ХАБАРИ ДОҒ

Ҳошим Гадо-шиноси ношинос

  • Панҷшанбе, Окт 24 2019

 

Ӯро касе намешиносад!!! Мутмаинан намешиносад...

Оре, ӯ Сӯҳроби ял аст. Дуруст, ки Эдипаш ҷаҳонро таккон дода буд. Баҳс намекунам, ки Хлестакову Гамлеташ бе назиранд. Ҳарф нест, ки тамомии нақшҳои офаридааш дар саҳнаи кинову театр беамсоланд. Ҳатто нақшҳои манфияш; образҳои саркардаи босмачиҳо, ки бояд нафрати мардумро меовард, бинандаро ба симои босмачӣ ошиқ менамуданд. Воқеан ҳам ин Ҳошим Гадост, ки барои нахустину охирин бор нақши бобои Оғохони 4, пешвои мазҳаби исмоъилиён ва эмомашонро бозидааст. Бо ун нақш низ образи эмом-ҳозир ба дилҳо ҷо шуд, ҳарчанд идеологияи болшевикӣ дигар чӣ мехост...

Вале бо ин ҳама Ӯро намешиносем. Ӯ ҳатто худаш худашро намешиносад. Зимнан танҳост. Дар ҷустуҷӯст. Дар омӯзиш аст. Худашро меҷӯяду характери фардии хешро меомӯзад...

Стоп! Кӣ аз миёни мо худашро мешносад? Ҳич кас. Вале касе парвое надорад аз ин. Зеро ақли мо намерасад, ки ақаллан худамон худамонро омӯзем, бишносем, шиносонем.

Ҳошим дар симои хеш мехоҳад моро ба мо муаррифӣ кунад. Зимнан меҷӯяд, мепӯяд, меомӯзад ва...ҳанӯз чизе дарнаёфтааст. Табиати одамҳо хеле мураккаб аст, ки мураккабтарини онҳо табиати нобиғаҳост.

 

 Ҳошим нобиға аст!

Медонам, ба бисёриҳо мақбул нест, ки ман Нафари Зиндаеро Нобиға гуфтам. Ҷамъияти мурдапарасти мо нобиғахояшро баъди сарашон пайдо кардаву пеши мазорашон зону шикаставу тавбаву надомат сохтаву ҳайкал метарошад. Вале ман, СМ, дар зиндагонияш, сареҳатан ва бо бовар мегӯям, ки Ҳошим Нобиға аст. Ва на танҳо дар санъати ҳунармандӣ.

Олами ҳунар, театр, кино басе полудагиҳо дорад. Мураккабтарин олам аст он. Зеро дигар маълуму мушаххас нест, ки дӯсту душманат бо ту ҳунарнамоӣ доранд ва ё дар асл сӯҳбат мекунанду симпатияву антипатия дар нақшҳост, ниқобҳост, сенарияҳост, суробҳост ва ё дар амал?!... Ҳошим аз ин олам хеле дилмондааст. Мисле, ки дигарон низ дилсарданд. Воқеият ин аст, ки олами театриро фаҳмидану дарк сохтану баҳо гузоштан хеле кори саъб аст. Аммо воқеияти дигар ин ҳам ҳаст, ки дар ин олам мисли Ҳошим Гадо дигар касе нест...

Ҳошим даҳсолаҳост аз бозиҳои пасикулуарӣ сард шудаву аз театр фирор кардааст. Аммо ин фирори ӯ мисли фирори дигарон нест, ки «ҳақиқатро дар мино»  дидаву аз оламу одам бибиридаву худро ба майу шароб мезананд. Ҳошим гурехт, аммо на ба оғӯши фаромӯшӣ. Ӯ барои худ ҷодаи нав кашф кард ва собит сохт, ки ба ҳар коре Нобиға даст занад-гул мешукуфонад!!!

 

 Ӯ нависанда шуд!!!

Ҳошим дар тӯли 7-8 сол...беш аз 200 ҷилд китоб навишт. Ба фарзи мисол, бештар аз асосгузорони Марксизму Ленинизм. Ин дар ҳолест, ки барои Ленин дастгоҳи идеологӣ тӯли 70 сол менавишту кор мекарду таҳрир менамуду тафсир месохт. Ҳошим дар ин ҷода тани танҳо талош кард...ва муваффақ ҳам шуд, чун дар ҷодаи синамогароӣ, чун дар театр, чун дар коргардонӣ…

Имрӯз ҷамъияти китобгурезу китобқимоби мо, ки Ҳошимро нахондаанд, фикр мекунанд, асарҳояш сатҳӣ ва пастбаҳоянд. Вале мане, ки аз ин хизона чанд адад китобро хондаам, бо боварӣ мегӯям, ки «Ҳошим нависандаи олист ва ҳар китобаш ба хазинаи давлат меарзанд». Ман медонам, чӣ мегӯям. Отвечаю!

Вусъати андешаи нависанда-Ҳошим бе марз аст. Ӯ тавонистааст, дар кутубаш синтези адён, Иврит, Инҷил ва Исломро гунҷонад. Ҳатто Авастову Буддоияро синтез кунад. Қиссаҳое, ки дар бораи паёмбарони ин динҳо дар осори Ҳошим дучор меоӣ, бо ташреҳи ҳошимӣ воқеан ҳам бикранд. Ва ин танҳо ҷунуни Ҳошим Гадост, ки ҳазрати Довудро «дузду роҳзани оддӣ» муаррифӣ карда тавонад. 

Мо, афроде, ки вусъати андеша надорем, ҳич гоҳ ин ҳақиқатро наменавиштем. Зеро мо танҳо тавбаву надоматро медонем. Чизе, ки моли авомуннос аст. Ҳошим инро менависад!!! Зеро болотар аз пиндори 1 фарди заминист.

 

Ӯ аз дигар олам аст!!!

Баҳсҳое, ки Гомеру Софокл, Хлестакову Данте, Уқлидусу Суқрот, Сервантесу Шекспир, Исову Мӯсо, Гоголу Пушкин дар асарҳои Ҳошим доир мекунанд, аналог дар таърихи адабиёти мо надоранд!!! Инро чун донандаи адабиёти Тоҷик мегӯям ва омодаам ба ҳар гуфтаам посух диҳам! Мо Метавонем!!! Фарзи мисол, дар китоби «Хлестаков»-аш ончунон «хелстаковщина»-ро муаррифӣ намудааст, ки ту гӯӣ, бо Гогол ҳамнишин буд. Ва ё «Кометы»-яш ӯро ҳамқадаҳи садҳо файласуфи Юнону Руми қадим месозаду мубоҳисаи пешазмаргии Суқрот бо Ҳошим нависандаро ҳампалатаву ҳамкамераи он фарзона менамояд... Бо пайғамбарони Худо тавре баҳс мекунад, ки як ҷунунӣ ва ё файласуфи азхудрафта, ё сӯфии ба мартаба расида, мисли Мансури Ҳаллоҷ, Маликуддинор, Бедилу Шамс… сӯҳбат кардан тавонанду бас…

Мутаассуф, ҷамъияти сахт мазҳабии мо, ки думболаи таассуб мераваду ҳатто осори ворастаи Саъдиву Ҳофизу Хайёмро ҷомаи мазҳаб мепӯшонад, Ҳошимро ҳеҷ гоҳ нахоҳад фаҳмид. На имрӯз ва на фардо... Зеро ӯ аз олами мо нест. 

Вале ҳатман рӯзе мерасад, ки Ӯро аз ифтихори аврупоиён дарёфтаву мушт бар сина зада, хоҳем гуфт:

-Ӯ Тоҷик буд!!! Ҳамтабори мо буд...

СМ 

махсус барои Ҳошим Гадо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter