ХАБАРИ ДОҒ

ВКД нархи маълумотнома дар бораи доштану надоштани доғи судиро арзон кард

  • Чоршанбе, Май 01 2019

Нархномаи хизматрасонии иттилоотӣ ва маълумотии Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии (СМИТ) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.05.2019 тағийр ёфта, тибқи нархномаи нав хизматрасонии пулакӣ нисбат ба нархномаи пешин арзон карда шудааст.
   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, акнун барои дастрас намудани маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ корафтодагон метавонанд 20 сомонӣ пардохт намоянду дар тӯли 10 рӯзи корӣ чунин ҳуҷҷатро ба даст оранд. Барои ба таври оҷилӣ дастрас намудани маълумотнома, ки дар муддати 3 рӯзи корӣ омода мешавад, 40 сомонӣ пардохт кардан лозим аст.
   Барои муассисаву ташкилотҳои ғайридавлатӣ нархи чунин маълумотнома 45 сомонӣ арзиш дошта, он ҳам дар тӯли 10 рӯзи корӣ тайёр мешавад. Дастрас намудани маълумотномаҳо ба таври оҷилӣ 65 сомонӣ қимат дошта, он дар муддати 3 рӯзи корӣ омода мегардад.
   Гуфта мешавад, ки иштирокчиёни ҶБВ, бартарафсозии оқибатҳои садамаи НБА ”Чернобил”, ҷанговарони ”Интернатсионалист”, нафақахӯрон, аъзои оилаҳои камбизоат, маъюбон, кормандон ва оилаҳои кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти маблағи хизматрасонии мазкур озод мебошанд. Пардохти хизматрасонии мазкур барои шаҳрвандони ноболиғ 50 % аз маблағи муайянгардида муқаррар карда шуда, хизматрасонии иттилоотӣ ва маълумотӣ ба вазорату идораҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ҶТ ройгон расонида мешавад.


ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter