ХАБАРИ ДОҒ

Бигузор раисон посух гӯянд!

  • Чоршанбе, Май 12 2021

Меҳроҷиддин Муҳиддинзода, мухлиси газетаи СССР аз ш.Душанбе ба телефони идора занг зада, гуфт, ки вазирону раисон бояд ба мардум дар мавриди саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан ва корҳое, ки ба анҷом расонидаанд, посух гӯянд.

   - Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ қарор дорем ва бигузор ҳар 1 вазиру раис ба мардум дар бораи амалҳои анҷомдодааш ҳисобот диҳад. Кадом вазиру раис дар куҷо чӣ сохт? Мо дар бораи масъалаи молиявиаш намепурсем-агар вазирону раисон пул намедоштанд, ҳеҷ гоҳ Сарвари Давлат ба онҳо дастур намедодед, ки бисозеду обод кунед! Дигар ин, ки бигузор раисони шаҳру ноҳияи мамлакат ба мардум дар бораи корҳои кардаашон ҳисобот диҳанд, чаро не!? Дар замони роҳбарии ин ё он раис дар куҷо чӣ бунёд ёфту мавриди истифода қарор гирифт? Кадом раис ташаббус карда кадомаш танҳо то нафақа вақт гузаронид? Нависед ва аз раисон талаб кунед!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter