ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 02 Октябр 2019 08:23

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР Расул Ҳомидов аз ноҳияи Мастчоҳ (тел: 92 729 32 90) ба СССР занг задаву гуфт, ки барои чӣ радиову телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ба ҳаводиси ахири Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо қирғизҳо ягон хабаре пахш накарданд? Ин дар ҳолест, ки тамоми ВАОи хусусиву давлатии Қирғизистон аз аввал то охир, росту дурӯғ иттилоъ расониданд. Пас ба кӣ бовар кунем??? То ҳатто нашрияҳои давлатии мо, ки аз буҷаи Тоҷикистон нашр мешаванд, ягон хабаре надоданд, то воқеиятро бифаҳмем!!!

Аз СССР: Ҳамзамон Комилҷон Мӯминов аз ноҳияи Мастчоҳ дар суҳбати телефонӣ гуфт, «мо-мастчоҳиён омодаем, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассоси сарҳадӣ дар даст силоҳ гирему марзи Ватан-Модари худро посбонӣ кунем! Мо Метавонем!!!»

 

Чоршанбе, 02 Октябр 2019 08:21

Салом СССРи азиз! Наход зиндагии инсон фақат 1 паспорт бошаду одамиву одамгарӣ дар ҷои 2-юм истад? Бародарони гиромӣ, мо дар давре қарор дорем, ки ҳаёт ниҳоят вазнин аст ва мард бояд ана дар ҳамин давра якдигарро дастгирӣ кунад. Чунки баҳсу мунозираи ҳамсояҳо аз 1 сӯ ва аз сӯи дигар бесаводии баъзе ашхос албатта ба манфиати мо нест. «Орзуи помирӣ-паспорти помирӣ» ном матлабро дар СССР хонда будам, ки ин фақат ва фақат барои якпорчагии Ватан хатар эҷод мекунад. Аммо на ҳама помирӣ чунин орзу дорад! Помир боз аз дигар халқиятҳо низ иборат аст. Вахёиҳо, ки таърихи тӯлонӣ доранд, инро хуб дарк кардаанд. 1 вақтҳо хонигарии Вахон буд, куҷо шуд он хонҳо? Ишкошим тамоман ҷои бузург аст, ки он ҷо Сӯфӣ Муборакқадам, Мулло Шамшери вахонӣ ба Тоҷикӣ шеър эҷод мекарданд. Мо бояд дар гирди Пешвои Миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ шавем. Ба гуфти худи помириҳо, мо президентро асло танҳо намемонем. Ҳозир бо ташаббуси ин марди майдон, агар нағз фикр кунем, роҳи Помир-Кӯлоб-Душанбе шабу рӯз кушодагӣ. Мо-помириҳо Тоҷик будем, ҳастем ва мемонем. Ватани мо Тоҷикистони азиз аст! Ва Мо Метавонем!

Азизбеков Саидалӣ Иброимович,

н.Ишкошим

 

Чоршанбе, 02 Октябр 2019 08:18

Ман ба ягон дини ҷаҳонӣ зид нестам, лек бардошту тоқати шунидани гуфтаҳо, нақлҳо, афсонаҳои бардурӯғи исломӣ ва рӯҳониёнро надорам. Ман мунтазир будам, ки оид ба навиштаҳоям аз Академияи илмҳо, Кумита оид ба дин, Шӯрои уламо, Маркази исломшиносӣ, озодфикрони тоҷик… садое мебарояд, вале ҳама хомӯшанд! Ё зӯри посухгӯӣ надоранд, ё газетаи СССРро намехонанд… Танҳо раҳматӣ Султон Наврӯзов худро нишон дода буд. Мегӯянд, дар интернет ба матолиби ман зиёд акси садо мешавад, лек мани бемору солхӯрда интернетро нафаҳмам. Ман 1 шахси Ватандӯсту Ватанпараст ва миллатдӯст ҳастаму халос. Мехоҳам Ватанро аз таъсиру гирдоби лойолудаи бегонагон озод бинам. 80-90 сол пеш чи хел хонаҳо доштем. Хонаҳои похсагин, болояш бо хок (андова), най пӯшонида шуда буд. Дар мобайни хона чуқурие кофта, чагдон месохтанд. Аз дуди хасу таппак дар хона нишаста намешуд. Дар 1 кунҷи хона одамон хоб рафта, дар кунҷи дигар гӯсолаю барраю бузғоларо мебастанд, то ки аз хунукӣ намуранд. Ҳоло-ку аз дороӣ аз ун ҳолатҳо даст кашидем. Агар чунин бошад, пас чаро наметавонем аз 1 қабза риши пахмоқи рӯямон даст кашем? Чӣ фоидаю манфиате дорад ҳамин риш? Ҳар давлате барои худ тартибу қоида дорад ва мардумро назорат мебояд. Ҷашну маъракаҳо ва тарзи либоспӯшӣ дигар шуд. Наход то ба он ҳадде расида бошем, ки ҳукумат тарз ва синну соли ришмониро ҳатмӣ созад? Дар Қуръон оид ба риш мондан ояте нест!

Комрони Далер,

ш.Бохтар, тел: 919 28 30 00

 

Чоршанбе, 02 Октябр 2019 08:15

Мушкили миллӣ-2

Ман ростӣ, 1 чиро намефаҳмам. Чаро милисаву амниятӣ, қаровулу обмону пахтакору вазиру сағир кор кунанд, миннат намегузоранду чанд сакалтуе, ки худро интеллигент мешмаранд, бояд 1 умр миллатро миннат гузоранд, ки мо ину он корро кардаему мекардем? Ҳуй, коргардон-режиссер, ки ҳастӣ, хайр мондӣ 2-3 саҳна, навор гирифтӣ 1-2 филм, дар саҳна бозидӣ ину он нақшро, 3-4 суруд хондӣ, 5-6 мақола навиштӣ, 7-8 шеър гуфтӣ... О, бе пул накардӣ-ку? Маош гирифтӣ, гонорар гирифтӣ, унвон гирифтӣ, пул гирифтӣ, арақ хӯрдӣ, фаҳшо кардӣ, зино намудӣ…ва омада-омада ба миллату давлатат хиёнат мекунӣ акнун? О, ту аз куҷо гирифтӣ, ки Нофи Замин туиву бояд мардум пешат чорқаду дуқад шуда истанд?

Марзбоне, ки дирӯз дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон фавтид, миллиард бор аз ту боло меистад, ки ҷонашро нисори Ватан намуд! Агар туи химчамиёнро 2 пасипуштӣ мезаданд, 100 соли дигар ин миллатро миннат мегузоштӣ, ки қаҳрамони ҳама асру замонҳо худат будаиву мо бехабар!

Ман чанд рӯз пеш дар тантанаҳои давлатӣ ширкат доштам. Оё, ту ва тубаринҳо медонед, ки ин миллат Тоҷикистон сохтан дорад? Бо як даъвати Президенти ҶТ ҳазорон-ҳазор соҳибкор, раису вазиру сағиру кабир, коргарони одӣ, колхозчиҳо, занҳои беваву бекас, ятиму барҷомондагон ба кӯчаҳо рехта, шаҳру кӯчаву деҳу қасабаашонро ободу зебо кардаанду мекунанд. Вале чанд Туҳо фақат меноледу менолед ва аз ин заъифитон боз меболед. Падару модаронатон нони ҳукумат мехӯранд, бародарону хусурҳоятон дар вазифаҳои калидии амниятӣ ва қудратӣ кор мекунанду туҳо меноледу мефолед. О, ин қадар зидди ҳукумату давлат бошед, аз наздиконатон талаб кунед, ки кор дар сохторҳои давлатро қатъ кунанд. Пушти кӣ пинҳонед туҳо??? Чаро Шумо намегӯям, зеро ба ин вожа сазовор наед…

Ҳуй, буродарон! О, тамомии унвонҳоро доред! Аз номи ҳамин миллат дунёро мечархед! Боз шарм надошта, миллататонро гову хару подаву гала меномед? Боз 2-3 хари дигар мисоли худатон бар навиштаҳоятон лайк мемонанду дигар оламатон гулистон… Туҳо ҳаққу ҳуқуқи ин миллатро таҳқир кардан на-до-реддд! Агар қафқозие ин корро, ки туҳо дар ҳаққи миллат мекунед-мекард, барвақт сарашро мебурриданд…Ва хуб ҳам мекарданд! Аммо туҳо гургро дуру майдонро холӣ дида, дар ҷавлонед.

Маро 1 муаммо хаста кардааст, ки ин сакалтуҳо онҳоеанд, ки забони модару падарашонро намедонанд, китобу рӯзномаи тоҷикӣ намехонанд, даъвои алифбои ниёгон доранду ҳатто сирилики тоҷикиро намедонанд, аз падару модар рӯ тофтаву худро ғайритоҷик мехонанду порс… Ва бар патриотҳои ин миллат чун кайк байни поҷома дармеафтанд…

Шояд фурсате расида, ки бар ин сакалтуҳо посухи сазовор диҳем? Чун дар дигар кишварҳои демократитарини олам. Фарзи мисол, бародаронашон, ё хусурҳояшон истеъфо раванд. Кайк бар почаи худашон часпад! Чӣ гуфтед? О, мегӯянд-ку, дар мо демократия нест. Бигзор ҳис кунанд. Зеро волидайну хешони хиёнаткорон ҳатто дар Фаронсаву Англияву Амрико дар сохторҳои амният кор намекунанд. Фикр доред, наздикони Эдвард Ҷозеф Сноуден (англ. Edward Joseph Snowden)-и амрикоӣ, ки хиёнаткор маҳкум шудааст, дар СРУ кор мекунанд? Ҳаргиз! Вале хешони ин тоҷикакҳо дар вазоратҳои калидии мо кор мекунанд… Ва ин проблема аст. Мушкиле, ки бояд дар Шӯрои Амнияти ҶТ ҳаллу фасл гардад. Мо Метавонем!

Беҳуда клоссики мо нагуфта буд:

Тараҳҳум бар паланги тездандон,

Ситамгорӣ бувад бар гӯсфандон…

Ман ҳам медонам, инҳо шағоле беш наянд, вале сухани Саъдиро набитвонистам дигар кунам дар ҳаққашон в-арна бад нест, ки гӯем,

«Тараҳҳум бар шағоли бе(з)дандон…».

Ман аз ҳама хонандагони газетаи мардумӣ ва аъзои Ихвон ал СССР сареҳатан дархост дорам, ки бо душманони синфӣ, душманони миллат, душманони забони Тоҷикӣ ва душманони давлати Тоҷикон ба муборизаи беамон хезанд. Мо пирӯз меоем. Мо Метавонем!

Зимнан аз аъзои Шӯрои амнияти кишвар низ дархост дорам, ки роҷеъ ба хешу табору аҳли қабоили ин хоинон назарашонро фош кунанд. Ё ин ҷо чӣ сирру асрори моливу пулист, ки онҳо калидбадасти мақомотанд? Нависед! Мо чоп мекунем. Мо Метавонем!

 

  •  << 
  •  < 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  11 
  •  12 
  •  13 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 13 аз 13

Китобҳо

Flag Counter