ХАБАРИ ДОҒ

Сар аз 30.08.2022 ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни Тоҷикистон-Россия-Тоҷикистон баъди 2 соли таваққуф, дубора барқарор мешавад. Қатораи №329/330 аз Душанбе ба Волгоград ҳафтае 1 маротиба - рӯзҳои сешанбе ва аз Волгоград ба Душанбе рӯзҳои ҷумъа ҳаракат хоҳад кард. Ҳаракати қатора аз Хуҷанд ба Волгоград рӯзи 7 сентябри соли равон тавассути қатораи №359/360 сурат мегирад. 

    Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар бораи ошкор ва қайд шудани 720 ҷинояти характери терорристиву экстремистӣ дошта дар кишвар хабар дод.

   5 мактабе, ки Ҳукумати Федератсияи Россия дар шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб, Бохтару Хуҷанд ва Хоруғ бунёд кардааст, аз 1 сентябри соли 2022 дарҳои худро барои муҳассилин боз мекунанд. Айни ҳол дар мамлакат 48 мактаби русӣ бо фарогирии 27 ҳазору 63 нафар хонанда фаъолият доранд.

 Агентии обуҳавошиносии мамлакат ҳушдор медиҳад, ки аз 19 то 23 июл дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, рӯзона дар водиҳо 39+44 дараҷа, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 45+48 дараҷа ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ то 35+40 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.

   17.07.2022 гурӯҳи аввалини зоирини тоҷик – 160 нафар сокини ш.Душанбе, бо харҷи беш аз 1 млн доллари амрикоӣ, баъди адои маросими ҳаҷ, ба ватан баргаштанд, ки муборакашон бод!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter