ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: бозори “Деҳқон» рав!

  • Чоршанбе, Фев 05 2020

 

 

Ҳарчанд дар куҷо забҳ кардани гову гӯсфандро борҳо суол намудем, касе посухи мушаххасамон надод. Яке мегуфт бароямон аз деҳот меоранду дигар таъкид мекард, ки қассобҳои худамон мекушанд. Аз дӯкондоре пурсон шудем, ки говро худатон мекушед? “Не акаҷон! Вале на шот тоза буданаш 100% гарантия ”- гӯён боварамон кунонд. 

Рейди навбатии мухбирони газетаи мардумии СССР рӯзи якшанбеи ин ҳафта дар бозори калонтарини яклухтфурӯшии пойтахт-бозори «Деҳқон» идома дошт. 

Ҳамаш “туғрияй!”

   26.01.2020. Соат ба вақти Душанбе 10:28 дақиқа. Баъди сайр дар ярмаркаи ҳамешагӣ ва қисмати гӯштфурӯшӣ ба қисмати чакка ва салатфурӯшон қадам ниҳодем. Болои тамоми хӯришҳое, ки савдогарон ба фурӯш бароварда буданд, кушода буд. Бо гурӯҳе аз фурушандагон ҳамсӯҳбат шуда, гуфтем, то дар болои маҳсулоти мефурӯхтаи худ дока ё ягон матои сафед партоянд, охир ин тавр маҳсулот тамоми микробҳо ва  чангу хокро ба худ мегиранд.  

    Яке аз фурӯшандагарони бозор, ки нахост номшро ифшо кунем зимни суҳбат афзуд, ки “Ира бояд духтурон контрол кунанд.”  Ҳайрон шуда пурсидем, ки чӣ магар  духтурон назорат намекунанд?. “Ин духтурои мо миёян сертификат метан, туғриай, ягон каса бало намезана,  гуфта мераван”. 

    Савдогари дигари бозори мазкур апаи Рухшона, баъди пешниҳоди мо дар мавриди пӯшонидани болои хӯришҳо гуфт: “Агар мо савдогарон ба  рӯйи салату чакка дока партоем, ҳеҷ клиент салатҳои моро намехарад”. Ғайр аз ин ӯ иброз дошт, ки масъулин бозор ҳам доимо таъкид мекунанд, ки болои хӯришҳоро пӯшонем, вале ин имкон надорад. Ин тавр кунем то бегоҳ ҳеҷ чиз намефурӯшем. Пас инҷо мушкил дар чист? Дар духтури бозор ё дар фурӯшанда ва ё дар мо харидорон, ки дигар ба маҳсулоти рӯяш пӯшида эътимод надорем?…

“1 рӯз кор мекунаду 39 – рӯз не”

  Соат бо вақти Душанбе 10:38 дақиқа. Пеш аз дарвозаи даромади бозор ярмаркаи ҳамешагӣ амал мекардааст ва як қисмати асосии ин ярмаркаро гӯштфурӯшон дар ихтиёр доштанд. Ҳолати санитарӣ ва зарфҳои бузурги пур аз дилу ҷигар (-и болояш кушода ), ки бо нархи 20-25 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуда буд, табъи касро хира менамуд. Моҳиҳои гуногунҳаҷм дар барашон гӯшти мурғ, ки баъзан бо ҳам часпида буданд, гӯё ба харидорон нидо мекарданд, ки “аз ин ҷо ҳеҷ чиз нахаред!”. Ин манзараҳо таъби моро хира намуд, вале вориди бозор гардидан замон муҳит тамоман дигар буд. 

  Ба қисмати гӯштфурӯшии дохили бозор рафта, ба мушоҳида оғоз кардем. Фурӯшандагон бо либоси ягона, муомилаи хело хуб. Нархи гӯшт низ нисбати бозорҳои дигар арзонтар. Дар дохили бозор 1 кг гӯшт аз 47 то 50 сомонӣ арзиш дошт. Ҳалати санитарии гӯштфурӯшиҳои дохил хуб ба назар мерасид. Дар назди аксари савдогарон дастмолҳои сафедро мушоҳида намудем, ки зуд-зуд бо онҳо дастонашонро пок мекарданд. Хуб мешуд, ки ба ҷои ин дастмолҳо аз даспӯшаки якбормасраф истифода мегардид.

    Ҳарчанд дар куҷо забҳ кардани гову гӯсфандро борҳо суол намудем, касе посухи мушаххасамон надод. Яке мегуфт бароямон аз деҳот меоранду дигар таъкид мекард, ки қассобҳои худамон мекушанд. Аз дӯкондоре пурсон шудем, ки говро худатон мекушед? “Не акаҷон! Вале на шот тоза буданаш 100% гарантия. Қассобҳои худмон тоза ба Бисмиллоҳ куштагиянд. Бги ака гӯшти хуб мебарӣ”- гӯён боварамон кунонд. Дар ҳақиқат гӯшт ҳам тоза, камравған ва камустухон менамуд. Гӯштпораеро гирифта, нархашро пурсидем. 1 кг 710 гр вазн дошту фурӯшанда аз мо бар ивазаш 90 сомонӣ хост. Гӯштро гирифта ба сӯи тарозуи санҷишие, ки дар 1 паҳлӯи бозор ҷойгир буд, омадем. Хостем гӯштро баркашем. Садои марди миёнасоле, ки либоси фурӯшандагӣ ба бар дошт моро боз дошт. “Иё барои рекламаҳан, як рӯз кор мекунанду 39 – рӯз не”. Тарозуҳои санҷишӣ кор намекардаанд. “Ҳеҷ гап не!”-гӯён ба қисматҳои дигари бозор равон гаштем. Сабзавоту меваҷот низ дар ин бозор арзонтар будааст. Аз шавқи зиёд лимую анору себ низ харидорӣ намудем. 

Вақте раис нест…

 Мушкилоти ҷиддие, ки дар ин бозор мушоҳида намудем хӯришҳои болокушода, тамбашавии мошинҳои назди бозор ва ба ҳолатҳои санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудани ошхонаҳои дохили боз буду ҳамон дилу ҷигари мурғҳо. Яъне, вазифаи ҷонии духтуру бойтори бозору кормандони БДА ва санитар-эпидемиологҳои н.Сино!

1 нафар фурӯшанда дар сӯҳбат бо мо аз аҳволи бади бозор то омадани раиси нав қисса намуд. Ба гуфтаи ӯ бозор пур аз дуздбача буду 1 макони харобаро мемонд. Раис нав таъин шуда, хеле ҷавон аст. Аввал тарсидем, ки  “бачаи ёш асту аз уҳдаи кор намебарояд”, вале бар хилофи назари мо ӯ кордону меҳрубон ва менеҷери хуб баромад. Ҳамаи мушкилиҳои ҷойдоштаро сари вақт ҳал кард, мегӯяд номбурда.

Он, ки раис ҷавону боғайрат асту проблемаҳои бозорро сари вақт ҳаллу фасл мекунад, албатта хуб аст. Аммо чаро зертобеони раис ва фурӯшандагони бозор дастуру супоришҳои ӯро ҳамарӯза иҷро намекунанд? Чаро вақте раис ҳаст ҳамаҷо тозаву озодаву рӯи маҳсулоти шириву хӯришҳо пӯшидаву мардум либоси махсус ба бар кардаву муовинон низ дар даву тозанд ва чаро вақте раис нест-барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон сафар карда будаст, на чакка пӯшидаву на салату на кормандон дар ҷойи кору на тарозу таъмиршуда? Пас, бозор ва таъмини тозагиву бехатарӣ ва тартибу назорати он танҳо ба 1 раиси бозор дахл дораду халос!? Зертобеон ва сохторҳои назоратӣ чӣ кор мекунанд? Мо пайгири ин мавзӯ мемонем! Мо Метавонем!!!

 

Исмоилҷон Маликов, Омирона Достиева, Ситора Сафарова ва Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter