ХАБАРИ ДОҒ

Агар 100 сол зери санг бошӣ,

Аз он беҳтар, ки зери нанг бошӣ!!!

Бадтарин хабаре, ки шунидам, писархонди СССР, писархонди ман, писархонди коллективи кории газетаи мардумӣ-Меҳрӯзиддини Мӯҳриддини Ворухӣ (Болтаев Меҳрӯзиддин Мӯҳриддинович) дар Ворух, дар сангари ҳифзи номуси Ватан, ҷон бохт...Рӯҳат шод ва манзили ахиратат обод бод, ҷони падар...

Меҳрӯзиддин дар номнавис-пропискаи хонаи ман буд. Замоне ба пойтахт омад, ки ҷои зисти доимӣ надошт ва ман ӯро дар хонадонам номнавис кардам. Зеро сахт миллатдӯст, миллатгаро ва патриот буд!

Ва аммо шиносии мо чигуна сурат гирифт? Боре 1 ҷавони болобаланде бо шӯру шар, чун тӯфон, оташвор, вориди корхона шуд, ки маро нахустин шиносоӣ бо Муҳаммадиқболи Ато, Муъмин Аҳмадӣ, Далери Эмомалӣ, Шарифхони Тағоймурод, Хуршед Фозил, Баҳодур Уроқов ёд омад. Ин ҷавонҳо низ ҳамингуна пешам даромада буданд-ҳама онҳоро матолиби ватанхоҳии СССР ҷалб карда буду барои умре шогирдони сазовор ва писарони редаксияи мо боқӣ монданд, ҳарчанд дар дигар ҷо кору фаолият кунанд ҳам... 

Он рӯз Меҳрӯзиддин гуфт, мебинам, вазиру кабирбачаҳо сарватмандону тоҷирон, дар ҷамъ аксарияти ҷавонон аз Армия мегурезанд, облава обрӯрези миллат шудааст, дигар ақвом моро механданд, ки «агар миллати мардонаед, пас чаро аз Артиш фирор мекунед?» ва ғ. ва ҳ. ва зимнан омодаам ихтиёран хизмати сарбозӣ равам. 1 каф дуо, устод. Рӯзи дигараш Меҳрӯзиддин барои оғози реформаи Армия довталабона Армия рафт (дар ин бора матлабҳояш дар саҳ-4 омадаанд)!

Он солҳо аз Донишгоҳи тиббӣ на танҳо касе Армия намерафт, ки 99,9% ба донишгоҳҳо маҳз барои нарафтан ба сарбозӣ дохил мешуданд. Дар комиссариати ҳарбӣ бовараш накарданд ва қариб намебурдандаш, ки ин ҷо чӣ нимкосае ҳаст зери коса. Вале ӯ бо шаттаҷанг рафт! Бо даъвову судбозӣ Армия рафт то бар дигарон намунаи ибрат бошад. Вале баъди ӯ фисинбаччаҳои сарватманд нарафтанд, ки нарафтанд.

2 сол шарафмандона хизмат кард! Аз рӯзи аввал бологузар буд. Мо ин ҳамаро медонистем, зеро алоқаи пайваста бо писархонди редаксия доштем. Дар тӯли 730 рӯз 1 бор низ ба мо муроҷеъ нашуд, ки 1 мушкиламро осон кунед. Аз Артиш истода, дар бораи реформа дар Армия менавишт. Ҷавонмардтарин марде, ки миёни ҷавонҳо дидаам ҳам ӯ буд!

Баргашт, омад, хонданашро давом дод, диплом гирифт, боз омад, дуову фотиҳа пурсиду гуфт:

-Исфара меравам. Ворух! Марзу буми ватанро дар зодбумам ҳифз мекунам...

Касе Меҳрӯзиддинро надидааст намедонад, ки то бар кадом ҳадд ӯ ҷавонмард буд. Касе ӯро надидааст, намедонад, ки Тоҷик то кадом ҳадд ватанхоҳу ҷасуру далеру нотарсу бебок мешавад! Касе ӯро надидааст, бисёр чиро аз даст додааст!

Дар Ворух, дар зодбумаш, ки хеле дӯсташ медошту мехост ҷонашро фидои ин деҳбузурги меҳан кунад, кушта шуд.

Ӯ духтури низомӣ буд ва қатли духтур, ки дар тамомии ҷангҳо манъ аст, аз сӯи спецнази Қирғизистон ҷинояти низомист! Зеро сар аз авохири асри 19 тиркушоӣ сӯи табибон манъ шудааст. Ҳатто Гитлер духтурони советиро намепаронд, мисле, ки шӯравиҳо низ санитарҳои немисро. Қирғизҳо коре карданд, ки дар таърихи ҷангҳои 3 аср аналог надошт:

-Онҳо табиби ҳарбиро ҳадафмандона куштанд ва бояд дар трибунали байнулмилал посух гӯянд!!!

Эпилог

…Худо Ӯ-и нозанинро барои он аз байни мо рабуд, ки сафи чунин ҷавонмардон ҳатто дар Биҳишт хеле кӯтоҳ аст. Бовар дорам, Худои мо, ки ҷавонмардонро дӯст медорад, барои мардони мард боғе аз Биҳишт ҷудо кардаасту туро намедонам, хонанда, вале ман бар боварам, ки Меҳрӯзиддини мо ҳатман дар сафи Спитамен, Катан, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Ҳабиб Юсуфӣ ва ҳазорон тан ҷавонмарди ҷасури меҳан макони осоиш ёфтааст…

Ҷоятро ёфтӣ, писари СССР. Мо ворухиён, чоркӯҳиён, суғдиҳо, бадахшониҳо, ғармиҳо, ҳисориҳо, ТОҶИКИСТОНИҳо…ваъда медиҳем, ки хуни бар замини поки аждодон рехтаатро ҳаргиз фаромӯш намекунем ва ҳаргиз намегузорем қадами номубораки бодияшини бодовардаи нохалафе то бар сари гӯрат расад. Гӯри пуршарафи Ту охирин плотсдарми нангу номуси миллат мегардад: Ворух барои абадият аз Мост ва Мо аз Ворухем! Мо Метавонем!

PS: Аз журналистони тарсу, адибони буздил, ҳамдиёрони разилу палид, ки ҷои истеҳком гирифтан зидди ғосибон, алайҳи Ҳукумат, Давлат ва Тоҷикистони азиз шӯридаанду «таронаи сулҳ» меангоранд, даъват мекунам, гузоришу репорту репостхои заъифонаро бас кунед! Мо ғосиб нестем, ки аз Сулҳ гӯем. Сарзамини Тоҷиконро раҳо кунанду ба ватани бобоишон баргарданд, мо ба касе сару кор надорем. Вале чун даъвои Воруху сарзамини аждодӣ доранд, бовар дорам, то охирин кӯдаки Тоҷик ба по мешавад ва агар дар ин кишвар мард намонд, занҳомон ғосибинро несту маҳв хоҳанд кард. Ҳама мемирем, вале 1 ваҷаб хоки Ворухро ба душман намедиҳем:

Саросар ҳама тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки Ворух ба душман диҳем!!!

Мо Метавонем!

PS-PS: Вақте ин матлабро навиштам, Ҷамила Ҳусейнова гуфт, "ҳафтаи гузашта, ки Шумо дар хидматӣ будед, Меҳрӯзиддин омада буд, то дуои Шуморо гирад"...

Шояд ӯ медонист, ки ин бор сафари ахират дорад ва мехост низ бар олами улвиён бо дуои редаксияи дӯстдоштааш бупайвандад???!!!! Дареғу дод, ки дидор ба қиёмат монд...

Анҷом

Пешниҳод дорам, Ворух аз ҷамоати деҳот ба шаҳр табдил ёбад ва маркази ин қасабаи бузурги аҳолияш ҳудуди 50 ҳазорнафара, ба номи Меҳрӯзиддини Мӯҳриддин гузошта шавад…

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter