ХАБАРИ ДОҒ

«Кӯли Душанбе»: хӯрокаш гарон!

  • Чоршанбе, Июл 12 2023

 Ромини Муҳаммадамин, хонандаи синфи 10-и МТМУ №30, сокини ш. Душанбе меҳмони идора шуда, гуфт, ки чанде пеш барои оббозӣ ба маҷмааи «Кӯли Душанбе» рафта буд.

   - Ба маҷмаа бо пардохти 120 сомонӣ сари ҳар 1 нафар даромадем. Аз соати 10-и субҳ то соати 18:00 онҷо будем. Мавзеи хуб, обаш тоза, ҷойи тафреҳ аст. Аммо хӯроке, ки дар дохил мефурӯшанд хеле гарон аст. Ба меҳмонон иҷозати ворид кардани хӯрока нест, ҳатто об ҳам. 1 оби нимлитра, ки дар берун 7-8 сомонӣ аст, дар «Кули Душанбе» 12-14 сомонист. Оббозӣ одамро тез гурусна мекунад, маҷбур мешавӣ рафта, гарон ҳам бошад, чизе харида бихӯрӣ. Агар мо 3 нафар бо пардохти 360 сомонӣ даромада бошем, хурду хӯроки сабукамон он рӯз беш аз 200 сомонӣ шуд. Ман фикр мекунам нархнома, лоақал арзиши обу яхмос дар чунин маҷмааҳои тафреҳӣ бояд мисли аквапаркҳои дунё гуногун бошад, барои наврасон арзонтар, барои калонсолон гаронтар, барои кӯдакон дастрастар...

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter