ХАБАРИ ДОҒ

Олам сухани Камол бигрифт…

  • Чоршанбе, Авг 05 2020

Ба пешвози 700 –солагии Шайх Камоли хуҷандӣ

 Хонаи дида зи дидори ту равшан бошад,

Байти эҳзони ман аз рӯи ту гулшан бошад!

Cуғд маконест, ки таърихи зиндаи ниёгони мост! Саразми қадима, яъне сари замин (таърихи беш аз 6 ҳазор сола дорад), ин ҷост,  Суғд зодгоҳ ва парвардаи Одам - уш – Шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар нобиғагоне чун Шайх Камоли Хуҷандӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Сайфи Исфарангӣ, Нақибхон Туғрал ва даҳҳо дигарон мебошад. Суғд диёри қаҳрамонону ватандороне, чун Спитамену Деваштич ва Темурмалики шарафманд аст!  

Сарвари хирадманди давлати тоҷикон  фарҳанги  худшиносии миллиро  омили  асосии  ҳастии миллат муаррифӣ намудаанд. Шоистаи  таъкид  аст,  ки  бо  тадбирҳои  хирадмандонаи Пешвои  миллат  дар  даврони  Истиқлолият  ҷашнҳои  бузурги илмиву фарҳангӣ, ба монанди  1100 - солагии  Сомониён, 1000 - солагии «Шоҳнома», 1150 -солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800 - солагии Мавлоно  Ҷалолиддини  Балхӣ, 700 -солагии Мир  Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600 - солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва чандин ҷашнҳои дигар, ки ҳама нишонаи барҷастаи рушди худшиносии миллӣ ва илму адаб дар даврони Истиқлолият мебошанд, баргузор гардиданд.

Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар партави дастуру раҳнамоиҳои Сарвари давлат дар самти рушд бахшидан ба илму адабиёт пайваста кӯшиш намуда, фазои мувофиқеро барои аҳли илму адаб фароҳам овардааст. Ҳар сол дар қаламрави вилоят даҳҳо маҳфилу конфронсҳои илмиву фарҳангӣ барпо гардида, садҳо китобу рисолаҳо ба нашр мерасанд. Ба чоп расидани “Девон”-и Камоли Хуҷандӣ, “Девон”-и Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ,  “Девон”-и  Фарзона,  “Девон”-и  Шайдои  Хуҷандӣ, “Тазкират-уш--шуаро”-и  Давлатшоҳи  Самарқандӣ,  “Тазкираи  шуарои  Хуҷанд”-и  Абдулманнони  Насриддин,  “Мунтахаби  девон”-и  Шӯхии  Хуҷандӣ,  “Девон”-и  Хаёлии  Бухороӣ, “Шавоҳид-ун-нубувват”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва даҳҳо асари арзишманди дигар, ки аксар бори аввал ба хонандагони тоҷик пешниҳод гардидаанд ва бо сифати оливу дараҷаи баланди илмӣ ба  дастархони  маънавии  ҷомеа  гузошта  шуданд,  баёнгари  ин ҳақиқат мебошад. Ин иқдом минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Мо Метавонем!

Ҳофизи Шерозӣ: Машрабаш бузург ва суханаш софист!!!

 Олам сухани Камол бигрифт,

Имрӯз ҷуз ин сухан сухан нест!

Вақте ки Хоҷа  Ҳофизи  Шерозӣ  шеъри  ӯро  шунид,  гуфт: «Машраби ин бузургвор олист ва суханаш софӣ». Орифону  шоирони  номвари  он  рӯзгор, ба  мисли Муҳаммадширини Мағрибӣ,  Наҷмуддини  Торумӣ,  Исмоили Сисӣ, Абдураҳими Хилватӣ, Мавлоно Тоҷиддин Алии Миншорӣ, Шайх Зайниддини Хофӣ, Шайх Ҳусайни Сарипулӣ ҳама эҳтироми ӯро ба ҷо меоварданд ва сӯҳбаташро ғанимат мешумориданд. Султон Ҳусайни Ҷалоир, Тӯхтамишхон, Мирзо Мироншоҳ ва дигар шоҳу амирони давр ба ӯ иродат доштанд. 

Абдураҳмони Ҷомӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Ҳашрии Табрезӣ ва гурӯҳе аз донишмандони дигар ӯро ягонаи рӯзгор хондаанд ва каломашро оламгир ёд кардаанд. Бештар аз 200 нусхаи дастнависи девони ӯ, ғайр аз кишвари мо, дар китобхонаҳои Русия, Олмон, Австрия, Канада, Туркия, Эрон, Ҳинду Покистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва чанд кишвари дигар мавҷуд аст ва гурӯҳе муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ба таҳқиқи рӯзгору ашъори ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд, ки инҳо низ ҳама аз мақоми ҷаҳонии ӯ дарак медиҳанд.

700-солагии Камол дар Хуҷанд

Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,

Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб!!!

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки қадршиносии бузургони миллат дар саргаҳи сиёсати фарҳангсози эшон қарор дорад, дастур гардид, то дар соли 2020 дар сатҳи ҷаҳонӣ 700-солагии Камоли Хуҷандӣ таҷлил карда шавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар иҷрои ин дастури Сарвари давлат корҳои муҳимро ба нақша гирифт ва онҳо марҳила ба марҳила анҷом ёфта истодаанд. Равшан  аст,  ки  бо  амри  тақдир  Камоли  Хуҷандӣ  дар Табрез  аз  олам  гузашт  ва  он  ҷо  ба  хок  супорида  шуд.  Зиёрати оромгоҳи ӯ барои тамоми ҳамватанонаш муяссар намешуд. Аз ин сабаб, муште хок аз қабри Камол ба зодгоҳаш оварда шуд ва ин иқдоми муборак намоёнгари бозгашти маънавии ӯ ба ватани хеш мебошад. Барои ин хок, оромгоҳи намодин ба сурати хеле мӯҳташам бино ёфт ва он хок дар Наврӯзи байналмилали соли 2015 аз ҷониби Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  гузошта шуд. 

Дар паҳлӯи он муҷассамаи барқади Камоли Хуҷандӣ, ки баёнгари симои ҷавонӣ ва давраи зиндагии ӯ дар зодгоҳаш аст, қомат афрохт. Имрӯз ин маҷмаа зиёратгоҳи иродатмандони Шайх Камол гардидааст ва он дар қаламрави кишвар ба ҷоизаи «Беҳтарин Боғи фарҳангӣ» сазовор гардид.

Эҳёи хонаи падарии Камол

Пеши нодоён чӣ ҳоҷат зикри пурдонӣ, Камол,

Донаи гавҳар чӣ резӣ мурғи арзанхораро.

 Ба  ҳама  маълум  аст,  ки  солҳо  инҷониб  ҷои хонаи Шайх Камоли Хуҷандӣ дар зодгоҳаш холӣ буд. Аммо имрӯз хонаи ин шоиру орифи номвар бо услуби хонасозии қадимаи тоҷикон - бо ҳавлии дарун ва берун, чорбоғ ва сарҳавз хеле устодона эҳё гардид ва тадрисгоҳи Хоҷа Камол ҷой дода шуд, ки имрӯз бо дастхатҳои бисёр нодири худ дар байни махзанҳои нусхаҳои хаттии ҷаҳон аз эътибори баланд бархурдор аст. 

«Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», афзун бар таҳияи бештар аз 30 китоби нодир ва тасҳеҳу нашри 20 китоби арзишманди илмиву адабӣ, ки имрӯз дар донишгоҳҳо, мактабҳо ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварамон истиқболи гарм ёфтааст, дар ин самт китобҳои «Муқаддимаи Камолшиносӣ», «Иксири саодат»   «Армуғони аҳли дил»  ва «Китобшиносии муқаддамотии Камоли Хуҷандӣ»-ро ба нашр расонид.

700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ, ки онро дар партави сиёсати фарҳангдӯстонаи Президенти кишварамон ҷашн мегирем, муборакамон бод!!!

 

Мухбори Абдулло

журналист

 

Дарди ту беҳ аз давост, эй дӯст!

Андӯҳи ту ҷонфизост, эй дуст!

Дарюза, ки кард ошиқ аз ту,

Ҷуз дарду бало нахост, эй дӯст!

Ман он ки зи муфлисӣ надорам —

Чизе ки туро сазост, эй дӯст!

Пеши ту ниҳам ду чашми равшан,

Гӯям назари сафост, эй дӯст!

Гуфтӣ:— Кушамат, вале раво нест; —

Гар дӯст кушад равост, эй дӯст!

Дил ҳар чӣ ба васфи қоматат гуфт,

Овард худош рост, эй дӯст!

Кардам ба қади ту ин ғазал рост,

Бинвис, Камол, рост, эй дӯст!

 

 Гар ба майхона ҳарифи маю шоҳид бошам,

Беҳ ки дар савмиа биншинаму обид бошам.

Вақти он шуд, ки иқомат ба харобот кунам,

То ба кай мӯътакифи гӯшаи масҷид бошам?

Домани пири муғон гар фитад ин бор ба даст,

Мани саргашта чаро толиби муршид бошам?

Солҳо бар дари майхона нишинам беҳ аз он,

Ки аз ин гӯшанишинони муқаллид бошам.

Зӯҳд дар савмиа меварзаму ин риндӣ нест,

Риндӣ он аст, ки дар майкада зоҳид бошам.

Ёр агар з-оҳи мани хаста накӯ андешад,

Фориғ аз қасди бадандешии ҳосид бошам,

Зиндагӣ дар сари тақво шуду ҳайф аст, Камол,

Ки ҳама умр дар ин фикрати фосид бошам.

***

Ёр гуфт: «Аз ғайри мо пӯшон назар». Гуфтам: «Ба чашм».

«В-он гаҳе дуздида дар мо менигар». Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Агар ёбӣ нишони пои мо бар хоки роҳ,

Барфишон он ҷо ба доманҳо гуҳар». Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод,

Ташнагонро муждае аз мо бибар». Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Агар гардад лабат хушк аз дами сӯзони мо,

Боз месозаш чу шамъ аз дида тар». Гуфтам ба чашм»,

Гуфт: «Агар бар остона об хоҳӣ зад зи ашк,

Ҳам ба мижгонат бирӯб он хоки дар». Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Агар гардӣ шабе аз рӯи чун моҳаш ҷудо,

То саҳаргоҳон ситора мешумар». Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Агар дорӣ хаёли дурри васли мо Камол,

Қаъри ин дарё бипаймо сар ба сар». Гуфтам: «Ба чашм».

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter