд гардидааст. Баъди  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани  маҷмааи мазкур беш аз 600 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд. 

    Тавре ба мухбири СССР дар Раёсати сохтмони асосии ш.Душанбе хабар доданд, Маҷмааи бузурги универсалии варзишӣ аз 3 то 5 ошёна иборат буда, тибқи лоиҳа толорҳову майдонҳои гуногуни варзишии он барои аз 150 то 3000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудаанд. Иншоот аз  қасрҳои варзишии болопӯшидаву  нимпӯшида, майдону майдончаҳои гуногун барои теннис, ҳавзҳои хурду миёна ва бузург барои шиноварӣ, инчунин дигар намудҳои варзиши обӣ иборат буда, барои гузаронидани мусобиқаҳои байналмилалӣ бо навтарин стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст.

   Ин маҷмаа дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишӣ буда,  ҳар кадоме  аз 150 то 3000 ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад. Аз ҷумла, ҳар як  майдони омӯзиши теннис дорои  150 ҷойи нишаст мебошад. Қасри теннис дорои  3 ҳазор ҷойи нишаст буда,  таваққуфгоҳи зеризаминии он  имкони ғунҷоиши 250 мошинро дорад.

 

 

Ҷумъа, 17 Январ 2020 09:14

    

    Вобаста ба интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки рӯзи 1.03.2020 сурат мегирад, дар 30 давлати ҷаҳон 39 участкаи интихоботӣ фаъолият хоҳанд кард.

   Гуфта мешавад, ки инчунин гурӯҳи кории Комиссия оид ба қабул ва таъмини фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ дар давраи омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилон ба МНМО ҶТ, ташкили участкаҳои интихоботӣ дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, тасдиқи ду «Роҳнамо» барои комиссияҳои ҳавзавӣ ва волонтёрон низ ташкил ёфта, алакай дар мавриди иштироки нозирони байналмилалӣ ба 1 қатор ташкилотҳои бонуфузӣ ҷаҳонӣ даъватнома ҳам фиристода шудааст.

 

 

Ҷумъа, 17 Январ 2020 09:11

    Бенямин Илҳом, баъди ташхис ва машварат дар шӯъбаи гастроэнтрологияи маҷмааи тиббии “Истиқлол” бистарӣ гардида, таҳти муолиҷаи духтурон қарор дорад. Айни замон вазъи саломатии Бенямини Илҳом муътадил буда, волидони ӯ аз хизматрасонии табибон қаноатманд мебошанд.

   Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ хабар медиҳад, 16.01.2020 ҷиҳати  иҷрои супориши Президенти ҶТ ва бо супориши бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Насим Олимзода таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Саида Умарзода дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” машварати табибон-консилиум доир гардид, ки дар он академик, сармутахассиси соҳавии вазорат  Мироҷов Ғ.Қ., сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зоир Набиев, директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” профессор Абдуллозода Ҷ.А., сармутахассиси бемориҳои ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  профессор Ибодов Ҳ. ва як қатор мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.

    Бояд гуфт, ки навори видеоии суҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ин писарча, ки рӯзи 15.01.2020 зимни ифтитоҳи муассисаи таълимии №65-и н.Шоҳмансури пойтахт сурат гирифт, аллакай дар шабакаҳои интернетӣ ҳаводорони зиёде пайдо намудааст. Бенямин зимни суҳбат бо Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба гиря даромада, дар бораи бемории худ арз мекунад. 

 

Ҷумъа, 17 Январ 2020 09:07

   КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар соли 2019 ба 46 110 ҳавопаймо хизмат расонидааст, ки он новобаста аз кам шудани парвозҳои транзитӣ натиҷаи қаноатбахш ба ҳисоб меравад.

   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» хабар доданд, зимни суханронии хеш дар ҷаласаи ҷамъбастӣ бахшида ба натиҷаҳои фаъолият дар соли сипаригардида, Лоиқ Ашуров, директори генералии корхона таъкид намудааст, ки тӯли соли гузашта таваҷҷӯҳ ба муҷаҳҳаз кардани корхона бо технологияҳои пешрафта, дастгириву пешбарии мутахассисони ояндадор, ташкилу баргузории курсҳои таълимии давомдор ва такмили ихтисос низ бештар будааст. 

СССР

 

Панҷшанбе, 16 Январ 2020 16:48

 

 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи ҶТ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, и.в. раиси ш.Нораки вилояти Хатлонро раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъйин кард. Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ба ҷойи эшон раиси ш.Норак таъин гашт. 

Муҳаммадраҳим Юсуфӣ аз вазифаи раиси н.Фирдавсии ш.Душанбе озод шуда, ба ҷойи ӯ Усмонзода Фатҳиддин таъин гардид. 

 Гиёзода Азиз Қодир, раиси н.Шуғнони ВМКБ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардида, Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир, и.в. раиси н.Шуғнон таъин карда шуд.

Зафар Файзуллозода, раиси н.Қубодиёни вилояти Хатлон аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Садриддинзода Бадриддин Талбак таъин гардид.

    Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси н.Мастчоҳи вилояти Суғд озод ва Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат и.в.раиси н.Мастчоҳ таъин шуд. Тағйироти кадрӣ дар ҳукумат давом дорад.

 

Панҷшанбе, 16 Январ 2020 16:46

 

 Ҳоким Сафар, мухбири мардумии мо аз н. Файзобод меҳмони идора шуда, гуфт, масофа аз маркази деҳаи Мискинобод то деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти Мискинободи н.Файзобод  3.5 километр шоҳроҳро дар бар мегирад, ки то солҳои қаблӣ роҳи нақлиётгард васеъ буду воситаҳои нақлиёт бе душворӣ рафту омад мекарданд. Айни замон дар ин ҷо гушаи ғайриқонунии деҳқон, филиали телефонҳои мобилии ТСЭН, мағозаи гӯштфурушӣ бунёд кардаанд, ки дар натиҷа ба рафту омади воситаҳои нақлиёт монеа эҷод карда, боиси рӯй додани садамаҳои нақлиётӣ мегардад. Дуртар аз “Гӯшаи деҳқон” то бозори “Истиқлол” 200 метр роҳ ҷойгир аст, намешавад, ки “Гушаи деҳқон”-ро вориди бозор намоему хизматрасонии мардум хубтар шавад? Аксари фурушандагони “Гӯшаи деҳқон” дафтарчаи санитарӣ, патент ва иҷозатнома надоранд. Савдогарон дар вақти фурӯши меваю сабзавот аз тарозуҳо грамм зада, рӯйрост ба мардумфиребӣ машғуланд. Бояд савдогарон ҳангоми хизматрасонӣ бар тан либоси ягона, яъне хилъат дошта бошанд, вале мушоҳида кардам, ки на хилъати махсус доранду на ҳуҷҷат.

 

Панҷшанбе, 16 Январ 2020 16:40

Панҷшанбе, 16 Январ 2020 16:31

саҳ 8 аз 14

Китобҳо

Flag Counter