ХАБАРИ ДОҒ

Ахиран, дар мулоқоти худ бо аҳли ҷамоатчигиипойтахт президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар шаҳри Душанбе проблема ва мушкилоту масъалаҳои мубрам ва ҳалталаб хеле зиёданд. Ӯ зимни суханронии хеш диққати масъулини мамлакатро ба муҳимтарин мушкили имрӯзаи шаҳр ҷалб намуда онҳоро зикр кард.

 1.Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва роҳбарияти шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоии аҳолии пойтахт, ташкили фаъолияти босамари сохторҳои давлативу бахши хусусӣ, бунёди иншооти мухталиф, беҳтар намудани фаъолияти сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии пойтахтро барои давраи то соли 2025 таҳия ва пешниҳод намоянд. 

2. Дар сатҳи Конститутсияи кишвар ба шаҳри Душанбе мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, вазъи ҳуқуқии он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян гардидааст. Бояд гуфт, ки қонуни зикршуда ҳанӯз 21 сол қабл, яъне соли 1996 қабул гардида, то ба имрӯз мавриди такмили ҷиддӣ қарор дода нашудааст ва муқаррароти он ба талаботи шаҳрдории имрӯза ҷавобгӯ набуда, ба мукаммалгардонӣ ниёз дорад. Дар қонун бояд хусусиятҳои хоси идоракунии пойтахти мамлакат бо дарназардошти мувофиқати манфиатҳои сокинони пойтахт бо манфиатҳои умумидавлатӣ, асосҳои ҳуқуқии таъмини фаъолияти ташкилӣ, моддиву техникӣ, мо¬лиявӣ ва дигар масъалаҳои пойтахт ба инобат гирифта шаванд. Бинобар ин, бо дарназардошти шароити муосири рушди пойтахти кишвар ва зарурати танзими дахлдори вазъи ҳуқуқии он Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе дар муддати 3 моҳ лоиҳаи қонун «Дар бораи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия ва пешниҳод намоянд.

3. Бо мақсади беҳтар кардани идоракунии маҳаллӣ, вазъи манзилҳои истиқоматӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳои аҳолинишин ва ҳалли саривақтии мушкилоти аҳо¬лии кишвар, хусусан, сокинони пойтахти мамлакат қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил» ва «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» қабул гардидаанд. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муқаррароти онҳо то ҳол мавриди татбиқи дуруст қарор нагирифтаанд. Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин, дигар шаҳру ноҳияҳои кишварро зарур аст, ки доир ба татбиқи қонунҳои зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Бо дарназардошти мақоми махсуси пойтахти мамлакат вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо зарур аст, ки ҷиҳати сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ҳарчи зудтар чораҷӯӣ карда, рушди мунтазаму устувори тамоми соҳаҳо, аз ҷумла даромади буҷет, такмили низоми андозбандӣ, шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии хароҷот, инчунин, нигоҳдории вазъи мутавозини буҷетро таъмин намоянд. Ҳамчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳангоми гузаронидани озмунҳо талаботу муқарраротро риоя карда, махсусан, раванди иҷрои корҳои сохтмон ва риояи санъати баланди меъмориро таҳти назорат қарор диҳад, сифати сохтмон ва истифодаи дурусти маблағҳои буҷетиро ба таври ҷиддӣ беҳтар гардонад. Ҳамзамон бо ин, ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия супориш дода мешавад, ки санҷиши хароҷоти маблағҳои аз буҷети мамлакат ҷудошуда, инчунин, маблағҳои аз ҳисоби шаҳри Душанбе барои сохтмони иншоот ҷудошударо таъмин карда, аз натиҷаи он то 1 — уми июли соли 2017 ба Ҳукумати мамлакат маълумот пешниҳод намояд.

5. Дар ҷараёни идома бахшидан ба корҳои созандагиву ободкорӣ ва баргузории чорабиниҳои дарпешистода аъзои Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати тақвияти раванди рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар марҳалаи нав ва татбиқи нақшаву барномаҳои амалкунанда ҳамкориро бо сохторҳои пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе тақвият дода, барои боз ҳам замонавӣ гардонидани симои шаҳр ва маданияти шаҳрдорӣ чораҳои судманд андешанд.

6. Ҷиҳати ба танзим даровардани масъалаи идоракунии хонаҳои баландошёна тавассути кумитаи маҳаллаҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супориш дода мешавад, ки фаъолияти кумитаҳои маҳалларо дар ноҳияҳои пойтахт дар доираи санадҳои танзимкунанда ба роҳ монад.

7. Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”, бонкҳои тиҷоратӣ ва Хадамоти алоқаро зарур аст, ки дар сохторҳои худ дар қаламрави мамлакат ва пеш аз ҳама дар шаҳри Душанбе шумораи ҳарчи бештари духтарону бонувонро бо ҷойи кор таъмин намоянд.

8. Роҳбарияти шаҳри Душанберо зарур аст, ки бо мақсади беҳтар ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ҳамкории муфиди тарафайнро қавитар гардонида, барои ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ба хотири рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ чораҳои зарурӣ андешад.

9. Маркази татбиқи лоиҳаи “Обтаъминкунии шаҳри Душанбе” якҷо бо Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар самтҳои ҳалли пурраи бо оби тоза таъмин намудани аҳолии шаҳр, барқарорсозии иншооту дастгоҳҳои санитариву обтозакунӣ ва ислоҳоти низоми молиявию хоҷагидории корхона чораҳои судмандро амалӣ намояд ва ба фаъолияти корхонаи «Обу корези шаҳри Душанбе» диққати ҷиддӣ дода, дар он ҳарчи зудтар тартиботу низом ҷорӣ карда шавад.

10. Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмон зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдор бунёди иншооти навро дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бо дарназардошти риояи талаботи санъати меъмории шаҳрсозӣ ба роҳ монда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои зикргардида ва ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорони ватаниву хориҷӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.

11. Кумитаи меъморӣ ва сохтмонро зарур аст, ки дар ҳудуди шаҳр дар тамоми иншооти бунёдшаванда сифати корҳои сохтмонро ҳаматарафа омӯхта барояд.

Роҳбарияти шаҳри Душанбе якҷо бо институтҳои лоиҳакашӣ ва Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бо дарназардошти хусусиятҳои шаҳр, санъати баланди меъморӣ ва ташкили инфрасохтори иҷтимоӣ, ташкили шаҳракҳои алоҳида дар ҳудуди шаҳр ва дигар меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ нақшаи генералии шаҳрро таҳлил карда, доир ба иҷрои корҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

Ҳамчунин, масъулини шаҳрдорӣ якҷо бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҳангоми сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба монанди майдончаи бозии кӯдакон, боғчаи бачагона, мактаб, дармонгоҳ, таваққуфгоҳ ва шабакаи обу корезро ба нақша гиранд.

12. Ба ҳалли масъалаҳои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва самаранок истифода бурдани он, пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда, дар асоси ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ беҳтар намудани хизматрасонии нақлиётӣ ва коммуналиву манзилӣ таваҷҷуҳи махсус дода шавад.

13. Вобаста ба баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинии сокинони пойтахт, нигоҳдории муҳити зист ва таъмини зебоиву тозагии хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд. Инчунин, Вазорати нақлиёт, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати кабудизоркунии атрофи роҳҳои мошингард ва тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.

14. Роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки таъмиру тармим ва ҳолати хуби истифодабариву зебоии иншооту биноҳои иловагии маъмурии таҳти идоракунии худро, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷойгиранд, дар муҳлати 1 сол таъмин созанд ва барои кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани гирду атроф ва дигар корҳои ободонӣ дар пойтахт саҳми арзишманду ватандӯстона гузоранд.

15. Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор пайвастшавии пурраи иншооти маъмурӣ, таълимӣ, хобгоҳҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ ва биноҳои баландошёнаи истиқоматии шаҳрро ба шабакаи гармидиҳӣ то 1-уми октябри соли ҷорӣ таъмин кунанд.

16. Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати “Барқи Тоҷик” ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ доир ба таҷдиди низоми таъминоти барқи шаҳри Душанбе лоиҳаи сармоягузориро таҳия карда, азнавсозии хатҳои муҳандисӣ, аз ҷумла обу корез, гармидиҳӣ, хатҳои барқ ва сохтмони зеристгоҳҳои барқиро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд. Инчунин, сохтмони зеристгоҳи нави 220 — киловолтаи Муассисаи барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, таъмиру азнавсозии бунгоҳ, пойгоҳҳои гармирасонӣ ва каналҳое, ки дар тавозуни сохторҳои ҷумҳуриявӣ қарор доранд, ҳарчи зудтар амалӣ карда шавад.

17. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъалаи дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сатҳу сифати байналмилалӣ анҷом додани корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилишаҳриро зери назорати қатъӣ қарор дода, корҳои роҳсозиро дар ду баст ба роҳ монад.

18. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо зарур аст, ки бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ, дарёфти роҳҳои танзим ва ба тартиб даровардани фаъолияти нақлиёти мусофиркашонӣ ва бартараф намудани тамбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намояд.

Барои ҳалли масъалаи ба танзим даровардани фаъолияти мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе зарур аст, ки дар заминаи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва муносибатҳои бозорӣ нақши хизматрасонии хусусиро тақвият бахшида, риояи талаботи меъёриро нисбат ба сифати хизматрасонӣ таъмин созад.

19. Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори соҳаи иҷтимоии пойтахт ба ободонии ду канори роҳҳои дохилии шаҳраку маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар ҷойҳои серодам, ободу зебо гардонидани майдончаҳои варзишии кӯдакона ва ҷойҳои истироҳатӣ барои калонсолон суръат бахшида шавад.

20. Ба Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати мусоидат ба густариши тарзи ҳаёти солим ва мақсаднок ба роҳ мондани фаъолияти муассисаву марказҳои варзишӣ, инчунин, танзими нархи хизматрасонӣ барои наврасону ҷавонон чораҷӯӣ намояд.

21. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати харидорӣ намудани техникаву таҷҳизоти ҳозиразамон барои сохторҳои коммуналии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ҷудо кардани воҳидҳои кории иловагии муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он оид ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.

22. Дар даромадгоҳҳои шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ таваққуфгоҳҳои кушодаи автомобилӣ барои мусофиркашонӣ ба самтҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои мамлакат сохта, ба истифода дода шаванд.

23. Бонки миллӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахтро зарур аст, ки тадбирҳоро дар самти беҳбуди фазои сармоягузорӣ, дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла оид ба дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзнок роҳандозӣ намоянд.

24. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт вазифадоранд, ки фаъолияти бозорҳои мансуб ба моликияти давлатӣ, бозорҳои хусусӣ, марказҳои савдои замонавиро дар самти таъмини аҳолии шаҳр бо маҳсулоти хушсифати истеъмолӣ, молҳои саноативу сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин тартибу низом, нарху наво, риояи шакли ягонаи либос, одоби муоширати фурӯшандаҳо, қоидаҳои санитариву гигиенӣ ва зиддисӯхториро ба тартибу танзим дароранд ва масъалаҳои зикршударо қатъӣ назорат намоянд.

25. Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки ҳолати хизматрасонӣ дар ошхона ва нуқтаҳои хӯроки умумии омодакунандаи таомҳои миллиро ба тартиб дароварда, ба масъалаи риояи меъёрҳои тозагиву санитарӣ, сифати маҳсулоти хӯрока ва санъати баланди хӯрокпазӣ ва хизматрасонӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

26. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мақомоти дахлдори дигарро зарур аст, ки дар нақшаи генералии шаҳр барои ташкили марказҳои савдои ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ тағйироти зарурӣ ворид намуда, барои ба танзим даровардани бозорҳои навбунёд ва риояи меъёрҳои зарурӣ ҳангоми ташкили онҳо чораҷӯӣ намоянд.

27. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вазорату идораҳо ва ҳамаи корхонаву муассисаҳоро зарур аст, ки ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои аввалиндараҷа оид ба тоза намудан ва ба партовгоҳи умумишаҳрӣ баровардани партовҳои истеъмолию истеҳсолӣ, безараргардонӣ, дуруст ба роҳ мондани низоми ҷамъоварӣ ва гурӯҳбандии он тадбирҳои иловагӣ андешанд.

28. Вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ташкили бозомӯзии ҷавонону калонсолон, таъмири биноҳои таълимӣ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани синфхонаҳои фаннӣ чораҳои мушаххас андешанд.

29. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Вазорати фарҳанг, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Кумитаи телевизион ва радио ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинони шаҳр, дар самти баргузории чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, ҷаҳонбиниву худшиносӣ ва риояи анъанаҳои миллӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва тарбиявиро ҷоннок намоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо зарур аст, ки дар асоси талаботи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Низомномаи нави комиссияҳои доимиро таҳия ва тасдиқ карда, назоратро дар ин самт пурзӯр намояд. Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор барои бартараф кардани камбудиҳо дар ин самт бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамкории зичро ба роҳ монанд.

30. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани интизоми молиявӣ ба Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супориш дода мешавад, ки назоратро дap муассисаву корхонаҳо ва ташкилотҳои ҳудуди пойтахт ҷиҳати дар сатҳи меъёрҳои муосир ба роҳ мондани фаъолияти ҳисобдории молиявӣ, шаффофияти баргузории озмунҳо барои сохтмони иншоот ва даромаду хароҷоти буҷет, пешгирии тасарруфи маблағҳои буҷетӣ ва ғайримақсаднок истифода намудани онҳо, махсусан, дар иншооти калони сохташаванда боз ҳам пурзӯр намоянд.

31. Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус ҳолатҳои хусусияти коррупсионидошта, ҷиноятҳои бо экстремизм ва терроризм алоқаманд, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҳолатҳоро дар шаҳри Душанбе тақвият бахшида, аз натиҷаи корҳо ба Ҳукумати мамлакат мунтазам маълумот пешниҳод намоянд.

СССР

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter