ХАБАРИ ДОҒ

Проблеми миллӣ-3

Баъди кашф шудани шахси калидии ҳамла ба дидбонгоҳи Ишқободи н. Рӯдакӣ, ки 1 фурушандаи бозори «Корвон» будӣ, мақомот тасмим гирифт, ин бозорро «сахт» ва изи ангуштони тоҷиронро низ гиранд. Муҳаррики дергир-«поздное зажигание» ба гуфтаи мардуми урус…

Вале суоли матраҳ ин аст, ки оё танҳо дар «Корвон» тоҷир-террористон фаолият мекунанд? Кӣ гуфта метавонад, ки террористони навбатӣ, фарзи мисол, аз бозори Саховату Деҳқону Меҳргон намебароянд? Изи ангуштситонӣ ва дигар тадорукоти мақомот ҳамон масали «мушти баъди ҷанг»-ро ба хотир меорад. Илоҷи воқеа қабл аз вуқуъ-мегуфт устод Абдулҳай Маҳмадаминов. Мақомот низ бояд қабл аз шуруъи амал тоҷирон-террористонро таҳти контрол қарор медод ва хунсо менамуд. Акнун «Корвон» шояд то муддате «дам» гирад. Зимнан вазъро бояд дар дигар бозорҳо назорат кард. Зеро таври маълум, имрӯз қишри ба таблиғ наздик маҳз тоҷирону бозорнишинҳо шудаанд…

Воқеан ҳам дар бораи тоҷирони бозорҳои маҳсулоти полезӣ ва хӯрокворӣ. Оё мақомот медонад, соли 15-ум аст, ки онҳо бо террор банданд? Хотиррас мешавем, ки террор маънии даҳшатафганӣ дорад ва даҳшат афгандан соф ба маънии таркишу қатлу куштори одамон нест. Мефаҳмонам:

Болобардории нарху наво дар рӯзҳои идайн ва таҷлилҳо низ худ 1 навъи террор аст!!! Дили мардумро аз давлат сард кардан, бузургтарин террорест, ки онро муҷоҳид-савдогар-бозоршинони мо кашф кардаанд! Ин 1 навъ террори маънавӣ-психологист. Идеологҳои террори равонӣ, ки кайҳо зуҳур кардаанду мо фикр дорем, ақлашон ба ин намерасад, бо болобардории сунъии нарху наво мардумро онгуна аз ҳукумати марказӣ сард мекунанд, ки ҳисобаш гум. Зеро дар арафаи рӯзҳои идайн, ки нархномаҳо боло мераванд, мардум маҳз аз ҳукумат меранҷад, на аз туҷҷор. Зеро ба пиндори раъият ҳукумат бояд нархро танзим кунад. Ва дуруст ҳам мепиндоранд. Вале мутаассуф, дар корхонаҳои воҳиди давлатии масъул ба нарху наво ва захираҳои давлатӣ мардуми аз сиёсат бехабаре нишастаанд, ки танҳо дар фикри ҳамёни худанд ва аз ин моҷаро усулан дарак надоранд! 

1 бор ба ёд биор хонанда, ки фарзи мисол, дар арафаи ҳамин иди Қурбони ахирин дили мардум чӣ қадар аз ҳукумат сард шуда буд. Нашуда буд? Нашуда бошад, пулатонро надиҳед-гуфти Бобои Ғуломи таърихӣ. 

Бо терроризм бояд ҳарб кард. Бо террористони равонӣ низ. Зимнан бояд нархҳои таъин дар бозорҳо роиҷ гардад. Чун дар Амрико, чун дар Аврупо ва чун дар тамомии давлатҳои мутараққӣ ва пешрафтаи олам! Мо Метавонем!

Вале агар бозгардем сари «Корвон», метавон дид, ки мутаассуф, он, яъне ин бозор, кайҳо мавзеъи фан-клуби мазҳабиён шудаву мақомот чашм мепӯшид. Бозор аз ҳадд калон шудааст. Шояд бузургтарин корхонаи ҶТ-ТалКо ин миқдор корманд надошта бошад, ки «Корвон» дорад! Вале контрол набуду нест. Кормандони мақомот, ки дар ин бозор фаолият мебурданд, бояд куллан сабукдӯш шаванд ва ё ҳадди ахир ҷои корашон иваз. Зеро таври маълум онҳо кайҳо боз бо савдогарон унс гирифтаанд ва сабаби ин «унс» чист, ба кӯру кару шалу кал фаҳмост. Мо чизе заму кам намекунем. Вале ин, ки онҳо ба фиаско дучор шуданду натавонистанд аз шармандагии ахирӣ, яъне ҳуҷум бар дидбонгоҳи Ишқобод пешгирӣ намоянд, имиҷи давлатро резонд. Ва касе бояд охир барои ин моҷаро посух гӯяд! 

Ҳоло «Корвон»-ро сахт гирифтаанд. Вале вазъ, фарзи мисол, дар бозори Ҷал-Ҷам оё ором аст? Дар бозори Ҷал-Ҷам, ки сари роҳ дар дуконҳо фаранҷипӯшони намозгузор (ин ибодат на, ки фиреби харидор аст, яъне мо муъминаему аз мо бихар!!!-коре, ки Шайтон алайҳилаъна мекарду мекунад) ҳалқа-ҳалқа зада, ба «тиловат» банданд, бояд фаврӣ аз кор пеш карда шаванд. Намоз гузоред,мардум, Қуръон тиловат кунед, аммо на дар ҷои кор ва на барои худнамоӣ! Фикр доред, Худоро низ фиреб карда метавонед?

Борҳо гуфтаву боз такрор мекунем, ки дар тамомии бозорҳо, бо шумули Корвону Ҷал-Ҷаму Панҷшанбеву дигар дигар ва ҳатто дар дурдасттарин бозори Хоруғу Шӯроободу Дарвозу Мастчоҳу Айниву Ашт…бояд ҳатман либоси шинами замонавии ягона барои фурӯшандагон роҳандозӣ гардад. Фурушандаҳо, ки муаррифгари фарҳанги осиёиянд, бояд  бо риши тарошида, кулоҳу чепчик ва бидуни сатру фаранҷиву ришу фаш ба кор бароянд. Намехоҳанд, 4 тарафашон қибла. Ҷои муқаддас холӣ намемонад. Ва ҳам бояд ҳатман дар бозорҳо, ки коргоҳҳои бузургтарини ҳар шаҳру ноҳияанд, ақаллан моҳе 1 бор маҷлису маҳфилҳои сиёсӣ, дипломатӣ, ҳунарӣ, театрӣ баргузор гардад. Маҷбурӣ!!! Зеро инҳо ихтиёран ҳич дилашон ба давлате, ки онҳоро мехӯронаду мепӯшонад, гарм нашуд, ки нашуд:

Беадабро ҳар куҷо ёфтӣ, бикӯб,

Хирс мулло мешавад аз зарби чӯб!

100% туҷорро дар назар надорам. Вале суфуфи онҳое, ки давлату миллатпарастанд дар бозорҳо ҳамарӯза мекоҳад ва ин маҳофилу ин тадобир маҳз барои дастгирии фоизи ночизи фурӯшандагони миллатпараст ва патриот равона хоҳад шуд. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter