ХАБАРИ ДОҒ

Қалъаи Хуҷанд: сохтмони иловагӣ хатост!

  • Чоршанбе, Апр 12 2023

Мақомоти вилояти Суғд бояд талаботи қонунгузории миллӣ ва байналмилалиро бо сохтмонҳои муосиру нав омӯхта, ёдгориҳои таърихиро вайрон накунанд!

Аз ёдгориҳои Қалъаи Хуҷанд танҳо арк ё дижи он боқӣ мондаасту халос. Он ҳам тибқи лоиҳаи тасдиқкардаи ҳукумати вилоят ва идораи сохтмон бунёду сохтмонҳо пешбинӣ шудааст, ки билкул хато ва зидди қонун мебошад.

Ҳар касе «Арки Қалъаи Хуҷанд»- ро ҳамвору вайрон мекунаду сохтмони нав, аввал хиёнат ба вазифааш кардааст ва баъдан хиёнат ба Давлату Миллату Таъриху Тамаддун!

Албатта, мо 1-2 сол сари мансаб ҳастем, аз мансаб меравем, вале бояд таъриху тамаддуни миллат дар мисоли ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ обод боқӣ бимонад!

Вассалом!

Мирзошариф Абдусаломов,

Ваколатдор оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз СССР: Шаҳри Хуҷанд воқеан ҳам обод шуда истодааст, вале дар пасманзари ин «ободкориҳо» корҳое мегузаранд, ки шунавӣ ҳуш аз сар мепарад. Ба вежа чанд сокини Мастчоҳ ба газетаи мо муроҷеъ шуданд, ки то ҳанӯз дар ин шаҳри бостонӣ, баъзе масъулин сохтмонгаронро ба худиву бегона тақсим карда, «хуҷандигарӣ намуда», маҳалчигӣ мекунанд ва махсусан ба «бегонагони мастчоҳӣ» бо шубҳа нигариста, шонси ширкат дар корҳои бунёдкориро намедодаанд. Мо пайгири мавзуъем ва Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter