ХАБАРИ ДОҒ

Рӯзи дави миллӣ Нигораро бекор кард

  • Сешанбе, Май 24 2016

Раиси бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент, Нигора Замоноваро аз вазифааш сабукдӯш кардаанд.

 

Бино ба иттилои як манбаъ аз ҳукумат шаҳри Панҷакент, сабаби аз вазифа озод намудани раиси бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент ин тайёрии хуб надидан ба Рӯзи дави миллӣ будааст. 

Бахши мазкур яке аз бахшҳое дар ҳукумати шаҳри Панҷакент мебошад, ки пайваста роҳбараш иваз гашта фаъолияти ин бахш ҳамеша зери интиқоди ниҳодҳои гуногун ва роҳбарияти шаҳру вилоят қарор мегирад. 

Аммо коршиносони маҳаллӣ бар онанд, ки миқдори кормандони ин бахш барои фаъолият хело кам буда, бояд он ҳаддалимкон 6 нафарро ташкил диҳад. Аммо дар ин бахш ҳамагӣ 3 воҳиди корӣ мавҷуд аст, ки 3 самти муҳим ва фарох: ҷавонон варзиш ва сайёҳиро идора мекунанд.

Хуршед Фозилов, СССР, водии Зарафшон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter