ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Душманони хонагӣ-тоҷикаконе, ки худро дар Аврупо оппозитсия мехонанд, ин бор гузаронданд: Онҳо зидди миллату ватан шӯрида, бонги изтироби дурӯғин мезананд, ки вируси марговари хитоӣ дар ҶТ низ пайдо шудааст. Матлаби зер муштест ба биниҳои фоху пачақи туркману муғулини онҳо. Мо Метавонем!

Ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон эйр»-и тоҷик ва «Хатҳои ҷанубии Хитой»-и Ҷумҳурии мардумии Хитой охири ҳафтаи гузашта парвозҳои худро ба Душанбеву Урумчӣ муваққатан қатъ карданд. Ин маҳдудият то рӯзҳои аввали моҳи феврал идома дошта, парвози наздиктарини ширкати «Хатҳои ҷанубии Хитой» дар самти Урумчӣ-Душанбе-Урумчӣ ба рӯзи 02.02.2020 гузошта шудааст. Парвози наздиктарини ширкати «Сомон эйр» аз рӯи масири мазбур рӯзи 05.02.2020 амалӣ мегардад. Дар ин бора ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар доданд.

Гуфта мешавад, сабаби қатъи парвозҳо байни Тоҷикистону Хитой на вирусу маризӣ, ки таҷлил аз соли нави хитоӣ мебошад, ки ба рӯзи 25.01.2020 рост меояд ва дар рӯзҳои таҷлили ин ид тамоми Хитой ба истироҳати 15 рӯза рафта, марказҳои бузурги хариду тиҷоратӣ низ ба таътил мебароянд. Масъулон мегӯянд, сабаби қатъи муваққатии парвозҳо дар ин аст, на дар хуруҷӣ бемории зукком-коронавирус, ки тайи 1 моҳ боз дар ин кишвар сар зада, аллакай ҷони беш аз 80  нафарро бурдааст. Ба хотири пешгирӣ намудани вуруди ин беморӣ ба кишвар дар гузаргоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуруҳи махсуси табибону мутахассисон кор карда истодааст. Бояд гуфт, ки парвозҳо дар ин масир ҳафтае 4 маротиба сурат мегирифтанд.

 Коронавирус чист?

   Короновирусҳо-оилаи вирусҳои иборат аз 40 навъ вирусест, ки дар инсонҳо, паррандагон, сагону гурбаҳо, ҳайвоноти калони шохдор, хукҳо ва харгушҳо инкишоф меёбанд. Хуруҷи вируси мазкурро олимони соҳаи тиб охири моҳи декабри соли 2019 дар ш.Ухани Ҷумҳурии мардумии Чин ба қайд гирифтанд. Аз оғоз то кунун (27.01.2020) алакай 80 нафар аз ин вирус ба ҳалокат расида, беш аз 1700 нафари дигар мубталои он гардидаанд. Дар миёни сироятёфтагон табибон ва кӯдакон низ ҳастанд. Аломатҳои асосии ин беморӣ табларза, ҳарорати баланди бадан, сулфаи бардавом, дарди сар, дарди гулӯ ва дарди буғумҳо мебошад. Бемории зикршуда аввал нафаскаширо душвор сохта, баъд ба кори шуш халал ворид месозаду дар ҳолати саривақт пешгирӣ накардан, инсонро ба марг мерасонад. Барои мубориза бо ин вирус дар Чин беморхонаҳои махсус сохта истодаанд. Қарор аст, ки аввалин беморхонаи бузурги барои гирифторони коронавирус бо 1000 ҷой 03.02.2020 кушода шавад.

 Коронавирус дар ҶТ ба қайд гирифта нашудааст!

   Воситаҳои ахбори омма алакай дар бораи мавҷуд будани гирифторони коронавирус дар Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ҷопон, Ветнам, Сингапур, Непал, Фаронса, Австралия, Канада ва ИМА хабар додаанд. Ба нишонаҳои бемории мазкур монанд беморонро дар Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Инданезия низ бистарӣ кардаанд. Ҳафтаҳои охир дар сомонаҳои интернетӣ оиди мавҷуд будани коронавирус дар Тоҷикистон сару садоҳо зиёд гардид. Дар посух ба овозаҳои интернетӣ, ки мутаассуф онро шодихӯрдагони ба ном оппозитсияи исломӣ-аврупоӣ мепаркананд, Мирамуддин Камолзода муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман хабар дод, ки коронавирус дар ҶТ ба қайд гирифта нашудааст. 

 Ба “паника” дод нашавед!

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ мардум бояд аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода бурда, ҳамеша оби ҷӯшонидашуда нӯшида, аз сафар ба кишварҳое, ки ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, худдорӣ намоянд. Инчунин, ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои ин беморӣ ҳатман ба табибон муроҷиат намудан аз чораҳои асосии пешгирии коронавирус мебошад. Ҳафтаҳои охир хариди ниқобҳоии тиббӣ, доруҳои зидди вируси зуком ва муроҷиат ба табибони сироятшинос, дар кишвар ба маротиб афзудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки хатари коронавирусро шаҳрвандони Тоҷикистон дарк намудаанд, аммо бояд ба ҳар гуна овозаҳо, алалхусус дар бораи он, ки гуйё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алакай чанд нафар аз ин беморӣ ҷон додаанд, дода нашаванд. Ба паника дода нашавед, мардум! Табибони тоҷик дар ҳолати омодабош қарор ёфта, дар ҳифзи саломатии ману шумо ҳастанд.

 

Исмоилҷон Маликов,  

махсус барои СССР

 

Дар ин маврид: 

 

Касе намурдааст! Ба иттиллои шубҳанок бовар накунед!

Ширкати ҳавопаймоии ватании “Сомон эйр” дар робита ба иттилооте, ки дар сомонаи www.ittiloot.com дар бораи ҳалокати эҳтимолии мусофир дар хатсайри ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, самти парвоз аз Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шудааст ширкати ҳавопаймоӣ изҳор менамояд, ки маълумоти мазкур ҳақиқат надорад. 

Тавре маркази матбуоти ширкати мазкур хабар медиҳад, ширкати ҳавопаймоӣ кӯшиш намуд, ки бо роҳбарияти нашрия ба алоқа барояд, аммо дар сомона рақам ва суроғае, ки нашрия метавонад ҷойгир бошад, зикр нагардидааст. Тавассути почтаи электронӣ ба нашрия мактуб ирсол гардида, талаб карда шуд, ки иттилооти бардурӯғ фавран аз сомона гирифта шавад. Аммо кӯшишҳои мазкур низ бе натиҷа монданд. Бинобар ин ширкати ҳавопаймоӣ маҷбур аст тавассути дигар васоити ахбори омма раддия дода, ҳамзамон аз мусофирон хоҳиш мекунад ба иттилооте, ки дар сомонаҳои шубҳанок нашр мешаванд бовар накунанд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter