ХАБАРИ ДОҒ
Принт

Кор ё рисола? Унвон ё шармандагӣ???

  • Панҷшанбе, Апр 19 2018

SMART-5

Ман ҳамагӣ 1 газета ва 1 сайти хабарӣ дораму вақти сархорӣ на. Борҳо аз ман хоҳиш мекунанд, ки ба илм низ даст расонам. Аммо дастам на-ме-ра-саддд!!!
Пас раисону вазирони мо аз куҷо вақт ёфтаву рисолоти номзадиву докторӣ менависанд? Парадокси вазъ ин аст, ки ё Диссернет, ки олимони моро ба плагиат муттаҳам мекунад дурӯғ мегӯяд, ё воқеан ҳам раисону вазирони мо бо корҳои илмӣ банданду ба ҳукумат дурӯғ мегӯянд, ки КОР мекунанд!...
Илм хуб аст. Аммо, биёед, системаи SMART, яъне зиёну мафоди онро дар коргузорӣ ва давлатдорӣ варақ гардонем. Агар фоидааш беш аст, пас бигзор тамомии раисону вазирон профессору доктору академик бошанд. Илло, аз плагиат ва он ҳам рисолоти шӯрангези Диссернет, ки баъдан ба илму дониши миллати Тоҷик иснод хоҳад овард, бояд даст кашанду ба кору бори худ банд шаванд, ки гуфтаанд:
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Меҳри ӯро дар дилаш андохтанд!
Фарзи мисол, Соҳиб Табаров ва ё Шарифҷон Ҳусейнзода дар 2 ҷаҳон розӣ намешуданд, ки вазифа гирифтаву аз илм дур раванд. Дилбастагӣ ба илм? Оре! Аммо бояд дар миёна дилбастагӣ ба вазифаву курсӣ низ бошад. Инҳо ба ҳиҷ ваҷҳ курсиро раҳо карданиву ба илм рафтанӣ нестанд. Пас, Олим шуданашон ба чӣ хотир аст? Аккурат, вазифаи навбатӣ гирифтан. Ин фикри фардии ман аст ва шояд ба андешаи ту, хонандаи ин сутур, рост наояд, вале ба пиндорам илм ҳоло барои курсӣ харида...бубахшед, навишта мешавад....
Мода ба илм. Нахандед, ҳоло воқеан ҳам мӯд шудааст, ки раисе, вазире, чиновнике ҳатман олим бошад! Ҳадди ақалл номзади илм. Баъдаҳу доктору профессору академик (Ҳоло ман перомуни узви ИЖТ, ИНТ ва дигар созмонҳои номдор шудани инҳо хамӯшӣ бармегузинам, ки мавзуи дигар аст). Дар варақаи иттилоотии ҳар нафар агар унвони илмӣ бошад, риски вазифа гирифтанаш меафзояд. Ҳоло ман перомуни китобнависиву шеъру роман эҷодкунии чиновникҳо хомӯшӣ бармегузинам, ки теъдодашон беинтиҳост… Вале дар ин додуситад касе фикр кардааст, ки масъулияти давлатӣ куҷо мешавад? Тасаввур кун, хонанда, агар ҳар чиновник шабу рӯз бо навиштани рисола банд бошад, кори давлатро кӣ мекунад? Ҳол он ки қабл аз навиштани рисола бояд ҳадди ақалл 3 сол (!!!) аспирантура хонӣ!
Онҳое, ки аз илм омадаанд, 1 тарафи кор аст. Воқеан олиманд. Аммо ман шубҳа дорам, нафаре, ки аз илм фарсахе дур буд, ҳатман ба илм часпаду ҳама кору бори давлатро 1 сӯ гузошта, доктори илму академик шавад. Мумкин нест! Касе бо илм сару кор дорад, медонад, ки ин нонсенс аст. Ҳатто олимоне, ки сари қудрат меоянд, гумон аст, вақте ёбанд, то ба илму дониш гараванд. Маро маъзур доред, вале аз 3 нафаре, ки дар давлатсозиву тақвияти сиёсати мо дасти тамом доранд, 1 тан низ номзаду доктору академик набуданду нестанд. Зеро вақт надоранд. Дар назар дорам Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Маҳмадсаид Убайдуллоеву Қоҳир Расулзода. Чаро инҳо рисола наменависанду бояд дигарон нависанд? Зеро инҳо КОР мекунанд! Давлат илми худро дорад ва фалсафаву филология, нуҷуму ҳандасаву мантиқро намеписандад.
Ҳаргиз тарафдори Диссернет нестам, ки илми моро бо олимонамон ба 1 пули пӯчак баробар кард. Аммо то шамол навазад барги дарахт намеҷунбад. Зиёд шудани сафи уламо ва он ҳам дар миёни мансабдорон воқеан ҳам шубҳабарангез аст. Дар сатҳи давлати Русия ҳатто сарвазири ФР Дмитрий Медведев боре бонги изтироб зада буд, ки дар Тоҷикистон суфуфи улам беш аз пеш афзудан дорад. Акбари Турсон низ бонги изтироб мезаду мо онро ҳамели гӯш накардем. Ва ана акнун сар шуд. Сухан сари 3-4 олими асардузд нест. Гап сари ин аст, ки метарсам, ин фошгӯиҳо обрӯи илму дониши миллиро нарезонаду рисолоти илмиямон, амсоли дипломи бархе аз донишгоҳҳоямон, дар хориҷа писанд нагардад. Он гоҳ, вой бар ҳоли олимони воқеан ҳам сарсупурдаи ин миллат. Ҳоло ҳам, ки кор аз кор нагузаштааст, бояд Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ аз руасову вузаро талаб кунад, ки бештар вақти худро сарфи кори ҷонӣ, яъне давлатдориву давлатсозӣ сарф кунанд. Аммо агар олим шудан мехоҳанд, марҳабо! Рухсатии меҳнатии тӯлонӣ-академотпуск гирифта, раванд ва тӯли 3 сол рисола нависанд. Дар ҳудуди меъёри талаботи илми муосир. Баъдан агар хоҳанд ба кори давлат баргарданд. Нахоҳанд, марҳамат, кори илмиро давом диҳанд. Наметавонанд ё намехоҳанд, ин кори индивид аст. Мо Метавонем!
Хулосаи ин SMART чист? 1 пешниҳод таваллуд шуд:
-ҳар нафаре мехоҳад бо илм сару кор гирад, ҳатман барои рушди фанновариву дониши миллӣ, аз сари қудрат дур гардад, вақт ёфтаву кашфиёт намояд…то фардо илми мо сархаму хиҷил пеши кадом сайти Диссернет нагардад. Тамом вас салом!
PS:Ҳамин ҳоло ки матлаб навишта мешуд, аз Донишкадаи Тиҷорат овоза расид, ки муовини аввали сардори хадамоти Гумруки назди ҳукумати ҶТ, Турсунзода Азим Ҳайдар низ ба кори илмӣ дода шудаву олим шуданист. Беҳтарин кор. Ҳам олим мешавӣ ва ҳам генерал...Шояд рисолааш дар бораи ба Тоҷикистон роҳ ёфтани гӯшти мурғи пастсифат бошад, ки дар нишасти матбуотии ахирияш сӯҳбат мекард? Ана ҳамин мавзуъро мо пайгир мемонем. Ҳатман. Мо метавонем!

Китобҳо

Flag Counter