ХАБАРИ ДОҒ

ТОҶИКИСТОНРО ТАҚСИМ КАРДАН МЕХОСТАНД

  • Чоршанбе, Июл 19 2023

 

Ё қаҳрамонии 1 милисаи кассбӣ бар зидди ҳазорон хоини ватан

Моҳи майи соли 1993 аввалин қатораи паноҳандагони тоҷик, аз Афғонистон тавассути шаҳри Термези Узбекистон вориди навоҳии Шаҳритусу Қубодиён гашт. Дар истгоҳи роҳи оҳани “Хушодӣ”-и ноҳияи Шаҳритус, бозгаштаҳоро сардори онвақтаи ШКД ноҳия Сафолбек Расулов пешвоз гирифт. Муҳоҷирони қурбонии сиёсат гашта, ки дар зоҳиру ботини ҳар яке тарсу бим ба мушоҳида мерасид, баробари аз қатора пойин шудан ва дидор бо дӯсту бародари деринашон Сафолбек Расулов, нерӯи тоза гирифтанд. Расулов қаблан дар ноҳия сарварии шуъбаи тафтишотии ШКД-ро ба уҳда дошт ва хурду бузурги навоҳии Шаҳритус ва Қубодиёну собиқ Бешкент, имрӯза Н.Хисравро хуб мешинохт.

 

Эҳтиёт-ними ҳаёт!!!

Расулов зимни суҳбат бо паноҳандагон, ҳар якеро ҳушдор дод, то аз силоҳбадастон худро эҳтиёт кунанд, зеро дар он лаҳзаҳои ҳассос силоҳдорон қодир ба ҳар гуна бадкорӣ буданд. Аксар аз ин бодовардаҳо, намехостанд паноҳандагони тоҷик ба ҷойҳои муқимии худ баргарданд. Аллакай дар Шаҳритусу Қубодиён қитъаҳои замини тоҷикони фирорӣ, миёни силоҳбадастону наздикону пайвандонашон тақсимбандӣ шуда буд. Бино ба гуфтаи мардуми маҳаллӣ, чунин имтиёзотро барои ҷангиёни кучӣ полковники балвогар Маҳмуд Худойбердиев фароҳам овард. Ҳарчанд онҳо худро аъзои фронти халқӣ ва барқароркунандаи ҳукумати конститутсионӣ маънидод мекарданд, аммо дар асл фармонбардори хадамоти ҷосусии ҳамсоякишвар буданд.

 Расулов хуб медонист, ки силоҳбадастони кинапарвар ҳатман даст ба иғвое хоҳанд зад. Аз ин рӯ, тамоми ҳайати милисаро дастур дод, то амнияти бозгаштаҳоро бо қимати ҷон ҳам бошад, таъмин кунанд. Таъмини амнияти паноҳандагон коре буд басо мушкил. Сохтори милиса навташкил ва сафи кормандонаш ҷавобгӯ ба талабот набуд. Аз чунин нуқтаи заъф силоҳбадастон истифода бурда, на милисаро гуш мекарданд ва на дигар ниҳодҳои қудратиро. Аммо бар рағми ин ҳама тангназарони курдил, Расулову ёронаш назди иқоматгоҳи муваққатии гурезаҳо пости назоратӣ ташкил карда, амнияти онҳоро рӯи даст гирифтанд.

 

Шаби аввал-шаби дарозтарин буд...

Собиқ раиси хоҷагии деҳқонии “Авесто”-и ноҳияи Қубодиён марҳум Раҳматулло Абдуллоев рӯзҳои аввали бозгашт ба Ватанро ашкрезон чунин ёдовар шуда буд: “Вақте моро дар саҳни мактабе ҷой доданд, шаби аввал гуруҳҳои силоҳбадаст наздамон омада, қисмате аз молу амволамонро зуран кашида гирифта, чанд мушту лағад ба сару руямон заданд. То саҳар мижжа таҳ накардам ва баробари дамидани субҳ пойи пиёда суи ноҳияи Шаҳритус равона гаштам. Шукр, ки Расуловро дар назди бозори марказӣ вохурдам ва воқеиятро ба ӯ гуфтам. Расулов асабонӣ шуд ва худи ҳамон лаҳза гуруҳи иборат аз 10 нафарро ҷамъ карда, роҳ сӯи деҳа пеш гирифтем. Расулов бо ҳамроҳонаш дохили мактаб камин гирифтанд. Баъд аз чанд дақиқа силоҳбадастон савори мошинаҳои сабукрав назди мактаб қарор гирифта, ҳақораткунон вориди ҳавлӣ гаштанд. Ин дам Расулову ёронаш онҳоро иҳота карда, қатъӣ амр карданд, то силоҳҳояшонро ба замин гузоранд. Силоҳбадастон таслим шуданд, Расулов дасту пойи онҳоро баста ба шуъба бурд...

Аз ин ба баъд, Расулов милисаҳоро вазифадор кард, то моро посбонӣ намоянд. Тасаввур кунед, агар Расулов намешуд ва сарвари милиса ягон таҳҷоӣ мебуд, он гоҳ медонед аҳволамон чӣ мешуд”...

 

 1 тан бар зидди 100 силаҳшӯр

Дар дигар деҳоти тоҷикнишин низ аҳвол чунин буд: шабонгаҳ силоҳбадастон шабохун зада, гурезаҳоро зери лату куб қарор медоданд, гулдухтаронро бо худ мебурданд ва чанд ҷавони тоҷикро низ беному нишон карда буданд. Ба доди онҳо низ Сафолбек Расулов расид ва дар 1 муддати кутоҳ дигар аз бедодгарон осоре намонд.

 Расулов аз соли 1993 то соли 2007 сарварии милисаи ноҳияи Шаҳритусро ба уҳда дошт. Рӯзҳои аввал силоҳбадастон чеҳраи ғаддори худро нишон дода буданд: Тоҷикпарварию фарзанди содиқи ватан ва ҳомии гурезаҳо будани Расулов онҳоро нороҳат мекард ва бо ҳар роҳ мехостанд Расуловро аз сари роҳи худ дур созанд. Сараввал онҳо дар муқобили Расулов тарсу ваҳмро пиёда карданӣ шуданд: Чандин маротиб хонаи ӯро тирборон карданд, ҳар гуна варақаҳои таҳдидомез унвонии ӯ фиристоданд, теъдоди дигар рӯйрост ӯро ҳушдор медоданд, ки ба хубӣ тарки ноҳияву вазифа кунад. Ҳатто бародари Маҳмуд Худойбердиев аснои суҳбат бо Расулов рӯйрост аз Расулов даъват кард, то вазифаро ихтиёран супораду тарки ноҳия намояд. Аз чунин “маслиҳати дилсӯзона” Расулов руҳафтода нашуд, балки ба он дасисабози ошӯбхоҳ посухи сазовор дод.

 

Темури Ланг-II ва шикасти ӯ

 Солҳои 1995-96 як зумра аз тарҳрезони тақсимбандӣ намудани қаламрави кишвар, ки бо роҳи зӯрӣ дар вазифаҳои давлатии ноҳияи Шаҳритус фаъолият доштанд, хостанд аҳдофи муғризонаи худро дар қаламрави ноҳия роҳандозӣ кунанд. Сафолбеку ҳамроҳонаш аллакай аз ниятҳои нопоки ин зумра аз бадхоҳи миллат огаҳ буданд. Рӯ орем ба хотироти қаҳрамони ин очерк, Сафолбек Расулов:

- Холбой Эшматов (мутахаллис ба Холбойи Ланг), ки қаблан ҷиноятпешаву қартабози гузаро буд, аз лаҳзаи барояш мувофиқ истифода бурда, зӯран вазифаи муовини сарвари ноҳияро соҳиб шуд. Овони ҷанги ҳамдигаркуш ӯ ба худ лақаби Темури Лангро гирифт, зеро ӯ аз зумраи он тарҳрезони миллаткуш буд, ки ҳавою ҳаваси ба ҳамсоякишвар додани ҳудуди заминҳои Шаҳритусу Қубодиёнро дар сар мепарварид. Буданд теъдоде аз мардуми роҳгумзадаву ҷилаваздастдода, ки ба ҳар гапу сухани ӯ гӯш медоданд.

             Билохира, Холбойи Ланг мардуми маҳаллии ноҳияи Шаҳритусро ба намоиши эътирозӣ даъват карда, хост дар ноҳияи Шаҳритус таҳаввулот кунад. Микрофон дар даст ин рубаҳи ланг талаби истеъфои ман ва дигар аз тоҷикони дар вазифаву мансаббударо кард. Ҷонибдоронаш бо 1 овоз фарёд зада, суханони он Темури замонро такрор мекарданд. Дар он рӯзҳои мушкилзо пайи иҷрои коре дар шаҳри Душанбе қарор доштам. Аз вазъи ба миёномада телефонӣ огаҳам карданд ва аз роҳбарияти ВКД иҷозат гирифта, бо дастаи махсус худро ба ноҳия расонидем. Тарҳу нақшаи сиёҳи бадхоҳон бар бод рафт.

 Лозим ба ёдоварист, ки солҳои 1993-94 Холбойи Ланг дар ҳамҷоягӣ бо дигар аз бадхоҳони миллат - Бахтиёр Алимардонов, Ибод Бойматов ва фармондеҳи ҷангиёни регарӣ Сашка Мирзоев 600 нафар аз силоҳбадастони минтақаи Регарро бо силоҳу муҳимоташон ба ноҳияи Шаҳритус оварда, дар деҳае ҷой дода буданд. Ҳар касе аз назди қароргоҳашон мегузашт, ҳадафи тир қарор мегирифт. Ба гуфтаи Сафолбек Расулов, тӯли 1 ҳафта аз дасти он силоҳбадастони ғайриқонунӣ 13 нафар аз сокинони ноҳия, ки аксар гурезаҳои аз Афғонистон баргашта буданд, ба қатл расиданд. Холбойи Ланг талаб пеш гузошта буд, ки баъд аз хатти нерӯҳои марзбонии рус, хатти дуюми марзро онҳо ташкил мекунанд ва таъмини ҳифозати сарҳадро ба уҳда мегиранд. Аммо дар асл мақсади ин гуруҳ, пора-пора кардани қаламрави кишвар буд, ки дар маҷмуъ идораву назорати онҳоро хадамоти махсуси дигар кишварҳо ба уҳда дошт.      

  

Абдуҷалил Салимов дастбакор мешавад!

Чунин ранг гирифтани кор Сафолбеку ёронашро нороҳат гардонид. Аз ин рӯ, илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ ҷуста, аз вазъияти хатарзо собиқ раиси вилояти Хатлон Абдуҷалил Салимовро огаҳ намуданд. Бо ин гурӯҳҳо, ки аз ҷониби хадамоти ҷосусии дигар кишварҳо идора мешуданд, ҳар гуна машварату музокирот бефоида буд. Билохира, Сафолбек Расулов аз зумраи ҷавонмардони ғаюру далери миллат 1 гурӯҳи махсус таъсис дода, дар дафтари кории Салимов тарҳу нақшаи хунсо кардани бадкорони миллатро кашиданд. Салимов аз Сафолбек хоҳиш кард, то корро бидуни хунрезӣ ба анҷом расонанд. Дар навбати худ Расулов раисро мутмаин сохт, ки гурӯҳҳои ғосибро тариқи музокирот аз ноҳия берун хоҳад кард.

Аснои музокирот бо сарварони гурӯҳҳои ғайриқонунӣ Ибод Бойматов ва Абдумалики Шаҳринавӣ, Расулов пешорӯйи онҳо шарт гузошт, то дар муддати 1  рӯз бидуни ҳар гуна шартгузорӣ, ба хубӣ қаламрави ноҳияро тарк кунанд, вагарна...

Гурӯҳҳои силоҳбадасти ғайриқонунӣ аллакай хуб дарк карда буданд, ки ҳар гуна муқовимат бефоида аст. Аз ин рӯ, савори автобусҳо шуда, тарки ноҳия карданд ва мушкилот бидуни хунрезӣ ҳалли худро ёфт. Аз чунин ранг гирифтани кор мардум нафаси осуда кашид.

 

Бадхоҳи Ватан ҳеҷ ба мақсад нарасад

Тавре С.Расулов иброз медорад, мақсади ин гурӯҳҳои сияҳкор, ки аз хориҷи кишвар идора мешуданд, ба порчаҳо тақсим кардани манотиқи Тоҷикистону ба ҳамсоякишвар пайвастани шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ буд. Аммо тири бадхоҳон ҳадафи хок гашт, Расулову тобеъонаш дигарбора исбот карданд, ки аҷнабию нохалафе дигар наметавонад амнияти кишварро халалдор созад ва 1 ваҷаб хоки ватанро аз худ кунад.

 Соли 1997 М.Худойбердиев хост табаддулоти низомӣ кунад ва чун ба муқовимати сахт рӯ ба рӯ шуд, тавассути Шаҳритус ба самти Термизи Узбекистон фирор кард. Холбойи Лангу дигар ҳамроҳонаш низ бо ӯ пайвастанд ва то ба имрӯз нопадиданд.

Муҳиддин Идиев

журналист, сокини н. Шахритус

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter