ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Аз муаллиф: Газетаи СССР  бисёр кори хуб мекунад, ки дар бораи чеҳраҳои машҳури солҳои 90-и асри пор, ки муштзӯр, рэкет, пешво, авбош, ғурурманд ва ҷасур буданду дар ҷанги гражданӣ ҳиссае барои ғалаба бар фанатизми исломӣ гузоштаву ҳукумати конститутсиониро барқарор кардаанд, мавод менависад. Ман мехоҳам, баъди Исматча хонандагонр бо Нуралии Ғариб-ҷавонмарди ғайюр, нотарс, ҷасур ва ҳақталош шинос кунам. Мо Метавонем!

     Собиров Нуралӣ Қурбоналиевич (Нуралии ғариб) соли 1960 дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Москва ҳозира Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ӯ баъди адои хизмати ҳарбӣ ба коллеҷи индустриалӣ-педагогӣ дохил шуда, баъди хатмаш, омӯзгори литсейи касбии №67-и ш.Душанбе шуда, фаъолият кардааст. Баъдан Донишкадаи санъат ва ҳунарҳои ба номи Мирзо Турсунзода, факултаи китобдориро тариқи ғоибона хатм намудааст. 

    Нуралии ғарибро ҳамчун варзишгари намуди каратэ хуб мешинохтанд. Ӯ ҷавононро аз ин намуди варзиш меомӯхт ва ба роҳи рост тарбия мекард. Намегзошт ҷавонон ба роҳи бад раванд. Нуралии ғарибро ҳамагон эҳтиром мекарданд. Зеро дар он даврон, ки русу коресу қафқозиҳо дар пойтахт бисёр буданд, бо сухан ва мушт аз миллати Тоҷик дифоъ мекард!

 Ӯ бо вуҷуди боқувватиаш хоксору ҳалим буда, хизматашро аз ягон ҳамватан дареғ намедошт. Ҳангоми сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ӯ низ дар қатори дигар бародарон дар канор наистод ва аввалин шуда ба ҳифзи ҳукумат бархост. Таъкидан ба ҷавонон мегуфт танҳо ва беҳуда дар шаҳр нагардед, чунки назорат нест мухолифон дар кӯчаҳои шаҳр даст ба бетартибиҳо задаанд. Дар куҷое нафаре дармемонд, рафта халосаш мекард.

    Ҳангоми ҷамъ кардани донишҷӯён хобгоҳ ба хобгоҳ гаштаю онҳоро ба аэропорт меовард, то дар роҳ кушта нашаванд. Бо ташаббуси Исматча ин коррро ташкил карданд. Ҷавононе, ки дар ин ҷо номбар шудаанд хизмати арзандае кардаанд, дар барқарории сулҳу оромӣ ва набояд нисбаташон носипосӣ кард. Инҳо  Нуралии ғариб, Эмом Хубак, Нуралии кишка, Ҷомӣ, Усмонқул-полвон, Бозорча, Нурик, Шамсиддин ва дигар бародарон, ки дар атрофи Исматча ҷамъ шуда, барои ҳимояи ҳамдиёронашон ҷони худро дареғ намедоштанд. 

    Баъди барқарор шудани Ҳукумати қонунӣ Нуралии ғариб ба ҳайси директори комбинати ордбарорӣ фаъолият ва хизмати софдилона ба Ватану  миллат кардааст. Ӯ соли 1997 дар ш.Душанбе вафот намуда, дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд. Бародари хурдиаш Саидакбар полковники афсари қушунҳои марзӣ соли 2017-2018 дар ш.Исфараи вилояти Суғд адои хизмат кардааст. Ҳангоми муноқишаҳои марзӣ хизмати ҷавонмардии худро барои ҳимояи Ватан адо карда, чандин сарбозро аз асорати даргириҳои марзи қирғиз озод кард, гарчанде худ захмӣ шуда буд. Хизмати ин марди шуҷоъи баору баномусро худи роҳбарияти давлат қадрдонӣ кардааст.

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!

Абдуҷаббор Ибодзода

Махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter