ХАБАРИ ДОҒ

Ҳамадонӣ: маҳсулот ҳасту корхона не…

  • Панҷшанбе, Нояб 10 2022

Магар қабули ҳадафи 4-уми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат ва эълон доштани солҳои 2022- 2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат», ки аз ҷониби роҳбарияти давлат ва ҳукумати мамлакат рӯӣ даст гирифта шудаю ба хотири рушди соҳаи саноат, таъсиси ҷойҳои корӣ ва беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагию рӯзгори мардум нигаронида шудааст, ба масъулини соҳаи саноати кишвару вилоят ва роҳбарони ноҳия ҳеҷ таъсире намерасонида бошад, ки чунин корхонаҳоро ба ҳоли худ партофтаю барои обод кардани онҳо кӯшиш намекунанд? 

 Ноҳияи Ҳамадонӣ ноҳияи аграрӣ буда, самти асосиашро соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад. Дар баробари кишти дигар маҳсулоти кишоварзӣ пахтакорӣ дар ин ноҳия ҳамеша дар ҷойи аввал меистод. Солҳои қаблӣ, аниқтараш дар солҳои мавҷудияти колхозу совхозҳо истеҳсоли пахта дар худуди ноҳия ба 30-32 ҳазор тонна мерасид. Пахтаи истеҳсолшуда дар корхонаҳои пахтатозакунӣ коркард шуда, ҳамчун ашёи хом ба хориҷ фиристода мешуд. Дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар солҳо шӯравӣ ва баъди он танҳо 1 корхонаи калони пахтатозакунӣ фаъолият мекард, ки тамоми пахтаи истеҳсолнамудаи деҳқонон дар ҳамин корхона коркард мешуд.

 

Баковул ба оши тайёр

Баъди пошхӯрди колхозу совхозҳо ва ҷойи онҳоро гирифтани хоҷагиҳои деҳқонию фермерию кооперативҳои истеҳсолӣ хоҷагидорон дар интихоби кишти зироати кишоварзӣ озод шуданд. Дигар аз деҳқонон иҷроиши нақшаи истеҳсолро намепурсиданд. Махсусан майдони кишти пахта ва истеҳсоли он, ки яке аз маҳсулотҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат ба шумор мерафт, кам гардид. Ҳамин тариқ сиёсати пахтаю пахтакорӣ оҳиста- оҳиста аз байн рафт ва рӯ ба таназзул ниҳод. Рафти пахтасупорӣ, ки дар давлати СССР чун 1 воситаи таъсиррасонӣ ва ҳамчун мусобиқа миёни ноҳияҳои пахтакор ба роҳ монда шуда буду тавассути воситаҳои ахбор пахш мегардид, аз байн рафт.

Ҷойи давлат пахтаро хоҷагони нави пахта-фючеристҳо ба ӯҳда гирифтанду ба қавле дар оши тайёр баковул шуданд. Пахта, ки акнун “ СОҲИБИ ХУДРО ЁФТ”, дасту дили деҳқонро аз пахтаю пахтакорӣ хунук намуд ва минбаъд ҳар он зирооте, ки барояшон манфиатовар буд, ҳамонро кишт мекарданд. Дар шӯравӣ, 1 килло пахта арзиши 18 кило гандумро дошт. Аз 1 килло пахта чандин номгӯи маҳсулот истеҳсол мегардид ва ҳоло ҳам истеҳсол мегардад.     

Фючеристҳо ҳатто заводҳои пахтатозакуниро харида, моли шахсии худ гардониданд ва деҳқони пахтакор пахтаи истеҳсолкардаашро бо 2 дасти адаб бурда, «ба даҳони гургҳои 2-по мепартофт»-у тамоми сол кишту корашро монда, рӯзу моҳ дар пайи дарёфти фючерист буд, то ин ки пули пахтааашро гирад. Пахтаи бо заҳмати зиёд парвардааш балои ҷонаш шуд. Ба ҷойи фоида, ҳатто хонумонашро фурухта, қарзи фючеристро дода наметавонист. Оқибат кор ба ҷое расид, ки зани фючерист Лексуссавор шуду занҳои пахтачин бо ҳамон калуши кандаю ҷандаи кӯҳна барои хоҷагони худ пахта ҷамъ меоварданд.

 

Пахта шукуфт, пахта чин!

Мувофиқи дурнамо имсол дар ноҳияи Ҳамадонӣ бояд 13 ҳазору 740 тонна пахта истеҳсол намоянд. Бо вуҷуди гаронии нархи дорую нурӣ, заҳрхимикатҳо ва сӯзишворӣ деҳқонони ноҳия соли равон дар майдони 5900 гектар кишти пунбадона гузарониданд ва то 26.10.2022  беш аз 91% нақшаро таъмин намуданд.

Дурнамо иҷро мешавад ва пахта дар саҳро шукуфта интизори чидан аст. Бале, пахта ҳаст, пахтачин ҳам мерасад. Вале гап сари қабул ва коркарди пахта аз ҷониби корхонаҳои пахтатозакунӣ меравад. Дар ноҳия 2 корхонаи пахтатозакунӣ арзи ҳастӣ дорад: ҶДММ « БоҲам « ва ҶДММ « Замин Котон», ки ҳар 2 ҳам фаъолият намекунанд.

ҶДММ « БоҲам» калонтарин корхона дар ноҳия ба ҳисоб мерафт ва 32 тонна пахтаи ноҳияро коркард мекард. Дар ин корхона дар 3 баст 1200 нафар машғули кор буданд. Корхона яке аз андозсупорандагони асосӣ ба шумор мерафт. Ва ғановати буҷаи ноҳия низ аз ҳисоби ҳамин корхона буд.  Боиси таассуф аст, ки аз соли 1990 ин ҷониб корхона аз даст ба даст гузашта, оқибат рӯ ба муфлисшавӣ овард ва ба ҷуз аз 6 нафар посбон, дастгоҳу таҷҳизоти вайрон ва пахтакори пушти дари бастаи завод ҳайрон, дигар касеро дар корхона намебинӣ.

Имрӯз касеро дару дарвозаҳои бастаи завод ба ташвиш намеорад, ки охир ин корхона бояд фаъол бошад, пахтаи истеҳсолнамудаи деҳқонро коркард намояд, барои мардум ҷойҳои корӣ муҳайё гардонад, андоз супорад, дар болоравии сатҳи иқтисодиёти ноҳия ҳиссагузор бошад!

Пахтаи истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои ноҳия дар хонаҳояшон захира шуда истодааст. Марди деҳқон намедонад пахтаашро ба корхонаҳои пахтатозакунии ноҳияи Данғара супорад, Восеъ ва ё Фархор? Нархи пахта ҳам, ки дар бозори ҷаҳонӣ бозӣ дораду гоҳ ба болою гоҳ ба поён равуо мекунад, деҳқононро дилмондаю дилсард гардонидааст. Охир он хароҷотеро, ки бо чунин нархҳои дандоншикани дорую нурӣ ва сӯзишворӣ барои ҳар 1 гектар пахта сарф кардаанд аз куҷо мепӯшонида бошанд?

 

Заводҳои обод гаштанд хароб...

Корхонаи дигаре, ки дар ноҳияи собиқ Москва (Ҳамадонии ҳозира) шӯҳрати беандоза калон дошт, корхонаи консервабарорӣ буд. Ин корхонаи азамат тамоми меваю сабзавоти ноҳияҳои собиқ вилояти Кӯлобро коркард карда, 10-ҳо намуд афшураи меваю сабзавот, қайлаи помидор ва хӯришҳои гуногун истеҳсол менамуд. Истеҳсолоти ин корхона ба миллионҳо қуттии шартӣ мерасид. 100-ҳо ва зиёда аз он коргарони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин буданд.

Ин корхона, ки то ҳол дар мувозинаи «Тоҷикматлубот» мебошад аз кор мондаю бо дару дарвозаҳои баста хобидааст. Ҳоли табоҳи корхонаро дида, кас гумон мекунад, ки гӯиё дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб меваю сабзавотро офат зада бошад. Дохили корхона шабеҳи вайрона буда, дару деворҳои кандаю шикастаи он бисёр ҳам риққатовару нигаронкунанда мебошанд. Ба акси ин бузургтарин корхонаи консервабарории даврони советӣ назар ва худ қазоват кунед. Дар чунин шароит, ки 1 қитъа замин чӣ қадар арзиши баланд дораду аз он манфиати зиёд ба даст меояд, ин завод бе кор хобидаасту касеро парвое нест!!! Ҳол он ки масоҳати умумии корхона на кам аз 7-8 гектар заминро ташкил медиҳад. Агар зиёд набошад.

 

Рушди саноат мегӯему…

Магар ҳоло вақте ҳаст, ки чунин корхонаҳоро, ки ҳам ҷойҳои корианду ҳам даромади буҷет ва ҳам содиркунандаи маҳсулоти ватанӣ бо ин ҳоли табоҳ партофт? Магар қабули ҳадафи 4-уми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат ва эълон доштани солҳои 2022- 2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат», ки аз ҷониби роҳбарияти давлат ва ҳукумати мамлакат рӯи даст гирифта шудаву ба хотири рушди соҳаи саноат, таъсиси ҷойҳои корӣ ва беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагию рӯзгори мардум нигаронида шудааст, ба масъулини соҳаи саноати кишвару вилоят ва роҳбарони ноҳия ҳеҷ таъсире намерасонида бошад?

Охир он заминҳое, ки зери ин биноҳои вайрона хобидаанд, барои 100-ҳо нафар ҷойҳои корианду манбаи ризқу рӯзии фарзандон. Агар имконияти чун солҳои пешин бо иқтидори пурра ба кор андохтани ин корхонаҳо набошад ҳам, лоақал  роҳҳои дигарашро ҷустуҷӯ бояд кард, то ин ки барои рушди саноат имкон ба миён биёяд ва мардуми ноҳия бо ҷойҳои корӣ таъмин ва соҳиби маош бигарданд. Мавзуъро пайгир мемонем.  Мо метавонем!

 

Хайруллои Абдулло, журналист,

А.Собир-аккос,

Душанбе-Ҳамадонӣ-Душанбе,

махсус барои СССР  

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter