ХАБАРИ ДОҒ

Сафири Туркия Умут Аҷар дар меҳмонии СССР

  • Ҷумъа, Июл 07 2023

 

14.06.2023. Соат бо вақти Душанбе 11:00 дақиқа. Умут Аҷар, сафири Фавқуллода ва Ваколатдори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмони редаксияи газетаи мардумии СССР шуд. Бояд гуфт, ки ин меҳмонӣ бо ташаббуси шахсии сафир сурат гирифта, ҷаноби Умут Аҷар пас аз огоҳӣ ёфтан аз он, ки дар кишвари мо газетае бо номи СССР интишор меёбаду аудиторияи бузурги хонанда дорад, худ хоҳиш пайдо намуданд, ки меҳмони ин идора шуда, бо ҳайати эҷодӣ ва фазои корӣ дар ин нашрия аз наздик шинос шаванд.  

Суҳбати ҷаноби Умут Аҷар бо Сайёфи Мизроб, сардабири газетаи СССР аз муаррифии рӯзнома ва принсипҳои кории редаксия оғоз гашта, пасон ҳарф сари равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия, интихоботи ахири президентӣ дар ин кишвар, баррасии масоили вобаста ба Туркия ва рушду пешрафти он дар матбуоти тоҷик, мубориза алайҳи терроризму экстремизм, эҳтироми ислому мазҳабу забон ва фарҳангу таърихи муштарак рафт. Мо тасмим гирифтем чанд нуктаи муҳими суҳбатро ин ҷо биёрем, то хонандагони мо низ ба бархе аз суолоти хеш аз он посух дарёбанд.

  

Умут Аҷар кист?

Сафир Умут Аҷар соли 1974 дар Ҷумҳурии Туркия дар ш. Уние ба дунё омадааст. Ба фаъолияти хизматиаш дар Вазорати корҳои хориҷӣ соли 1998 шурӯъ карда, дар зинаҳои гуногун ифои вазифа намудааст. Пеш аз вазифаи кунунӣ, ба ҳайси Муовини Сардори Сарраёсати таблиғот дар хориҷаи ВКХ фаъолият кардааст. Ба сифати Котиби сеюми Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар ш. София (Болгария), муовини консул дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Туркия дар ш. Франкфурти Олмон, Мушовири Намояндагии доимии Туркия дар Шӯрои Аврупо ва Консули генералии Ҷумҳурии Туркия дар ш.Чикагои Амрико адои вазифа намудааст. Аз 1 феврали соли 2023 ба ҳайси Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Факултаи илмҳои иқтисодӣ ва маъмурии Донишгоҳи Газиро бо дараҷаи бакалавр аз рӯи ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ хатм намудааст.

Сафир Умут ва ҳамсараш Надежда соҳиби 2 фарзанд мебошанд.

  

Мехоҳам Тоҷикистонро муаррифӣ намоям

Сафир Умут Аҷар зимни суҳбат таъкид дошт, ки моҳи феврали соли ҷорӣ ба ҳайси Сафири Фавқуллода ва Ваколатдори Ҷумҳурии Туркия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуда, аз зебоии кӯчабоғу гулзорҳо ва табиати зебои кишвари мо ба ваҷд омадааст.

   - Туркияро дар Тоҷикистон хеле хуб медонанду мешиносанд, инро аз рӯи нақли сайёҳони бешумор ва тиҷорати байни 2 кишвар баҳо додан мумкин аст. Вале муттаассуф дар Туркия Тоҷикистонро хеле кам медонанд. Аз ин лиҳоз тасмим гирифтаам барои ҳарчӣ бештар ошно намудани ин кишвари зебоманзар дар Ватанам ва берун аз он кӯшиш ба харҷ диҳам. Воқеан табиати зебо дорад, Тоҷикистон! - таъкид дошт ҷаноби Умут Аҷар.

  

Аз ҳамаи шумо сипосгузорам!

Дар идомаи ин гуфтаҳо ҷаноби Умут Аҷар аз тамомии тоҷикону тоҷикистониёне, ки дар рӯзҳои сахту вазнини пас аз заминларзаи ба сари мардуми Туркия омада (06.02.2023, ки беш аз 50 ҳазор кушта, 1,5 млн захмӣ ва хисороти хеле зиёд овард, ки то ҳол пурра шуморида нашудааст), дар паҳлӯи мардуми турк буданду кӯмакҳои зиёде ҳам карданд, арзи сипос намуд.

   - Ман аз ҳамаи сокинони Тоҷикистон, мансабдорону масъулон, волонтёрон, аҳли зиё, алалхусус мардуми оддӣ, ки дар рӯзҳои сахт дар канори мардуми турк буданду ба таври шабонарӯзӣ ба сафорати мо омада, ҳам арзи тасаллият мекарданду ҳам кӯмак меоварданду ҳам барои ҷо ба ҷо кардани кӯмакҳои башардӯстона мусоидат менамуданд, сипосгузорам! - гуфт сафири Туркия.

 Сардабири СССР қайд кард, ки газетаи мардумӣ дар ун шабу рӯзҳо бетараф набуд ва паҳлуи мардуми офатзадаи турк қарор дошт. Минҷумла, гуфт СМ, «писари ман Мубориз, хонандаи синфи 10-и мактаби байнулмилалии Душанбе - DIS бо чанд ҳамсинфи тоҷикистонӣ ва дӯстонаш, ки табааи Туркия мебошанд, ба ҳайси волонтёри ихтиёрӣ дар ҷобаҷогузории кӯмакҳои башардӯстонаи мардуми Тоҷикистон ба сафорат дасти мадад дароз карда буд».

 

Андар боби «Байрактар» ва қирғиз

Вақте суҳбат сари ҳамкориҳои ҳарбӣ байни Тоҷикистону Туркия рафт, сафир пурсид, ки он чи гуна дар матбуоти тоҷик, хосса дар газетаи СССР бозтоб меёбад, Сайёфи Мизроб, сардабири газета таъкид дошт, ки соле қабл вақте қирғизҳо нохалафона ба хоки Тоҷикистон ҳуҷум намудаву дар рӯзи барои мусалмонон муқаддас зимни намози шом масҷидеро дар деҳаи Овчӣ – Қалъачаи н.Б.Ғафуров маҳз бо паҳподҳои «Байрактар»-и истеҳсоли Туркия тарконданд, ин мазуъ матраҳ шуда буд, ки чигуна 1 давлате, ки даъвои мусалмонӣ дорад (ҳарчанд исломӣ нест, вале аксарияти кулли аҳолияш мусалмони ҳанафиянд!), имконияту иҷозат додааст, ки 1 кишвари агрессор аз паҳподҳои он корбаст кунад?  Дар пайи ин ҷинояти ҳарбӣ чандин нафар мардуми мулкӣ бо шумули кӯдакони ноболиғ кушта ва захмӣ шуданд. Осори мушакҳои «Байрактар»-ҳои туркӣ – қирғизӣ агар аз биноҳо рафтааст, вале ҳанӯз ҳам дар қалбу рӯҳи сокинонаш боқӣ мондааст.

Зимнан, суоле бармехезад, ки вақте ҳукумати Ҷумҳурии Туркия ин паҳподҳои худро ба кишварҳои дигар мефурӯшад ё тақдим мекунад, чаро таъкид намедорад, ки ин паҳподҳои «Байрактар» барои куштори мардуми мулкӣ, алалхусус мусалмонҳо ва он ҳам дар масҷидҳо ва он ҳам ҳини адои намози ҷамоъа нест ва набояд зидди мардуми оддӣ истифода шаванд?-суол кард СМ.

   - Ман аз шунидани ин хабар хеле нороҳат шудам ва аз фурсат истифода бурда, ба шумо ва дар симои шумо ба тамомии мардуми Тоҷик арзи тасаллият мекунам. Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Ҷумҳурии Қирғизистонро дӯсти худ мешуморад ва мо ҳеҷ гоҳ орзуи онро надорем, ки байни ин 2 кишвари ҳамсоя низоъ сар занад. Инчунин мо ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки сабабу омилҳои нав барои низоъ дар марз бархезанд, мо ҳамеша тарафдори онем, ки бо хатарҳои дигари ҷомеа – экстремизму терроризм якҷоя мубориза барем.

 - Солҳои ахир саноати мошинсозии ҳарбии кишвари мо хеле пешрафт намуда, паҳподҳои ихтироъи Туркия на танҳо ба Қирғизистон, балки ба аксари кишварҳои ҷаҳон содирот шуданд. Аз он ҷумла, мо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешниҳод карда будем, ки ба хотири таъмини амният аз таҷҳизоти ҳарбии истеҳсоли Туркия истифода бубаранд. Мо ҳеҷ гоҳ тарафдори он нестем, ки паҳподҳои истеҳсоли Туркия барои амалҳои нопок истифода шаванд ва дар ин самт бо Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкорӣ мекунем. Ин нукта ҳамеша дар суҳбати Президентони 2 кишвар, вазирони корҳои хориҷӣ ва мансабдорони дигари воломақом таъкид гашта, ҳоло мо бояд диққати худро ба дигар самт – муборизаи якҷоя бар зидди хатарҳои нави ҷаҳон равона созем!- иброз дошт ҷаноби Умут Аҷар.

 

Андар боби Иттиҳоди кишварҳои туркзабон

Масъалаи дигаре, ки дар ин мулоқот бардошта шуд, ин ҷанбаҳои мусбату манфии Иттиҳоди кишварҳои туркзабон ва таъсири он ба кишварҳои дигари форсзабони минтақа буд.

 Вобаста ба ин Сайёфи Мизроб аз ҷаноби Умут Аҷар пурсид, ки дар ин Иттиҳоди кишварҳои туркзабон, ки лидер - пешвои он албатта Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон аст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари туркзабон нест, кадом мавқеъ дода мешавад? Ва агар Туркия мехоҳад лидер – пешвои кишварҳои исломӣ бошад, пас оё иттиҳоди мазкур кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро аз Анқараи расмӣ дур намекунад?

   - Ин аз он вобаста аст, ки шумо ин иттиҳодияро чи гуна қабул мекунед? Иттиҳоди кишварҳои туркзабон аз он маншаъ мегирад, ки ин кишварҳо 1 таърих, 1 фарҳанг ва 1 забон доранд. Мақсади ин ташкилот рушду тавсеаи равобити иқтисодӣ ва тиҷоратии байни ин кишварҳо буда, он хатаре барои кишварҳои ҳамсоя, аз он ҷумла Тоҷикистон эҷод намекунад.

 Тоҷикистон низ узви якчанд ташкилоту созмон ва иттиҳоди дигаре дар минтақа аст, ки Туркия ба онҳо шомил нест ва мо дар ин кор хатаре намебинем. Ва мо фикр ҳам намекунем, ки ин ташкилоту созмонҳо бар зарари кишварҳои дигари минтақаанд. Мақсади ҳамаи ташкилоту созмонҳо ин пеш аз ҳама рушди муносибат, тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳамаи ҷанбаҳо ва беҳбудӣ бахшидан ба ҳаёти мардум аст.

Ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки Иттиҳоди кишварҳои туркзабон ҳеҷ хатаре ба Тоҷикистон надорад ва намеорад. Зеро Туркия дӯсти Тоҷикистон аст!

 

Фатҳулло Гюлен террорист аст ва мактабҳои ӯ террористианд!

Нуктаи дигари муҳиме, ки дар ин суҳбат ба он бештар таваҷҷӯҳ карда шуд, ин ақидаҳои Фатҳулло Гюлен, ташкилоти ФЕТО ва мактабҳои туркӣ – гюленӣ дар Тоҷикистон буданд, ки чанд сол пеш, хушбахтона, баста шуданд.

 Сайёфи Мизроб таъкид дошт, ки газетаи СССР яке аз нахустин ҷаридаҳое, буд, ки вобаста ба фаъолияти литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон, таълимоти онҳо, идеологияи Фатҳулло Гюлен (нависандаи турк, арбоби шинохтаи динӣ, собиқ имом ва рӯҳонӣ, асосгузори ҷараёни «Хизмат», ҳоло сокини Амрико) тавассути ин мактабҳо дар кишварҳои дигар паҳнмешуда, ки характери ифротӣ доштанд, бонги хатар зада буд.

 Фатҳулло Гюлен ва ташкилоти ба ӯ марбут ФЕТО дар Ҷумҳурии Туркия ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ эълон шудааст. Фатҳулло Гюленро яке аз асосгузорони табаддулоти моҳи июли соли 2015 дар Туркия мешуморанд. Бино ба таъкиди сардабири СССР, баъд аз умқан омӯхтани осори бунёдии Гюлен, ки мехост давлатҳоеро дар дохили давлатҳо бисозад, ки танҳо ба ӯ итоат кунанд, мо ба мубориза ба муқобили ин ҳаракат бархестем.

- Мутаассифона, вазирони маорифи вақт ва мақомоти марбута моро намефаҳмида, фишор меоварданд, ки аз Гюлен даст кашем. Ҳатто чанд артисту адиб ва журналистони шодихӯрдаи Гюленро бар зидди мо шӯрониданд. Газетаҳо бар зидди мо матлаб менавиштанд, ки моҳияти мактабҳои Гюленро нафаҳмидаем. Вазири вақти маориф бошад, бо чанд медали тилову нуқраи «гӯё ба дастовардаи литсейҳои Гюлен» моро мулзам мекард. Муовини Фатҳулло Гюлен, дар ҳамин курсие, ки Шумо нишастаед, муҳтарам сафир, нишаста, аввал моро хариданӣ шуд, дид намешавад, таҳдид кард. Вале мо аз мубориза даст накашидем ва то охир ҳарб кардем. Хушбахтона, Раҷаб Тайип Эрдуғон сари қудрат омаду ин мактабҳоро баст ва Гюленро террорист баровард. Дар ин зимн метавон гуфт, ки шахсан ману Эрдуғон ҳамфикр ҳам будаем. Мо Метавонем!

   - Муборакатон бод, зеро шумо воқеан он чизе, ки ҳаст гуфтеду навиштаед. Шумо дурбин будаед, хеле барвақт, ҳатто аз аксари мардуми мо пештар ин хатарро эҳсос кардаед. Ман ҷаҳонбинӣ ва ояндаандешии газетаи шуморо истиқбол мекунам! Ташаккур аз шумо!

Ташкилоти ФЕТО, ки айни замон дар кишвари мо ташкилоти мамнуъ эълон гаштаасту мо онро дар баробари ташкилотҳои дигари хатарнок, амсоли ДОИШ, Ал Қоида, Ҳизби коргарии Курдистон ҳаракати террористӣ мешуморем, дар ҳақиқат хатарбор буд. Ин ташкилот ба кишвар ва мардуми мо зарари хеле зиёд овард, мисоли барҷастааш табадуллоти моҳи июли соли 2015 аст. Дар пайи ин табадуллот кишвари мо 1 ҳолати шокиро пушти сар карда, беш аз 250 нафар шаҳрвандони хешро аз даст додем. 1000 – ҳо нафар захмӣ шуданд. Ғамноктар аз ин талафот он шуд, ки мо дер фаҳмидем, ки ҳатто дар зинаҳои болоии давлату ҳукумат намояндагони ин ташкилот будаанду фаъолият доштанд. Яъне онҳо дар паҳлӯи мо буданду мо бехабар…

Яке аз паҳлӯҳои ҷиддӣ ва мустаҳками ин ташкилот ин ҳамон мактабҳои туркист, ки дар тамомии ҷаҳон паҳн шудаанд, аз он ҷумла дар Тоҷикистон ҳам. Ба ҳамаи хонандагони ин мактабҳо таълимоти хосса дода шуда, пасон онҳо дар ҳукуматҳои кишварҳои гуногун паҳн мешуданд ва бо ин роҳ таълимоти гюлениро дар амал иҷро мекарданд. Инҳо дар дохили ҳукуматҳои ҳар давлат даромадаанд!

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ахиран ин хатарро дарк кард ва литсейҳои туркиро баст, ки ин беҳтарин амал буд. Зеро риштаҳои ин мактабҳо дар дасти дигарон аст, дар дасти он нафароне, ки ба дигарон хизмат мекунанд, дар дасти хориҷиҳост. Мо аз тамомии кишварҳои дӯст даъват ба амал намудаем, ки аз ин раванд пешгирӣ намоянд.

Бори дигар аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳукумати ин кишвар ва аз ҳамаи зиёиёне мисли шумо, ки барои дарки ин хатар ва аз байн бурдани он талош кардаанд, арзи сипос мекунам.

 

Терроризми фарҳангӣ ва мактабҳои амрикоии Гюлен

Тавре сардабири газетаи СССР таъкид намуд, Фатҳулло Гюлен тавассути навиштаҳои худ терроризми фарҳангиро ташвиқ менамуд, ки дарк кардани он на ба ҳар кас муяссар мешавад.

- Ман ҳамон солҳо фикр мекардам, усули террористии гюленӣ ин усули терроризми мулойим, терроризми фарҳангист, ки дар охир ба таркишҳо меоварад - афзуд СМ

- Терроризм мулойим ва фарҳангӣ буда наметавонад. Террорист террорист аст, аз кадом роҳу усуле, ки кор нагирад - гуфт сафир Умут Аҷар ва афзуд, ки Фатҳулло Гюлен айни замон дар ИМА зиндагонӣ дошта, мактабҳояш дар ИМА хеле фаъоланд:

   - Мо аз ҳукумати ИМА дархост кардаем, ки ӯро ба Туркия баргардонанд, зеро маҳз мактабҳои гюленӣ, ки аз рӯи ҳамон идея ба фарзандони мардум таълиму тарбия медиҳанду ҳамасола то 1 миллиард доллари амрикоӣ даромад доранд, хатарзо мебошанд. Даромад аз ин мактабҳо ба тарғибу ташвиқи ташкилоти ФЕТО ва фаъолияти экстремистӣ равона мегардад, шояд хатмуттаҳсилини наврасу ҷавони мактабҳои Гюлен имрӯз хатар надоранд, вале рӯзе ҳатман аз худ дарак медиҳанд, - гуфт сафири Туркия.

 

Андар боби Анвар-пошшо ва Эшон – Бала

Сайёфи Мизроб дар охири дидор ба ҷаноби Умут Аҷар романи нави таърихии худ – «Эшон – Бала»-ро тақдим намуд ва таъкид дошт, ки Эшон – Бала ва Давлатманбий дар якҷоягӣ бо Анвар – пошшо дар Балҷувони Сарихор меҷангиданд:

- Хидмататон арз кунам, ки Давлатмандбийи балҷувонӣ ва Анвар-пошшои ҳамдастаашон, чун дар намози ҷумъа, дар таърихи 4 августи соли 1922 ҳини шабехуни болшевикон кушта мешаванд, маҳз Эшон-Бала ҷасади ишонро аз майдони ҳарб бароварда, дар 1 дараи Балҷувон ба хок месупорад. Ва ин Эшон-Бала бобои бандаи камтарин аст, ки барои ватани худ бо бисёр қабоили харобкор, бо шумули Иброҳимбеки лақай, амири Бухоро ва баъдан асокири рус, дар солҳои 1920 пархош кардааст!

Барои сафири Туркия шунидани ин хабар ғайричашмдошт буд, чун мавсуф шунида буд, ки Анвар – пошшо дар соли 1922 дар Балҷувони Тоҷикистон зимни муноқиша бо аскарони армияи сурх кушта шудааст.

 

Осиёи Марказӣ + Туркия

Умут Аҷар, сафири Фавқуллода ва Ваколатдори Ҷумҳурии Туркия дар идомаи суҳбат аз Сайёфи Мизроб, сардабири газетаи мардумии СССР хост, ки пешниҳодоти хешро роҷеъ ба густариши ҳамкории Тоҷикистону Туркия баён намояд.

   - Бояд гуфт, ки тоҷикону туркҳо назар ба туркзабонҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ за ҷиҳати чеҳрашиносӣ, қиёфаи хеле наздик доранд, мазҳаб низ ягона аст ва ба ин ҷиҳат бояд бештар таваҷҷӯҳ кард. Фарзи мисол, касеро болову паст заданӣ нестам, вале қирғизҳову қазоқҳо ҳич тафовути қавораӣ бо туркҳо надоранд! Бидуни монандии гӯишҳое дар забон, ки бо ҳама иззат, наметавон онро забони муштарак гуфт!  Дигар ин ки амсоли дигар созмону ташкилотҳои минтақавӣ метавон иттиҳодеро амсоли Осиёи Марказӣ +Туркия таъсис дод, ки ҳатман натиҷаҳои хуб ба бор меоварад.

Вожаи «турк» дар фарҳанги адабии мо ҳамеша ба маънии зебо ва хубчеҳра корбаст мешуд, ки наметавон онро бо духтарони, масалан, қирғиз рабт дод. Инҳо қавораи муғулӣ доранд. Ҳофизи Шерозӣ ҳам бесабаб занҳои зеборо «турки шерозӣ» нагуфтааст ва таваҷҷуҳ кардан танҳо ба забон ва он ҳам дар асри 21, ба пиндори сирф фардии ман, тасмими сиёсии дуруст нест.

Ва ин дар ҳолест, ки қирғизу қазоқ худро муғул меҳисобанду мо - тоҷикон ҳарчанд бо Эрон фарҳангу забону таърихи муштарак дорем, мазҳабҳо фарқ мекунанд! Бо Туркия бошад, чеҳраҳо ва мазҳабамон 1 аст, ҳарчанд забонамон дигар буда бошад ҳам. Зимнан, Туркия агар воқеан мехоҳад лидери осиёӣ шавад, набояд ба забон арҷ гузорад – афзуд дар охири суҳбат Сайёфи Мизроб...

         Пасон сардабири СССР ба сафир Умут Аҷар кулоҳи чакани балҷувонӣ тақдим ва шириниҳои хуҷандӣ пешкаш намуд. Сафир дар навбати худ таъкид дошт, ки ҳама талошу азмашро барои боз ҳам мустаҳкамтар шудани муносиботи дуҷониба миёни Туркия ва Тоҷикистон равона хоҳад кард. Умут Аҷар, қабл аз худоҳофизӣ гуфт, бо даст додани имконот журналистони СССР ва дигар расонаҳоро ба кишвараш ҳатман даъват хоҳад кард...

 

Мусанниф Ҷамила Ҳусейнова,

Суратгир – наворбардор А.Собир

 

PS: Суҳбати комили сафир Умут Аҷар бо сардабир Сайёфи Мизробро шумо метавонед аз ютубканали мо дар интернет-СССР ТВ тамошо кунед. Мо Метавонем!

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter