ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 29 Январ 2020 11:28

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 07.02.2009, № 622, мақолаи Б. Ғайбуллоева, ки дар рӯзномаи «СССР» 31.10.2019, № 44 (581) таҳти унвони «Ин ҷо нафс ҳоким аст: дар байн 100.000 доллар меистад», дар Суди Олӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Тавре муайян гардид, Ғайбуллоева Бибикалон Ҳафизовна ба ҷавобгарии бахши САҲШ н.Айнӣ ва Бобоева Мавҷуда Валиевна дар бораи муқаррар намудани ҳолати бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва беэътибор донистани ақди никоҳ ба суд муроҷиат намуда, даъвояшро бо он асоснок кардааст, ки шавҳараш Шоисматов Мулоҳасан санаи 18.02.2018 вафот кардааст. Ӯ бо марҳум  Шоисматов М. аз соли 1976 ақди никоҳ баста, онро соли 1980 дар Ҷамоати деҳоти Айнӣ, н. Айнӣ ба қайди давлатӣ гирифтаанд. Аз зиндагии якҷояашон соҳиби 1 фарзанд-Шоисматов Умедҷон Муллоҳасанович, санаи таваллудаш 23.07.1983 гашта, бо Шоисматов М. то вафоташ якҷоя зиндагӣ кардаанд. Бинобар гум шудани шаҳодатномаи ақди никоҳ таҳти силсилаи 1-ҒҶ 464149 ӯ ба бахши САҲШ н.Айнӣ барои барқарор кардан ва такроран гирифтани шаҳодатнома муроҷиат кардааст. Аммо бо сабаби дар Бахши мазкур сабти ақди никоҳи онҳо вуҷуд надоштан, ба аз такроран додани шаҳодатномаи ақди никоҳ рад кардаанд. Аз ин рӯ ба суд муроҷиат кардааст, чунки муқаррар намудани ҳолати бақайдгирии давлатии ақди никоҳ, ба ӯ барои қабули мероси Шоисматов М. зарур мебошад.

 Пас аз вафоти Шоисматов М. муайян намудааст, ки дар бахши САҲШ н.Айнӣ ақди никоҳи Шоисматов М. ва Бобоева М. ба қайди давлатӣ  гирифта шуда, шаҳодатномаи ақди никоҳ, таҳти силсилаи 1-ДС № 33199962 аз 31.12.1988 дода шудааст. Ақди никоҳи Шоисматов М. ва Бобоева М.-ро ғайриқонунӣ меҳисобад, зеро ақди никоҳи ӯ ва марҳум Шоисматов М. дар соли 1980 дар қайди давлатӣ буда, бекор нашудааст. Бинобар ин аз суд хоҳиш кардааст, ки ҳолати бақайдгирии давлатии ақди никоҳ байни марҳум Шоисматов М. ва ӯ муқаррар карда шуда, шаҳодатномаи ақди никоҳ байни марҳум Шоисматов М. ва Бобоева М.В. беэътибор дониста шавад. 

Бо ҳалномаи суди ш.Истаравшан аз 18 октябри соли 2018 аризаи даъвогии Ғайбуллоева Б.Ҳ. бинобар беасос буданаш рад карда шудааст. Бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии суди вилояти Суғд аз 8.01.2018 ҳалномаи мазкур бетағйир, шикояти кассатсионии намояндаи ваколатдори Ғайбуллоева Б.Ҳ.-Бегматов Н. беқаноат мононда шудааст. Бо таъиноти судяи суди вил.Суғд аз 3.04.2019 шикояти назорати намояндаи ваколатдори Ғайбуллоева Б.Ҳ.-Бегматов Н. ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ рад карда шудааст. Тибқи талаботи қисми 3 моддаи 1 Кодекси оилаи ҶТ танҳо он ақди никоҳе эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда шудааст. Ақди никоҳе, ки бо расму оини динӣ сурат гирифтааст, эътибори қонунӣ надорад.

Тавре, суди ш.Истаравшан муайян намуда, дар ҳалнома дарҷ кардааст, Ғайбуллоева Б.Ҳ. бо марҳум Шоисматов М. соли 1976 бо расму оини динӣ никоҳ баста, соҳиби 1 фарзанд-Шоисматов У. М. санаи таваллудаш 23.07.1983 гардида бошанд ҳам, аммо ақди никоҳашонро дар мақомоти давлатӣ ба расмият надаровардаанд. Ин ҳолатро суд бо маълумотномаи бахши САҲШ н.Айнӣ аз 27.04.2018, таҳти № 471 ва мактубҳои шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вил.Суғд аз 16.08.2018, таҳти № 814 ва аз 27.09.2018, таҳти № 946 ва дигар ҳолатҳои кор асоснок намудааст.

Ҳоло шикояти назоратии Ғайбуллоева Б.Ҳ. нисбат ба санадҳои судии дар боло номбаршуда дар Суди Олӣ мавриди омӯзиш қарор дорад ва аз натиҷаи омӯзиши шикоят дар якҷоягӣ бо парвандаи оилавӣ ба муаллиф ҷавоби муфассал фиристода мешавад.

А.Исҳоқӣ, 

муовини Раис

Чоршанбе, 29 Январ 2020 11:20

Чоршанбе, 29 Январ 2020 09:31

 

22.01.1905. Оғози инқилоби аввали рус. Дар ин рӯз (9 январ бо тақвими пешин) издиҳоми мардум дар назди Қасри зимистонии Петербург, аз ҷониби нерӯҳои ҳукуматии Русия тирборон гардид. Ин ҳодиса дар таърихнигории шӯравӣ бо "Якшанбеи хунин" маъруф гардида, таконбахши инқилоби соли 1905 мебошад. 

23.01.1924. Аъзоёни Бюрои сиёсии ВКП(б) қарор доданд, ҷисми Владимир Ленинро дар Мавзолеи махсус маҳфуз нигаҳ дошта, ба хок насупоранд.

23.01.1991. Дар СССР ислоҳоти пулӣ роҳандозӣ гардид. Бо қарори ҳукумат 50 ва 100 рубл аз муомила бароварда шуда, аз дасти мардум ҷамъ гардиданд. Ин ислоҳот боиси муфлисшавии аҳолии зиёди СССР гардид.

24.01.1918. Шӯрои Комиссарони Халқ (ШКХ) бо Декрети худ дар Русияи шӯравӣ тақвими аврупоиғарбиро ҷорӣ намуд ва афроде, ки шаби 31 январ ба хоб рафта буданд, 14 феврал бедор шуданд. Ба ин тариқ, соли 1918-ро метавон кӯтоҳтарин сол дар таърихи Русия унвон намуд.

24.01.1922. КМИ-и РСФСР қонуни лағви шиносномаҳо ва дигар асноди ба қайдгирии шаҳрвандонро ба тасвиб расонид. Тибқи қонуни нав, тамоми шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо карданд бе мамониат дар ҳудуди РСФСР рафтуомад кунанд. Ба қайдгирии шаҳрвандон бо ҳар ҳуҷҷати муаянкунандаи шахсият иҷозат дода мешуд.

24.01.1924. Дар СССР шаҳри Петроград ба Ленинград тағйири ном кард.

24.01.1927. Дар СССР Ташкилоти мусоидат бо мудофиа, сохтмони нерӯҳои ҳавоӣ ва кимиёӣ (ОСОАВИАХИМ) таъсис дода шуд.

24.01.1976. Рӯзномаи "Ситораи Сурх" (“Красная Звезда”) сарвазири Бритониё Маргарет Тэтчерро "зани оҳанин" унвон кард ва ин тахаллус барои ҳамеша ба Тэтчер мансуб гардид.

25.01.1955. Раёсати Шӯрои Олии СССР Қарор "Бобати қатъи ҳолати ҷангӣ миёни СССР ва Олмонро" ба тасвиб расонид. 

26.01.1953. Дар Брюссел конфронси таъсисии Шӯрои ҳамкориҳои гумрукӣ доир гардид. Конфронс Ташкилоти байналмиллалии гумрукро таъсис дод, ки имрӯз 150 кишварро дар бар мегирад. Аз соли 1983 ин рӯз дар ҷаҳон чун Рӯзи байналмиллалии кормандони гумрук ҷашн гирифта мешавад.

26.01.1980. Кишвари Канада дар қатори ИМА бозиҳои Олимпии Маскавро таҳрим намуд.

Чоршанбе, 29 Январ 2020 09:28

Ба истеъфо равон кардани кабинети вазирон бо сарварии шогирди содиқтарини ВВП-Дмитрий Медведев манёври навбатии Кремл аст ва ё талаботи давру замон???

Истеъфои девони вазирони ФР чун тундар дар рӯзи офтобӣ садо дод. Баъди Паёми навбатии ВВП Дмитрий Медведев иброз дошт, ки барои расидан бар аҳдофи стротегии сарвари кишвар, тасмим гирифт, аз кор равад ва ҷумла вузароро низ бо худ барад! Тасмими ғайриинтизор. Вале 1 чиз шубҳаовар намуд, ки ин истеъфои билотасвир дар таърихи давлатдории Русия, на танҳо Путин, ки аҳли кабинеташро низ ғофилгир накард. Дида мешуд, ки ҳатто рӯзноманигорони наздик ба Кремл низ ҳайратӣ набуданд, ҳарчанд вонамуд мекарданд, ки «чӣ гап шуда бошад-а???». Баракс, истеъфои Медведев ва кабинеташ Аврупо ва Амрикоро саргаранг кард. Дида мешуд, ки ин амалкарди Медведев танҳо барои онҳо ғайриинтизор буду бас. Олами Ғарб ва НАТО ба зарбу тақсиму ҷамъу тарҳи сиёсӣ ва дипломатӣ шуруъ карданд, ки «Чӣ? Кай? Дар куҷо? Чаро? Ва муҳимтараш, Барои Чӣ???»...ин истеъфо садо дод?!

Газетаи мардумии СССР таври маълум таърихчаи сиёсиву дипломатии 15 Республикаи собиқ бародариро пайваста мавриди пажӯҳиш қарор додаву медиҳад. Зимнан, истеъфои Медведев, манёври ВВП ва тағйироти навбатӣ дар Сарқонуни ФР барои мо, албатта, чизи нав буд, вале амали пешбининашуда! Путин мехоҳад, Шӯрои давлатӣ таъсис дода шавад, то усулан зимоми ҳукм дар дасти он бошад. Хотиррас мешавем, ки соли 2024 даврони ҳукуматдории худи ВВП ба ҳайси президент тамом мешавад ва тибқи Сарқонуни ФР ӯ дигар имкони раиси ҷумҳур интихоб шуданро надорад. Дуруст? Дуруст. Вале метавонад ба ҳайси Раис ё Дабири Шӯрои давлатӣ барои бемаҳдудият ҳукмрони кишвар боқӣ монад. 

Ҳамааш аз Ден Сяопин сар шуд ё Хумайнӣ???

Дэн Сяншэн, ки баъдан ном-унвони Сяопин (сарвар)-ро гирифт, тӯли умр ҳич гоҳ вазифаи давлатӣ надошт. Аммо роҳбари воқеии Хитой маҳз ӯ буд! Ин технократ, баъди сари Маои бузург, дар солҳои 70-и асри гузашта, сарварии Чини касодгардидаро бар дӯш гирифт. Нахуст ба ҳайси сарвари Шӯрои Давлатии Ҷумҳурии халқии Хитой  ва баъдан ҳамчун раиси Шӯрои низомӣ (монандии вазъ бо Русияро худ ҳис кун хонанда). ВВП низ Шӯрои давлатӣ ё Шӯрои амниятии Русияро таъсис доданист!!! Яъне ин пайраҳаест, ки кайҳо рафиқон коммунистони чиноӣ тай кардаанд. Воқеан ҳам инқилоби фарҳангӣ, инқилоби иқтисодӣ ва инқилоби ғасби хазанда (ползучая политика) аз шоҳкориҳои Ден аст, ки ҳалолаш бод. Зеро Хитойро дар тӯли ҳамагӣ 13 сол (07.11.1976 — 24.06.1989) ӯ бар абарқудрати олам мубаддал сохт!

Ҷои зикр аст, ки Сайид Руҳуллоҳ Оятуллоҳ Хомайнӣ низ ягон вазифаи расмии давлатӣ надошт. Ӯ пешвои инқилоби исломӣ ва баъдан Раҳбари Олии Эрон буд (03.12.1979-03.06.1989). Кишвар президент ва девони вазирон дошт. Аммо амалан маҳз ӯ Ҷумҳуриро идора мекард. Воқеияти дигари ин 2 раҳбари олирутбаи олами саввуми Шарқ ин ҳам ҳаст, ки ҳам Хомайнӣ, ҳам Сяопин ва ҳам (мутаваҷҷеҳ бош, хонанда!!!) Хо Ши Мин (инқилобчии Ветнам), Чжоу Энлай (инқилобчии Чин) ва Пол Пот (инқилобчии Камбоҷа) ҳамаашон дар Фаронса кор, таҳсил ва омодагӣ гирифтаанд! Ун тарафаш хулоса аз туст. Мо Метавонем!

Нурсултон Назарбоев ва проекти ӯ

Дарозумртарин президенти қораи пасошӯравӣ, Нурсултон Абишевич Назарбоев, ки аз 24.04.1990 (даврони шӯравӣ!) то 20.03.2019 президенти Қазоқистон-кишвари бо мо дӯсту бародар буд, соле муқаддам низ чун тундар дар ҳавои офтобӣ аз истеъфош садо дардоду ҷояшро ба Қосим-Жомарт Тоқаев супурд. Аммо худаш ба ҳайси Раҳбари Шӯрои амният, лидери ҳизби ҳокими «Нур Отан» ва узви Шӯрои конститусионӣ фаолият бурда, расман ҳокими мутлақи ҶҚ боқӣ монд. 

Вале агар умқтар сари ин мушкил андеша ронем, усулан ҳамааш аз Ленин сар шуда буд. Оё фаромӯш кардае(д)м, ки Ленин расман раҳбари давлати советӣ набуд? Ӯ доҳии пролетариат, сарвари Шӯрои амният ва сарвари Шӯрои комиссарони халқӣ буд, вале амалан то марг ва ҳатто 63 соли пас мавт низ роҳбари воқеии абарқудрате бо номи СССР буд…

Яъне чӣ? Яъне проекти нави ВВП идомаи ҳамон нақша-чорбаиниҳоест, ки дар кишварҳои пасосотсиалистиву пасокоммунистӣ роҳандозӣ шудаанд ва бар тибқи аксиомаи «бо ивазшавии ҷои зарбшаванда ҳосил тағйир намеёбад», дар сиёсати калидии Кремлин низ чизе иваз нахоҳад шуд!

  Ин назари сирф фардии каминаи камтарин ба моҷарои истеъфои кабинети вазирон ва тағийрот дар Конститусияи ФР буд, ки метавонад куллан ва ё қисман ғалат бошад. Мо Метавонем!

 

 

Чоршанбе, 29 Январ 2020 09:27

Мухлис ва хонандаи доимии газета Саидмуҳаммад Ниёзов аз н.Мастчоҳ (тел:92 990 07 71) занг зада, гуфт, ки моҳи ноябри соли 2016 духтурони ҶДММ-и “Шараён Варид”-и ш.Хуҷанд диламро ҷарроҳӣ карда, рагҳо хунгарди пойи худамро гирифта ба дилам гузоштанд. Аз сабабе, ки маблағи ҷарроҳиро надоштам, ин маблағ дар асоси муроҷиати ман аз тарафи соҳибкорон ва саховатмандони н.Мастчоҳ пардохт карда шуд.

Барои гузаронидани ҷарроҳии дилам он вақт 4500 долари ИМА сарф гардид. Пас аз ҷарроҳӣ худамро то оғози соли 2019 беҳтар эҳсос мекардам, аммо боз гардиши хунам суст ва фишори қандам баланд шудан гирифту худамро хело вазнин ҳис кардам. Мутаасифона, ин навбат низ барои ҷарроҳии ман боз маблағ лозим аст. Давлату ҳукумат аз буҷети кишвар барои маъюбон 1 қатор имтиёзҳоро фароҳам овардааст, маҳз аз ин лиҳоз аз раиси вилояти Суғд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои гузарони ҷарроҳии навбатии дилам аз фонди захиравӣ ё аз ҳисоби буҷети Раёсати тандурустӣ, ё ин ки соҳибкорон бароям кӯмак кунанд. Ҷарроҳии қалб дар Маскав 30 ҳазор сомониро талаб менамояд, дар ш.Хуҷанд бошад шояд он ба маротиб арзонтар бошад. 

 

Чоршанбе, 29 Январ 2020 09:21

   

 Ҳоҷӣ Саид Камолзода, хонандаи доимии газета занг зада, нахуст гуфт, ки мо бояд шиори «Пролетарҳои ҳама дунё як шавед»-ро боз сармашқи худ гардонем ва дӯстию бародарии бандагони Худоро барқарор кунем. Модоме, ки мо инсон бошем, бояд ба ҳамдигар муомила дошта бошем. Барои ҳамин пайғамбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) гуфт, ки «Ман наметарсам, аз яҳуду насоро, метарсам аз яҳуду насорои уммати худам, ки онҳо корҳоеро мекунанд, ки яҳуду насоро ҳаргиз намекунад». Боқӣ ҳар касе бад бошад ҳаволааш ба Худо!

 

Чоршанбе, 29 Январ 2020 09:18

Салому дуруди самимӣ ба кормандон ва ҳаводорони ҳафтаномаи мардумии СССР! Барои ҳалли муноқишаҳои марзӣ бо Қирғизистон шахсиятҳои мазҳабиро чаро истифода намебарем? Чаро муфтӣ Саидмукаррам Абдулқодирзодаро 1 бор барои гуфтугӯ бо муфтии қирғиз равон намекунем ё ӯро даъват намесозем? О, муъмин бародари муъмин-ку? Ё исломи Тоҷикиву қирғизӣ фарқ мекунад?  

Бежан Муҳаббатшоев, ш.Душанбе 

 

Чоршанбе, 29 Январ 2020 09:16

Ман ба 1 чиз ҳайрон: модоме, ки либос муаррифгари миллати мо бошад, чаро духтарону занону модарони мо ба ин масъала кам диққат медиҳанд, анъанаҳои миллии моро риоя намекунанд? 1 мисоли оддӣ: чаро духтарони мо дар рӯзи тӯяшон формаи русӣ мепӯшанд? Ҳоло он, ки дар мағозаҳои мо даҳҳо намуди либосҳои зебои тоҷикӣ, курта ва халатҳои ниҳоят зебои бо зарҳал духташуда мавҷуданд. 2 моҳ пештар мо набераи худро дар ш.Душанбе тӯй кардем, арӯс бо фатаи русӣ. Аҷибобати либоси тӯёнаи русҳо, фата дар он аст, ки баъди пӯшиданаш думи рӯбоҳмонанди онро 2-3 духтари дигар бардошта мебаранд. Ман фикр мекунам, ки садҳо бор либосҳои зарҳалдӯхташудаи занҳои мо аз фатаи русӣ беҳтару хубтаранд. Агар 1 либоси арӯсии бо зарҳал дӯхташударо дар хонадоне, ки 4-5 духтар бошад, харида гиранд, онро ҳамаи онҳо дар тӯйҳояшон истифода бурда метавонанд. Агар чунин кор ранг бигирад, ба хонадони ҳар 1 тоҷик даҳҳо ҳазор сомонӣ даромад меоварад. Аммо 100 афсӯс, ки мардуми мо аз бегонапарастӣ ҳеҷ не, ки даст кашанд.

 Бегонапарастӣ дар бисёр соҳаҳои ҳаёти мардуми мо реша давонда истодааст. Дар забони матбуоти мо калимаҳои зиёди бегона майли даромадан доранд. Дар хонаҳо мардуми мо имрӯзҳо фақат киноҳои туркиро тамошо доранд.

Ҳамаи мо фориғбол шудаем, касе ба ин масъалаҳо диққат намедиҳад. 

Шодибек Халилзода, н.Муминобод

 

саҳ 3 аз 14

Китобҳо

Flag Counter