ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Дар Суғд аз мо-душанбегиҳо чун аҷал метарсиданд, ки дар пойтахт ҳама мубтало гаштаву онҳоро сироят накунем ва маска бар фук печида, ҳатто дастакӣ салом намекарданд. Ба онҳо гуфтем, ки душанбегиҳо айни чунин фикрро дар бораи шумо-хуҷандиён доранд…

Ҳафтаи гузашта овозаҳои гуногун дар робита ба марги чанде аз сокинони шаҳру навоҳии вилояти Сугд-шаҳри Хуҷанду ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва хоса перомуни шахсиятҳои калидии фарҳангии ин минтақа, мардуми пойтахтро безобита кард. Дар пайи он дар Душанбе овоза шуд, ки дар Хуҷанд даҳҳо нафар аз коронавирус мурдаву вазъият ниҳоят бад шуда, сокинони пойтахт тахмин мезаданд, ки шояд он алакай аз Суғд ба Душанбе расидаву боиси маргу мири бархе дар беморхонаи 1-ум Советскийи ш.Душанбе шуда бошанд. Дар пасманзари ин овозаҳо ҳайати эҷодии Газетаи мардумии СССР тасмим гирифт ба вилояти Суғд сафар намуда, аз шаҳру ноҳияҳои наздимарзии он дидан намояд.

 

Масири холиву ошхонаҳои беодам

22.04.2020. Соат бо вақти Душанбе 11:30 дақиқа. Аз Душанбе ба сӯи Хуҷанд ба роҳ баромадем. Агар гӯем, ки ин роҳ тақрибан холӣ буд, хато намешавад. Дар ҳақиқат коронавирус таъсири худро ба ронандагони нақлиёти хусусӣ, ки байни Душанбеву дигар шаҳру навоҳии Суғд равуо доранд ва ошхонаҳои дар шафати ин масир ҷой гирифта расонидааст-нақлиёт аз ҳад кам ва аксарияти ошхонаҳо баста. То Хуҷанд аз пойтахт масофа беш аз 320 км.ро ташкил медиҳад ва зимни ҳаракат дар ин масир танҳо пас аз 10-12 км. танҳо 1-2 мошинеро дидан мумкин аст ва ҳамон ҳам мошинҳои гаронвазни боркаш, ки бештар холӣ буданд.

Ошпазон ва масъулони ошхонаи кӯҳанбунёд ва маъруфи ин масир, ки дар мавзеи Тангнои Хушекат воқеъ аст, аз набудани мизоҷ нигаронанд. Онҳо мегӯянд, ки агар соли гузашта дар ин рӯзҳо ҳамарӯза то 300-400 нафар мусофир дар ин ошхона ист намуда, хӯрок мехӯрд, имрӯз бошад ин рақам ба маротиб кам шуда, рӯзе ҳамагӣ то 20-25 мизоҷ инҷо тановул мекунад. Овозаи коронавирус ва хавфи сирояти он, ки боиси баста шудани марзу камчинии пул ва худдорӣ намудани мардум аз сафар ба минтақаҳои дигари мамлакат шудааст, ба ин ошхонаву даҳҳо оилаҳои дигаре, ки аз паси онҳо нон мехӯрданд, низ таъсир расонидааст. Ваҳми коронавирус тавонист ба дуртарин ва кӯчактарин тиҷорати кишвари мо низ таъсири манфии худро расонад.

 

Хуҷанди камодам…

22.04.2020. Соат бо вақти Хуҷанд 17:30 дақиқа. Ба ш.Хуҷанд-маркази вилояти Суғд расидем. Хуҷанде, ки ҳамеша пурҷӯшу хурӯш буд, ин дафа хеле камодам ва сокиту ором ба назар мерасид. Боғу гулгашт, бозори машҳури «Панҷшанбе» ва майдони назди он низ одами зиёд надошт. Мардум саъй мекарданд зудтар ба нақлиёти ҷамъиятӣ нишаста, ба хонаҳояшон бирасанд-реҷаи худгардонӣ (самоизолятсия) хеле хуб риоя мешуд.

1 чизи дигаре, ки ба мо писанд афтод ин безараргардонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр тавассути мошинҳои обпошӣ буд, ки новобаста аз вақти рӯз пас аз ҳар 3 соат анҷом дода шуда, нафареро намедидед, ки ба рӯй ниқоби тиббӣ накашида бошад. Безараргардонии кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳои Хуҷандшаҳр бо дастури бевоситаи раиси вилоят Раҷҷабой Аҳмадзода ва раиси ш.Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода сурат мегирифт.

 

Қирғизҳо пинҳонӣ ворид мешаванд…

23.02.2020. Соат бо вақти Ҷаббор Расулов 11:30 дақиқа. Боздиди нахустини худро аз ноҳияи Ҷаббор Расулов шурӯъ намудем. Ҳафтаи ахир дар мавриди маргумири одамон дар ин ноҳия сомонаҳои хабарӣ ва иҷтимоӣ хеле зиёд гуфтанд ва аз ин лиҳоз хостем бори дигар худамон шоҳиди ҳақиқати ҳол шавем.

Зимни ба ҳудуди ноҳия даромадан мошинҳои махсуси тиббӣ барои безараргардонии воситаҳои нақлиёт навбатдорӣ намуда, тамоми мошинҳоеро, ки вориди ноҳия мешуданд, дезинфексия мекарданд. Вазъ ба назар ором мерасид, вале бозори марказии он-«Ашроф» хеле камодам буд. Шунидем, ки раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ бо ҳайати зертобеонаш дар деҳаи Қӯрғончаи ноҳия қарор дорад. Мавсуф вақте шунид, ки журналистони газетаи СССР омадаанд, таъкид намуд, то интизораш шавем. Қудратзода Тоҳир Толибӣ ба наздикӣ ба ҳайси раис ба ин ноҳия таъин гардидааст. То ин дам ӯ раҳбари Раёсати сохтмони асосии вилоятро бар дӯш дошта, саҳми ӯ дар таҷдид ва азнавсозии боғӣ ба номи С.Айнии пойтахт хеле назаррас аст. 

Раис мегӯяд, ки новобаста аз зери назорати ҷиддӣ гирифта шудани минтақаҳои марзӣ бо Қирғизистон боз ҳам нафароне ҳастанд, ки пинҳонӣ ба ҳамсоякишвар «сафар» мекунанд. Мушкили дигари умдаи ноҳия ин аст, ки 85% узбекзабонанд ва бештар ТВ-ҳои Ӯзбекистону Қирғизистонро тамошо мекунанд. Табиист, ки дар ин кишварҳо коронавирус дар хуруҷ асту инҳо фикр мекунанд, ки дар Тоҷикистон низ ҳамин аст вазъ. Ҷиҳати дигари масъала ин аст, ки воқеан ҳам чанде аз илтиҳоби шуш мурдааст, вале мардум бовар дорад, ки онҳо мубтало ба вируси нав шудаанд.

 

Спитамен: таблиғоти ӯзбекӣ намерасад!

23.04.2020. Соат бо вақти Спитамен 14:30 дақиқа. Дар ноҳияи Спитамен низ таҳлука ва овоза нисбат ба афзоиши гирифтори коронавирус хеле зиёд буду тамоми сокинон бо ниқобҳои тиббӣ гашта, худгироиро пеша кардаанд. Ҳатто раиси ин ноҳия Темурҷон Нӯмонзода низ моро бо ниқоби тиббӣ дар дафтари кораш пешвоз гирифт, ки ғайриоддӣ намуд. Раис мегӯяд, ки мушкил инҷо дар овозаҳои зиёд асту мардум, ки бештар таваҷҷӯҳ ба шабакаҳои телевизионии ӯзбекӣ доранд-беш аз 65% сокинон ӯзбекзабонанд, телевизионҳои ӯзбекиву қирғизиро тамошо карда, ба таҳлука меафтанд. Ҳоло он, ки вазъият дар ноҳияи Спитамен ором асту тадбирҳои пешигирӣ ва безараргардонӣ хеле ҷиддӣ гузаронида мешаванд. 

Воқеан ҳам сокинони ин 2 ноҳияи суғдӣ-Ҷаббор Расулов ва Спитамен асосан ӯзбек буда, айни замон ба иттиллои бештар дар мавриди хуруҷи ин беморӣ, сироят ва пешгирӣ аз он дар Тоҷикистон бо забони ӯзбекӣ ниёз доранд. Таблиғот бо забони ӯзбекӣ қариб, ки нест, на дар ТВ-ҳои вилоятӣ ва на дар ТВ марказӣ. Хуб мешуд, инҷо мисли ш.Турсунзода низ мошинҳои сайёри тиббӣ ташкил карда, таблиғотро бо забони ӯзбекӣ ба роҳ монда, шабурӯз дар деҳоту ҷамоатҳо гашта, мардумро ором мекарданд.

 

Раис дар марз навбатдор аст!

24.04.2020. Соат бо вақти Бобоҷон Ғафуров 16:00 дақиқа. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ вазъият чунин аст: бо назардошти он, ки ду минтақаи ин ноҳия Хистеварз ва Овчӣ-қалъача бо Қирғизистон ҳамсарҳад буда, аксаран хати сархад аз минтақаҳои аҳолинишин мегузараду ҳамеша боз аст, хатари сироят ёфтани сокинон ба маротиб болост. Қирғизҳо дар инҷо низ барои харид роҳҳои пинҳониро убур карда, ба бозорҳои ноҳия меоянд-ҳам арзон ва ҳам фаровонӣ, алалхусус орду равған, ва ҳатман бо худ бемориҳои сироятӣ меоранд. Сабаби ба маротиб афзудани беморони сироятёфта аз касалиҳои гуногун, хосса зуком низ шояд ҳамин бошад.

Вазият дар ин ноҳия, хусусан ин 2 ҷамоат ва роҳи байналмилалие, ки Тоҷикистону Қирғизистонро ҷудо мекунад, зери назорати ҷиддии масъулони н.Бобоҷон Ғафуров аст-роҳҳои байнисарҳадӣ садгузорӣ ва камераҳо насб шуда, баъзе ҷои онро кандаанд, то мардуми қочоқчӣ равуо накунанд. Раиси ноҳияи мазкур Зариф Назирӣ бошад шабурӯз дар байни роҳ истода аз сокинони Тоҷикистону Қирғизистон даъват мекунад, ки худгироиро риоя намуда, аз марз нагзаранду ҳамдигарро сироят накунанд.

 

Дар Душанбе муромурӣ…?

Тӯли 4 рӯзе, ки дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд қарор доштем, ҳарҷое мерафтем-сар аз бинои ҳукуматҳои вилоятиву мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ то маркази савдову ошхонаву китобхона дами дар кормандони тиб бо тепловизор табамонро санҷида, дастонамонро бо маҳлули безараргардонӣ шуста, таъкид менамуданд, ки ба рӯй ниқоб кашида, фосилаи 1 метриро риоя намоем. Аввал ҳайрон шудем, вале баъдан фаҳмидем, ки 1 рӯз пеш аз сафар дар Суғд овоза шудааст, ки дар Душанбе аз коронавирус ҳазорҳо нафар мурдаву аз душанбегиҳо эҳтиёт шавед. Шояд ҳамин буд, ки ҳатто баъзе аз раисони ноҳияҳо моро бо ниқоби тиббӣ ва фосилаи 1,5-2 метрӣ пешвоз гирифтанду сӯҳбат намуданд. Ва айнан ҳамин овоза дар Душанбе буд, ки мегуфтанд, дар Суғд ҳазорҳо нафар мурдаву аз суғдиҳо фосила бигиред ва ё хубтараш он ҷо наравед…

Ин овозаҳо бори дигар собит намуданд, ки дастгоҳи иттиллоотии давлатии мо, хосса ТВ суст буда, фаъолияти телевизионҳои маҳаллӣ низ ғайриқаноатбахш аст. Вақте ТВ-и давлатӣ заиф аст, ҳатман ТВ-ҳои кишварҳои ҳамсоя бурд мекунанд!

Ҳоло вақте расида, ки дар ин мавзеъ бо 3 забон-Тоҷикии давлатӣ, русии интернатсионалистӣ ва ӯзбекӣ ташвиқу таблиғотро ба роҳ монем.

Мо Метавонем!

Ҷ. Мақсуд

С. Мизроб

Ч. Илҳом

Душанбе-Суғд-Душанбе

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter