ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 30 Октябр 2019 08:35

Салом, СССРи арҷманду мардумӣ! Бояд гуфт, ки аз қабули Қонуни нав «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» расо 10 сол сипарӣ шуд. Мувофиқи он мо 10 сол боз 5 октябрро ҳамчун Рӯзи Забони давлатӣ бо тантана ҷашн мегирем. Вале аз чӣ бошад, ки ҳоло ҳам дар баъзе ташкилоту идораҳо Қонуни пешинаи забон, ки 22.07.1989 қабул шуда буд, мавриди истифода қарор дорад. Инро дар мисоли овезаи Қонуни забони давлатӣ, ки дар ошёнаи 3-юми «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сутунмӯҳра», воқеъ дар беморхонаи Қарияи Боло (шаҳраки Шифобахш) мушоҳида кардам. Чун вориди ин бино шудам, чашмам ба овезаи Қонуни забон (айнан чунин навишта шудааст, ҳол он, ки бояд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» навишта мешуд) афтод. Ҳисси кунҷкобӣ боло гирифту онро бодиққат хондам. Ин овеза аз Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 22.07.1989 қабул шудааст, иборат буд, ки бо имзои раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶТ Ғоибназар Палаев тасдиқ шудааст. Ёбу гир!!! Наход дар давоми 10 соли ба имзо расидани Қонуни нави забон чашми ягон роҳбари баландпояи беморхонаи Қарияи Боло, Вазорати тандурустӣ ва ё Кумитаи Забон ба ин овеза наафтида бошад? Аз ин мебарояд, ки дар ин ҷо касе парвои забони тоҷикиро надорад!!! 

Н.Наврӯз,

муаллим, н.Фирдавсӣ

 

Чоршанбе, 30 Октябр 2019 08:33

Дуруд, СССР! Дар 2 мавзуъ кутоҳ гуфтаниям:

1.Агар рӯирост ва беғараз гап занем бояд аҳсант ба Киноофарони Туркия гуфт! Зеро солҳои охир актерҳои туркӣ дар тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ филмҳои ҳунариву бадеӣ офаридан доранд, дар шабакаҳои моҳворавию интернетӣ низ фаъоланду дар таблиғи маҳсулот пешгом ва идеологияро ба воситаи филм паҳну ташвиқ доранд. Мо-Тоҷикони сода бошем тамоми тангаи кисаи худро сарфи киноҳои туркӣ намуда, 24 соат чашмро аз ТВ наканда, тамошо дорем! Хайр, дигар чӣ кор кунем? Тоҷикфилм мисли замони советӣ дар офариниш нест. Лоақал, 10 кинои миллӣ месохтем, дигар ҳоҷат ба «облава» намемонд!!! Филмҳои патриотӣ ва ҷавонмардӣ дилхоҳ ҷавону наврасро барои хизмат ба Армия табиатан омода ва раҳнамун месозад. Ҳатто барои атфоли худ дар 28 соли соҳибистиқлолӣ ягон «мултфилм» наофаридем, то рӯ ба киноҳои туркӣ наоранд! 

2.Бузургии Ҳокимияти Советӣ дар он буд, ки тамоми аҳолӣ кор мекард. Дар Армия аскарҳо хизмати Ватанро адо намуда, аз он ҷо 5 панҷааш ҳунар бармегаштанд! Ҳоло қисми зиёди солдатҳо ё маҳбусон, ки қувваи бепули кориянд, аз ҳисоби хазинаи давлати ману шумо бе пул хӯрда хобанд. Дар аҳди Шӯравӣ солдатҳо ва маҳбусон дар корхонаҳо, сохтмонҳо кор мекарданд ва аз ин ҳисоб давлату ҳукумат 100% суд медид. Агар солдатҳо имрӯз дар Армия ба сохтмону касбу ҳунаромӯзӣ… ҷалб шаванду соҳиби диплому сертификат, фикр мекунам, «облава» тадриҷан аз байн хоҳад рафт.

Асадуллои Бохтарӣ,

н.Кӯшониён

 

Чоршанбе, 30 Октябр 2019 08:31

Мушкили миллӣ-6

Бе шак, ислоҳот ё худ реформае, ки солҳои ахир, ба вежа, ҳини раёсати Рамазон Раҳимзода дар ВКД меравад, шоистаи таҳсин аст. Милисаи мо аз пулиси солҳои қабл тафовути назаррас дорад. Шикамҳо пасттар, бозувон қавитар, либос шинамтар, одобу муошарат хубтар шудаанд. Аммо ин ба маъние нест, ки мо комилан аз таълиму тадрису реформа даст кашему бигӯем, ки ба ҷое расидаем, ки дигар ба мо чизе лозим нест. Баракс, замона дигар шудааст ва зимнан милиса низ бояд дигар шавад. Ман ҳоло ҳамагӣ 1 мисол меорам, то масъулин донанд, ки пулис ва он ҳам милиса бояд мавқеъшинос бошад! Мо Метавонем!

15.10.2019. Соат ба вақти Душанбе 16:30 дақиқа. Бо даъватномаи вежа ё худ VIP ба варзишгоҳи марказӣ рафтам. Пешопеш мегӯям, кош ҳаргиз намерафтам!!!

Тамомии роҳҳо то чанд километр ба стадион маҳкам. Кормандони БДА, дақиқан аз ниҳоди махсус (спец-подразделение) аз рӯи пули мавсум бар «Путовский» роҳҳоро бастаанд. Ба гуфтаи бобои Ғулом «аз ягон тураққӣ» низ даромада намешавад. Пеши ину он нозир истода, мефаҳмонам, ки даъватномаи VIP дорам, вале аз санг садосту аз онҳо не. Ҳарфашон якест:

-Чуррррррр!!!! Яъне бо ҳуштак мегуфтанд, ки аробаатро каш!

Ба куҷо кашам? Номаълум! Хулласи калом, баъди саргардониҳои барзиёд, ахиран 1 посбони Кохи Наврӯз «иҷозат!!!» дод, то аробаамро ба таваққуфгоҳи ин бино дарорам. Фикр мекунед, мушкилам осон шуд? На! Баракс, нав сар шуд сарсониҳои ман.

4 тарафи варзишгоҳ моломол аз пулис. Муҳимтар аз ҳама, инҳо милисаҳои кадом шаҳру ноҳия ва ҳатто низомиёне буданд, ки натанҳо футбол ва шаҳрро намедонистанд, ки парвои касеву чизе надоштанд. Маълум буд, ки ин бечораҳоро низ зӯракӣ овардаанд, ки хеле хашин менамуданд. Сафи пулис, низомӣ, калтаку ҳуштакдор онгуна зиёд буд, ки фикр мекардӣ, бозӣ дар Душанбе-оромтарин пойтахти Тоҷикистони азиз не, ки дар Кобули Афғонистон ё Димишқи Сурия мегузарад. Бе ҳеҷ муҳобо, ҳазорон-ҳазор, ба таъбири Сӯҳробшои Фаррухшо, миллиард-қиллиард милиса, на танҳо стадион, ки нисфи Душанберо печонида гирифтаанд. Ва бархе на одоб доштанд, на футболро мефаҳмиданд, на варзишро ва на маданияти мухлисиро. То расидан ба варзишгох дар чандин ҷо мухлисинро манъ кардаву чуррак кашидаву ҳақорат додаву тафтиш карда, чунон асабӣ мекарданд, ки ба ҳурмати Худо аз мунтахаб ҳам безор мешудиву аз футбол низ!!! Гӯиё мунтахаби Афгонистон дар Кобул ё дастаи Сурия дар Ироқ бозӣ дораду садҳо муҷоҳиду «смертник» ба стадион худу дигаронро кафондан мераванд...

О, ҳамон 2 ҳалкаи ОМОН ва тафтиши дари варзишгоҳ бас будагист, охир?! Бовар кунед, мухлисони Япония, ки ин манзараро тамошо доштанд, пас аз ин бозӣ 100% фикр доранд, ки дар 1 кишвари ноором, пури милисаву низомиву солдату армия... ва моломол аз террористу муҷоҳиду «смертник» бозиро тамошо кардаанд... О, ин хели бадам не-да?!

Барои кайк пӯстинро намесӯзанд! Бархе масъулин барои таъмини тартибу низом, вазъиятро онгуна печида кардаанд, ки воқеан ҳам фикр мекунӣ, тоҷикон ҷумлагӣ «хулиган», авбош, ғоратгар ва ҷангараанд. Эй, масъулин! Ман бозии футболро дар бархе аз калонтарин варзишгоҳҳои Аврупо тамошо кардаам. Он ҷо доду вою фарёду занозании мухлисинро бинед, мегӯед, ки қиёмат қойим шудааст. Дар бозии Атлетико бо Реали Мадрид (на Барселона, ки инро мухлисини асил медонанд!), Зениту Спартаки Маскав, Бавария бо Боруссия, Ливерпулу Арсенал онгуна мағалу кашмакашу занозанӣ мешавад, ки ҳисобаш гум. Аммо ин 1 ҷузъи футбол аст, охир! Вале ин қадар пулисе, ки дар варзишгоҳи Душанбе он шом буд, дар ягон гӯшаи олам надидаам! Ҳаргиз намегӯям, дар мо низ чунин бояд бошад. Вале эҳтимолияти пиндорро бояд пулис донад. Ва ба стадион онҳое бояд сафарбар шаванд, ки футболро медонанд. Ҳадди ақалл ба онҳо бубояд гуфт, ки футбол чисту мухлис кист! Ёдам ҳаст, ки боре 1 мухлиси Равшанро пулис ҷанг мекард, ки чаро байрақи Равшанро бардоштаасту суруди футболӣ мехонад ва насиҳат мекард, ки «Мо 1 парчам ва 1 давлат дорем!». О, буродарон, байрақу гимну рамзи клуби футбол дигар чисту парчаму рамзу гимни давлат дигар чи!!!

Ҳамон рӯзи бозӣ бо Ҷопон маро ба VIP роҳ надоданд. Дақиқтараш худам нарафтам. Зеро аз фаҳмонидани милисаҳо, ба таъбири ҳамон Бобои Ғуломи таърихӣ «даҳонам пашм баровард!». Мушкил ин буд, ки якеро мефаҳмонидаму чанд қадам гузашта, дар ситами дигар милиса меафтодам ва манзара такрор мешуд… Ҳамроҳи ман 7 хориҷӣ низ дар даст даъватномаи VIP доштанду ахиран дилсард шуда, паҳлӯям, дар қатори поинтарин, ки он ҷо билет ҳам намефурӯшанд, нишастанд. Дигар ҳамин аст, бархӯрди милисае, ки намедонад футбол чисту меҳмони VIP кист?!

Воқеан ҳам кормандони ОМОН ва УУР (афсарони таъиноти махсус ва раёсати ҷустуҷӯи ҷиноӣ), ки ҷумлагӣ аз футбол бархурдоранд, бо мухлисин бисёр додуситади ҳасана доштанд ва ҳатто маро мешнохтанду аз ситами милисаҳои даъватии сарироҳӣ чандин бор “наҷот”-ам доданд. Ба фикрам будани ҳаминҳо дар дилхоҳ бозӣ кофист! Зеро онгуна, ки пулис он рӯз мардумро ғам дод, ягон фанат, мухлис, “хулиган” ғам надода буд...

PS: Ҷопон ғалаба кард. 3:0. Вале ин пирӯзии тими мо буд, ки бо самурайҳо хеле хуб бозидем. Пирӯзиҳо баъди чунин шикастҳо аз абарқудратҳои футболи ҷаҳонӣ муяссар мегарданд. Ва касе фикр дорад, ки мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ “шарманда” шуд, аз ҳамон милисаҳое, ки аз футбол 1000 чақрим дуртараканд, фарқе надорад. Тоҷикистон ба пеш! Мо Метавонем!

 

Ҷумъа, 25 Октябр 2019 14:25

   1.11.2019 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар таътили тирамоҳӣ оғоз гашта, он то 10.11.2019, яъне 10 рӯз  идома хоҳад ёфт.

   Тавре ба мухбири СССР аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ хабар доданд, чоряки якум 31 октябр ҷамъбаст гардида, хонандагон ба муддати 10 рӯз ба таътили тирамоҳӣ мебароянд. Бояд гуфт, ки тибқи тағийротҳои роҳандозишуда, таътили тирамоҳӣ 10 рӯз (аз 1 то 10 ноябр), таътили зимистона 10 рӯз (аз 1 то 10 январ), таътили баҳорӣ 7 рӯз (аз 25 то 31 март) ва таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома ёфта, машғулиятҳо барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба итмом мерасанд.

 

 

 

 

Ҷумъа, 25 Октябр 2019 14:24

   Пагоҳ, 26.10.2019 дар назди Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и пойтахт Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ баргузор хоҳад шуд. Он бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Душанбе ва Вазорати кишоварзии ҶТ сурат гирифта, қарор аст дар он хоҷагиҳои шоликори кишвар маҳсули дастранҷи хешро ба сокинони пойтахт пешниҳод намоянд.

   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд, ҳамчунин дар фестивал таомҳои миллии аз биринҷ омодагашта, хони миллӣ, гӯшаи анъанаҳои миллӣ густурда ва барномаи фарҳангӣ доир хоҳад гашт.

 

 

 

Ҷумъа, 25 Октябр 2019 14:20

 

    Сафорати ИМА дар ҶТ ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таҷҳизоти муайанкунандаи радиатсияро тақдим намуд. Ин тӯҳфаи хайрия рӯзи 22.10.2019 тавассути кордори муваққатии сафорат Ҷон Гинкел ботантана супорида шуд.

   Бояд гуфт, ки таҷҳизоти мазкур аз ҷониби Идораи муайянкунандаи қочоқ ва назорати моддаҳои ҳастаии вазорати энергетикаи ИМА (NSDD), дар ҳамкорӣ бо Агентии бехатарии ядроӣ ва радиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудааст. Таҷҳизот аз тарафи Хадамоти давлатии гумруки ҶТ истифода ва хизматрасонӣ карда, барои мубориза бар зидди қочоқи маводи ҳастаӣ, ки ҷузъи муҳими ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақавӣ ба ҳисоб меравад, истифода бурда мешавад.

     Аз соли 2013 инҷониб Идораи муайянкунанадаи қочоқ ва назорати моддаҳои ҳастаии вазорати энергетикаи ИМА (NSDD) беш аз 2,7 миллион доллари ИМА-ро барои дастгирии кӯшишҳо баҳри мубориза бо қочоқи маводи ядроӣ ва радиологӣ харҷ намудааст.  Дар давоми ин муддат NSDD Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо 8 адад системаи муайянкунӣ ва 4 адад борхалта барои муайян намудани радиатсия таъмин намудааст.

 

 

Ҷумъа, 25 Октябр 2019 08:52

 

24.10.2019. Валӣ Самад-адабиётшиноси тоҷик, корманди собиқи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А.Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон дар синни 83 даргузашт.

Валӣ Самад 20.01.1936 дар деҳаи Ворухи н.Исфара ба дунё омада, с.1956 Омӯзишгоҳи педагогии Конибодом ва с.1961 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш.Хуҷандро хатм карда, нахуст ба ҳайси референти Ҷамъияти «Дониш»-и вилоят,сипас ба сифати муаллими донишгоҳи Хуҷанд фаъолият кардааст. С.1964 ба аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шомил шуда, курси асосиро дар шуъбаи робитаҳои адабии Институти адабиёти ба номи Низомии АИ Озарбойҷон гузаронид ва соли1976 дар мавзӯи «Масъалаҳои умдаи пайванди адабии халқҳои тоҷику озар дар садаиXIX»рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Муаллифи 15 рисола ва 350 мақола дойир ба таърих ва паҳлуҳои гуногуни равобити адабии халқи тоҷик бо халқҳои русу озар, гурҷию арманӣ, туркману тотору ӯзбекмебошад.

Китобу рисолаҳои «Масъалаҳои асосии равобити адабии халқҳои тоҷику озар дар садаиXIX» (ба забони русӣ; Боку-Душанбе, 1975), «Пайвандҳои адабӣ–омили муҳимми рушди адабиёт» (1976), «Тӯшаи ҳамдилӣ» (1989), «Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал» (1992), «Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» дар Қафқоз» (Теҳрон, 2000), «Дурахши як ахтари сӯзон» (ҷ.1, 2001; ҷ.2, 2013), «Бозгашт ба Ироншаҳр» (Ереван, 2003; дар ҳаммуаллифии Вика Аракелян), «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва Чернишевский» (2004, 2005), «Меҳрнома» (бахшида ба ҷашни 80-умин солгарди зодрӯзи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ; Теҳрон 2007) аз беҳин дастовардаҳои илмию адабии Валӣ Самад буда, рисолаи охир сазовори Ҷоизаи ҷаҳонии «Китоби сол»-и ҶИ Эрон (2005) гардидааст. Ҳамчунин, китоби мазкур дар «Озмуни дувуми байналхалқии давлатҳои муштаракулманофеъ дар боби фарҳанги китоб (Маскав, 9 сентябри 2005) сазовори дипломи дараҷаи 3 гардида, соли 2012 ба хатти форсӣ дар Теҳрон чоп шуд.

Устод узви раёсати Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ (аз июли 1989), узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Озарбойҷон (аз октябри 1993), узви ифтихории Ассотсиатсияи ховаршиносони Арманистон (аз марти 2003), узви раёсати Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон (аз марти 2003), узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Рӯдакӣ» (Эрон, 2000) ва маҷаллаи «Адаб» (Тоҷикистон, 2001) мебошад. Аз с.1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

 

Панҷшанбе, 24 Октябр 2019 09:15

    Варзишгари маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков пас аз ғолибият дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Марокаш довталаби асосии Ҷоизаи Президенти ҶТ дар ҳаҷми беш аз 50000 сомонӣ гардид. Бояд гуфт, ки Комиссияи ҷумҳуриявии Ҷоизаи Президенти ҶТ барои варзишгарон то охири сол натиҷаи Сомон Маҳмадбековро мавриди баррасӣ қарор дода, бо зиёд гардидани натиҷаи ин варзишгар то охири сол эҳтимоли зиёд гардидани маблағи ҷоизапулӣ дар назар дошта мешавад.

   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, Сомон Маҳмадбеков аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳар моҳ дар ҳаҷми 300 доллари ШМА низ бархӯрдор мебошад.

   Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати ҷаҳон дар Марокаш паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кг миёни ҷавонон аз рӯи варзиши дзюдо қаҳрамони ҷаҳон гардид. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланди ҷаҳонӣ, ки 517 варзишгар аз 81 кишвари олам ширкат варзиданд, варзишгари шинохтаи кишвар ба ҳамаи рақибон пирӯз гардида, медали тиллои мусобиқаро ба даст овард.

Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал дар 1,27 сония варзишгари Кипр Семедо Скавдиниоро бо ғолибияти тоза (иппон), шикаст дода, дар даври дуюм Масабиров Асад варзишгар аз Ҷумҳурии Қирғизистонро дар 2,38 сония бо ғалабаи тоза низ шикаст дода ба даври сеюм роҳхат пайдо намуд. Дар даври сеюм Сомон бо Умаев Абдумалик аз Белгия рақобат намуда, дар 3,15 сония ба ин варзишгар ғолият соф ба даст овард. Дар даври ниманиҳоӣ Сомон бо варзигари австралиягӣ Гаснер Самуел дар 19 сония ғолибияти соф ба даст оварда, ба финали мусобиқа роҳхат пайдо намуд. Дар дидори ниҳоӣ Сомон бо варзишгари рус Елбакиев Георгий дар 3,42 сония ғолибияти тоза ба даст оварда, чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо дар вазни 73кг гардид.

 

 

саҳ 3 аз 13

Китобҳо

Flag Counter