ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода: Замон ва макони Абӯҳанифа

  • Чоршанбе, Авг 24 2022

 

 Нузули Умавиён

Замони Абӯҳанифа замони пурошӯб ва ноором буд. Хилофати умавиҳо бо душвориҳои зиёд дучор шуда, рӯ ба инқироз мениҳод. Дар ҳар қисмати хилофат шаҳру минтақаҳое буданд, ки аз итоат бар халифа саркашӣ мекарданд. Хусусан дар Осиёи Марказӣ ҳаракатҳои марказгурез ва истиқлолҷӯ хеле вусъат пайдо карда, худро мустақил медонистанд ва алайҳи хилофати умавиҳо хуруҷ мекарданд. Яке аз ҳамин гуна ҳаракати пурқувват-ҳаракат зери роҳбарии Абӯмуслими Хуросонӣ буд, ки Хилофатро ба ларза даровард.

Ғайр аз ин дар Ироқ ва Шом шӯриши хориҷиён, ҳаракати шииён, аз ҷумла алавиён ва ғайра низ, хилофати умавиёнро хеле заиф сохтанд. Кишварҳо ва сарзаминҳое, ки зери тасарруфи умавиён буданд, худро мустақил эълон карда, аз халифа дурӣ меҷустанд. Зери зарбаҳои нерӯҳои гуногун дар хилофат сулолаиУмавиён аз байн рафт ва ба сари қудрат сулолаи Аббосиён омаданд.

 

Рушди Аббосиён

Давлати Умавиён дар сиёсати худ ба арабият такя карда, дар воқеъ 1  салтанати арабиро таъсис дода буд, ки дар назари мардуми ғайри араб ҳамчун истилогар намудор мегардид. Тақрибан, бо вуҷуди бунёди давлат қарор додани ислом, ҷудоии дин аз давлат баръало намудор мешуд. Баъди ба сари қудрат омадани Аббосиён кӯшише ба амал омад, ки дину давлат зичтар пайванд дода шаванд ва хилофат давлати динӣ бошад. Аз ин ҷо дар умури давлатдорӣ такя кардан ба омили исломӣ, худро чун пешвоёни дин шиносонидан ба мардум, ташкили машваратҳои қозиён ва фақеҳон дар назди дарбор, ҳалли масоил дар асоси аҳкоми шариат ва андешидани чорабиниҳои дигар барои тақвияти ҷиҳати динии давлат истифода карда мешуданд, вале боз ҳам тафкик (ҷудоӣ-ред.)-и давлату дин аз байн нарафт.

 

Шӯриши «хориҷиён»

Сари қудрат омадани Аббосиҳо низоъ ва зиддиятҳоро дар хилофат аз байн набурд, баръакс ба сабаби зиёд шудани фишору таъаддӣ аз тарафи хулафои Аббосӣ, ноҳақию беадолатӣ, ошӯбу шӯришҳо нисбати Аббосиён пайваста зиёд мешуд.  Яке аз ҳамин гуна шӯришҳо шӯриши хориҷиҳо буд, ки зери роҳбарии Даҳҳоӣ ибни Кайс соли 745 ба амал омад. Шӯришгарон тавонистанд Куфаро тасарруф кунанд ва Мавсулро зери таъсири худ қарор диҳанд. Ба қавли Табарӣ то 120 ҳазор нафар зери парчами хориҷиҳо ба набард бархостанд. Хориҷиҳо, ки аз пайравӣ бо Алӣ дур шуда, гурӯҳи худро ташкил дода буданд, гирифтори таассуби динӣ гашта, гурӯҳи алоҳидаи сиёсиро ташкил медоданд.  Аз рӯи таълимоти онҳо ҳар мусулмоне, ки гуноҳи кабира содир кардааст, маҳкум ба қатл аст, зеро кофир шудаанд. Ҳамаи душманони сиёсии онҳо ногузир чун содиркунандагони гуноҳи кабира кофир эълон карда мешуданд. Хориҷиҳо дар тӯли инкишофу тавсиаи худ ба тағйироте дучор шуда, гурӯҳҳои алоҳидаро ташкил доданд, аз ҷумла;

-Азрақия, ки қатли гунаҳкорро бо авлоду занонаш воҷиб медонист. Онҳо пайравони Нофеъ бини Азрақ мебошанд, ки ҳар касе аз мусулмонон бо онҳо мухолифат варзад, мушрик ва қатлашро ҷоиз меднистанд. 

-Наҷдия дигар аз фирқаи хориҷия, пайравони Наҷд бини Омири Нахаъӣ қатли чунин касонро на ҷоиз, балки воҷиб медонад.

-Аҷорида (пайравони Абдулкарими Аҷрад) низ бо ин ақида шарик буд. Пешвояшон ҳатто сураи Юсуфро аз Қуръон намедонист.

-Фирқаҳои дигар Маймуния ва Суфрия-атбои Зиёд бини Асфор ба тақия (парҳез ва замонасозӣ-ред.) даст зада, зоҳиран бо ахкоми дастгоҳи ҳоким муроҷиат мекарданд, вале дар амал бо он мухолифат менамуданд. 

 

Абӯҳанифа зидди хавориҷ

Дар ҳар сурат дар замони Абӯҳанифа хавориҷ ба сабаби мухолифати ошкораш бо Умавиҳо ва Аббосиҳо тавонистанд мардуми зиёдеро дар атрофи худ ҷамъ намоянд ва бар муборизаи зидди хилофат даст зананд. Албатта, Абӯҳанифа таълимоти хориҷиҳоро ҳеҷ қабул карда наметавонист ва ошкоро зидди онҳо баромад мекард. Дар ин маврид ӯ мусулмононро бо сабаби гуноҳ содир кардан  кофир намедонист ва ғояи мурҷияро дастгирӣ мекард, яъне ҳукмро ба қазовати Худованд ҳавола менамуд.

 

Абӯҳанифа чӯбро ба гардан гирифту мансабро на!

Ҳаракати хориҷиҳо ба шикаст дучор гардид ва дар байни онҳо ва ҳокими Ироқ Ибни Ҳубайра сулҳ баста шуд. Дар мавриди сулҳ бастани Ибни Ҳубайра уламо, аз ҷумла Абӯҳанифаро ҳам даъват карда буданд, ки дар бораи авфи хориҷиҳо маслиҳат кунанд ва ба уламои машҳур мансабҳои муайянро пешниҳод намуданд. Бо ин роҳ мехостанд, ки аз обрӯи уламо истифода карда, мавқеи худро мустаҳкам созанд. Азбаски Абӯҳанифа ҳеҷ мансабро қабул накард, амири Куфа фармон дод, ӯро чӯб зананд ва ба ҳабс гиранд. Бо вуҷуди ҳамаи ин азобҳо ӯ таклифи амирро қабул накард ва амир маҷбур шуд, ӯро озод кунад. Баъди озод шуданаш Абӯҳанифа ба Макка сафар кард ва дар он ҷо паноҳ бурд.

 

(Давом дорад)

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter