ХАБАРИ ДОҒ

Фархор: ба умеди Қасри нави фарҳанг

  • Чоршанбе, Май 03 2023

 

Салом ба СССР –и гиромӣ! Қасри фарҳанги ноҳияи таърихии Фархор, ки аз солҳои 30-юми асри гузашта фаъолият дошт, чанде пеш пурра тахриб карда шуд. Мегӯянд, ки дар ҷои Қасри кӯҳнаи фарҳанг бинои 7 ошёнаи истиқоматӣ месохтаанд. Вале қасри фарҳанги ноҳиявӣ дар куҷо сохта мешавад, ягон итиллои мушаххас нест.

Ҳоло кормандони қаср сарсону саргардонанд, зеро онҳоро бо «штат»-и кориашон ба Қасри фарҳанги деҳаи Ориёни Ҷамоати деҳоти «Фархор» гузарониданд, ки ин боиси нигаронӣ шудааст. Ақаллан кормандон бо воситаи нақлиёт таъмин нестанд, ки онҳоро ройгон бурда биёрад. Баъдан, аксари чорабиниҳо имрӯз дар қасри деҳаи Ориён гузаронида мешаванд ва на ҳама имкони он ҷо рафтан доранд, чунки аз марказ берун аст.

Агар дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия шердиле пайдо шавад, ки чун Қасри фарҳанги деҳаи Ориён ба мардуми ҷамоаташ қаср бунёд кунад, марҳамат, офарин мегӯем. Аммо дар маркази ноҳияи таърихи куҳан дошта, ки дорои 180 ҳазор аҳолӣ аст, ҳатман 1 Қасри фарҳанги намунавӣ бояд бунёд ёбад.

Таваралӣ Авсақолов,

ноҳияи Фархор

Аз редаксия: - Хонандаи гиром! Ҳайати эҷодии газетаи мардумии СССР ва ютуб канали он СССР ТВ 1 ҳафта пеш ба н.Фархор сафари корӣ дошта, чанд гузориш ҳам омода карданд. Ба самъи шумо мерасонем, ки тибқи нақшаи генералии маркази н.Фархор ва лоиҳаи таҷдиди роҳ қасри фарҳанги кӯҳна тахриб гашта, дар ҷои он бинои маъмурии яке аз мақомотҳои қудратии кишвар қомат меафрозад. Ҳар бино муддати истифодаи худро дорад ва бинои Қасри фарҳанги қаблиро воқеан аз муҳлати истифодааш гузашта буд.

Дигар ин ки Қасри фарҳанге, ки дар деҳоти Ориён бунёд ёфтааст, дар миқёси вилояти Хатлон ҳамто надорад, ин бояд боиси ифтихори чунин нафаре мисли шумо шахсияти фарҳангӣ мебошад. Он, ки роҳ дур асту роҳкиро гарону кормандони шуъбаи фарҳанг ҳар рӯз ба қасри нав имкони рафтуомад надоранд, ҳатман ҳалли худро меёбад. Хушбин бояд буд ва навгониҳоро қабул кард!  

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter