ХАБАРИ ДОҒ

БОЗГАШТ БА КУРСӢ БАЪДИ 8 СОЛ

  • Панҷшанбе, Июл 14 2016

Пас аз 8 сол Ашраф Истамов, боз ба вазифаи сардори бахши ҳифзи муҳити зист дар Панҷакент таъин гардидааст. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Панҷакент ба СССР хабар дод. 

 

Ба иттилои сарчашма, Ашраф Истамов то ин муддат роҳбарии намояндагии муҳоҷират дар шаҳри Панҷакентро ба ӯҳда дошт. Таъин гардидани роҳбари нав дар бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар ҳолест, ки Оҷонсии зиддифасод, барои рӯйпӯш кардани маблағҳои барои ҳифзи экология ҷудошударо дар  КМ «Зарафшон» аз тарафи собиқ муовини директории генералӣ Бобо Бобохонов  санҷиш оғоз намуда, парвандаи ҷиноӣ кушода буд.  

Пас аз ин собиқ роҳбари бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент Убайдулло Иноятов ҳам аз вазифааш озод гардид. Аммо сабабашро ба синни нафақа расидани ҷаноби Иноятон арзёбӣ карда буданд. 

Хуршед Фозилов, хабарнигори СССР дар водии Зарафшон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter