ХАБАРИ ДОҒ

«Ҳосилот»-ро кӣ аз марг наҷот медиҳад?

  • Душанбе, Сен 25 2017


«Ҳосилот» с.1981 бо иқдоми ҷавонони ғайюру сарбаланди ҳамин ноҳия таъсис ёфта, беш аз 36 сол боз дар майдони футболи Тоҷик ҳунарнамоӣ мекунад. Пӯшида нест, ки даста дар ин муддат марҳилаҳои гуногунро аз сар гузаронидааст. Дар давоми фаъолияти худ с.1991 дар мусобиқоти Лигаи 2-юми СССР-минтақаи 7-уми Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон бо муваффақият бозӣ кардааст. Баъди оғози ҷанги шаҳрвандӣ бошгоҳи «Ҳосилот» ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, аҳён-аҳён дар баъзе мусобиқаҳо бо мушкилиҳои зиёд ширкат мекард. Боиси зикр аст, ки даста дар солҳои 1993-1997 гоҳ дар Лигаи якум ва гоҳе дар Лигаи Олӣ қувва меозмуд. Ахиран, даста с.2003 аз сари нав эҳё гашт, аммо на бо номи «Ҳосилот», балки таҳти унвони «СКА Хатлон» (Фархор) ва дар мусобиқоти Лигаи Олӣ ширкат варзида, ба гирифтани мақоми 3 мушарраф гашт. Солҳои 2010 бошад, бо дастгирии роҳбарияти вақти Ҳукумати н.Фархор ҳайати нави даста интихоб ва номи таърихии худро соҳиб шуда, худи ҳамон сол дар лигаи якуми футболи Тоҷикистон бозида, аз 26 бозии сабқати мусобиқа 17 ғалаба ба даст оварда, бо касби 55 имтиёз ҷои 2-ро гирифта, соҳиби медали нуқраи мусобиқа гашт. Соли 2011 бошад дар лигаи якум сабқатҳои худро идома дода, с.2012 ба Лигаи Олӣ роҳхат гирифт.

Марадона ва Муаллими Фархор
Замоне, ки мо хурд будем дар ин дастаи овозадор бозингарони беҳтарин, мисли бародарон Хуршед, Ҷамшед ва Искандар Гулоновҳо, Тағай Дӯстов, Ҷумъахон Муродов, Толибҷон Ҳайдаров, Валӣ Раҳимов, Ботурхон Абдуллоев, Хуршед Куканов, Абдурасул Рӯзиев, Исмат Файзов, Маҳмад Ҳакимов, Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев тӯб мезаданд. Айёми кӯдакиамро хуб дар ёд дорам ва ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад, ки ҳини бозиҳои ин даста варзишгоҳи марказии ноҳия пур аз тамошобин мешуд. Ҳар 1 бозингар мухлиси хешро дошт. Аммо бештар тамошобинон ба Хуршед Гулонов (бо лақаби Марадона) таваҷҷӯҳ зоҳир мекарданд.
 «Ҳосилот» зери роҳбарии сармураббии шинохта Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев солҳои 2015-17 бозигузории худро бо маҳорати хос ба роҳ монда, дар ҷадвали мусобиқа мақоми 2-ро соҳиб гашта, ягона рақиби асосии дастаи овозадори «Истиқлол-и» ш.Душанбе шуд. Ҳамчунин имкони иштирок дар бозиҳои Ҷоми «Осиё-2016»-ро пайдо карда, дастаи қаҳрамони Афғонистон «Шоҳин Осмои»-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, вале бозиро ба «Дордой»-и Қирғизистон бохт.
Дар Супер-ҷом-2016 бар «Истиқлол»-и ш.Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Супер-бӯҳрон дар супер-даста
 «Ҳосилот» аз январи с.2017 ба мушкилоти молиявӣ дучор гашта, аксари бозингарони калидӣ дастаро тарк намуданд. Баъди муроҷиатҳои зиёди мухлисон ва ситоди мураббиён ба роҳбарияти Ҳукумати н.Фархор ва соҳибкорон касе ба додашон нарасид. Ҳайронем, ки дар муҳити фазои сулҳу оромӣ ва дар ин соле, ки бо иқдоми Президенти кишвар «Соли ҷавонон» эълон шуд, касе дар фикри кӯмак ба ин даста нест. Албатта, мо медонем, ки футболро аксаран соҳибкорону сармоядорон, ташкилотҳои тиҷоратӣ дастгирӣ менамоянд. Лек масъулини н.Фархор бояд ба қадри имкон ба ин даста кӯмак мекарданд, то боиси дилгармии ҷавонон мегардид. Ин сабаб гашт, ки Ҳабибуллоев баъди шикасти дидани «Ҳосилот» аз «КМВА-Помир» бо ҳисоби 1:0 аз мақом истеъфо дода, боқимонда бозингарон баъди танаффуси якмоҳаи тобистона ба дигар дастаҳо гузаштанд. Имрӯз сармураббии «Ҳосилот»-ро Алиёр Ашурмамадов мутахассиси соҳибтаҷриба ба дӯш дорад, вале ҳамоно мушкилоти молиявӣ боқӣ мондааст. Дар «Ҳосилот» ба ҷуз ҷавонони маҳаллӣ ва 2 бозингари ганагӣ дигар касе майдондорӣ намекунад. Қобили қайд аст, ки аз минтақаи Кӯлоб ҳамагӣ 1 даста дар Лигаи Олӣ боқӣ мондааст ва Ҳосилот низ имсол аз Лигаи Олӣ берун шавад, вой бар ҳоли футболи минтақаи Кӯлоб…

Акбар Абдусамадов,
мухлиси деринаи «Ҳосилот», ш.Душанбе, тел: 907 65 56 85

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter