ХАБАРИ ДОҒ

Ифтитоҳи утоқи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар ШВКД Сино-2

  • Ҷумъа, Март 18 2016

17 марти соли ҷорӣ дар назди шӯъбачаи шаҳрии милитсияи № 26 ШВКД Сино -2-и пойтахт 1 утоқи махсус барои пешгирии зӯроварии хонаводагӣ ифтитоҳ ёфт, ки имкон медихад ба шаҳрвандоне, ки бо хушунат ва зӯроварии хонаводагӣ рӯбарӯ шудаанд, омада барои ҳалли мушкилоти худ маслиҳат ва кӯмаки равониву ҳуқуқӣ бигиранд.

 

Бояд ёдовар шуд, ки теъдоди чунин утоқҳои махсус айни замон дар назди 10 шӯъбаҳои ВКД ҶТ боз шуда 3-тои он дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд. Нозирони ин утоқҳо низ аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта барномаи ифтитоҳ намудани утоқҳои махсус барои пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар ҳошия амалиёбии ислоҳоти соҳаи милитсия сурат гирифта дар ҳамкори бо шарикон САҲА ва сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.

Мину Аминзода

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter