ХАБАРИ ДОҒ

Мудири шуъбаи кадри ҳукуматро қапиданд!

  • Душанбе, Окт 03 2016

Суди вил.Хатлон Ориф Ҳайбуллоеви 37-сола, мудири шӯъбаи кадрҳои ҳукумати н.Қубодиёнро ба мӯҳлати 7,5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Маҳкумияти ӯро рӯзи 22 сентябр суди вил.Хатлон дар суҳбат бо газетаи СССР тасдиқ карда гуфт, ки ин ҳукм аллакай қувваи қонунӣ гирифтааст. Суд Орифро бар асоси моддаи 319, қисми 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ, яъне гирифтани пора бо тамаъҷӯӣ ва такроран гирифтани пора айбдор кардааст. 1 манбаъ дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки ӯ дар асоси қарори раиси н.Қубодиён аз 17.06.2011 дар вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор ба кадрҳои Дастгоҳи раиси н.Қубодиён фаъолият карда, ҳамчун шахси мансабдор дорои ваколатҳои ташкилию амрдиҳӣ буда, салоҳияти ҷобаҷогузорӣ ва интихоби кадрҳоро ба ӯҳда дошт. Бо он ки масъулони суди вил.Хатлон аз 2 нафаре, ки ба Ориф барои гирифтани вазифа пул пешниҳод кардаанд, ном намебаранд, аммо манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки яке аз онҳо гӯё мехостааст мудири мактаб ё боғчаи кӯдакон шавад.

Ришва аз «Тахти Сангин»

Ориф бо суистифода аз мансаби худ маймоҳи соли 2015 ба довталаб Алохонов Ҳодихон бо ваъда барои ширкат дар озмуни ишғоли мансаби холӣ-Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷамоати деҳоти «Тахти Сангин»-и ноҳия мусоидат карда, ба ивази ин хизматаш аз ӯ маблағи пулӣ ба миқдори 1500 сомонӣ ба сифати пора талаб мекунад. Ҳодихон, ки қабл аз ин чандин маротиба дар озмунҳои ҷойҳои корӣ ҳуҷҷат супорида, аз озмун нагузашта буд, ба таклифи Ориф розӣ шудааст. Моҳи майи соли ҷорӣ раиси ноҳия-Саидумрон Абдураҳмонзода бо сафари корӣ ба ҷамоати деҳоти «Тахти Сангин» меравад. Дар ин сафар Ҳодихони навкурсӣ ба раис арз кардааст, ки барои вазифа гирифтан 1500 сомонӣ ба Ориф додааст. Раис аз кирдори зердасташ хабар ёфта фармон додааст, ки Ориф пораи гирифтаашро ба Ҳодихон баргардонад. Ахирӣ пули баргардонидашударо гирифта, ба фонди хайрияи Ҳукумати ноҳия супоридааст.

2 бор ҷастӣ малахак

Ин силлии мантиқии раис, ки нахост фасоди кормандаш пӯшиши расмӣ гирад, ба Орифи мо дарси ибрат нашуд. Қаҳрамони муосири мо-Ориф ҳамчун шахси мансабдор боз ғайриқонунӣ моҳи майи соли 2016 ба довталаб Зиёдалиева Шарофат Қаҳҳоровна, ки дар озмун барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ ҳуҷҷат супорида буд, гуфтааст, барои ба мансаби мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи н.Қубодиён таъйин шудан, бояд 1500 сомонӣ диҳад. Шарофат мегӯяд, 1500 сомонӣ надорад, лек 1000 сомонӣ ёфта медиҳад. Ориф розӣ шуда, ҳуҷҷатҳои ӯро барои ширкат дар озмун қабул мекунад. Дар ҳамин ҳол ӯ бо истифода аз ваколати хизматии худ ба фоидаи Шарофат дар протоколи ҷаласаи комиссияи озмуни ноҳия ғайриқонунӣ маълумотҳои бардурӯғ ва таҳрифшударо ворид мекунад. Барои ин амали худ дар утоқи кориаш аз Шарофат 1000 сомониро ҳамчун пора гирифта, аз они худ кардааст. 

Охир ба дастӣ малахак!!!

Худи ҳамон лаҳза Ориф аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти миллӣ дастгир карда шуд. Амриддин Сафарзода-раиси суди мурофиаи Ориф мегӯяд, дар делои ҷиноие, ки ҳукмашро содир кардааст, 2 лаҳзаи гирифтани пора қайд шудааст: марҳилаи аввал 1000 сомонист, ки дар ҳамон лаҳза боздошт шудааст. Тафтишот баъдан исбот кардааст, ки дар қадами баъдӣ ӯ ният дошт боз 1500 сомонӣ ришва гирад. Дар ҳамин ҳол аз Шӯъбаи умумии суди вил.Хатлон гуфтанд, ки ба онҳо аз номи наздикон ва вакили Ориф аризаи кассатсионӣ ё шикояти расмӣ аз болои ҳукми баровардаи суд расидааст. Дар яке аз ҷаласаҳои судӣ Абдураҳмонзода, раиси н.Қубодиён ҳам ба саволҳои додрас посух додааст. Ориф, ки 1 июли соли ҷорӣ дар утоқи кориаш боздошт шуд, наздики 10 сол дар ҳукумати н.Қубодиён дар вазифаи раиси шӯъбаи кадрҳо кор кардааст. 

Баҳодур Уроқов,

хабарнигори газетаи СССР, вил.Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter