ХАБАРИ ДОҒ

Танга ба шарофати Ҳошим Гадо

  • Чоршанбе, Май 19 2021

Салом СССР! Соли оянда устод Ҳошим Гадо юбилейи 85-солагӣ доранд. Ба шарафи ин нобиғаи санъату фалсафаи Тоҷик пешниҳод менамоям, ки пули металии 25 сомонӣ бо теъдоди маҳдуд ба муомилот бароварда шавад. Ин барои нумизматик-коллексионерҳои дохилию хориҷӣ ва Осорхонаи миллӣ. Дар рӯи ин тангаҳои тиллоии БМТ (диаметраш 37 мм) лаҳзае аз филми «Рустам ва Сӯҳроб»-симои Ҳошим Гадо ва дар пасманзари тарафи дигари танга акси Абулқосим Фирдавсӣ ҳаккокию сиккакорӣ карда шавад. 

Ҳоло, ки Ҳошим Гадо дар қайди ҳаёт аст, ин қадршиносӣ бояд амалӣ гардад. Масъулони БМТ ин идеяи фарҳангиву патриотиро дарку дастгирӣ мекарда бошанд? Зеро баъди 65 сол ин таклиф-теорияи мо аз ҷониби насли ояндаи миллат ба ифтихори 150-солагии Ҳошим Гадо ҳатман амалӣ хоҳад шуд.

Маннон Махсумов, ш.Истаравшан, 

тел: 98 809 71 94

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter