ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 14 Феврал 2020 16:36

Қарор аст, ки дар Суғд пардохти  хизматрасониҳои тиббии пулакӣ тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад. Гуфта мешавад, ки амалиётҳои пардохтӣ дар ин самт аз ҷониби Бонки давлатии Амонатбонк анҷом дода мешавад.  Ба таъкиди масъулини раёсати тандурустии вилоят  алакай дар чанде аз бемористонҳои Суғд терминалҳои махсус барои пардохти хизматрасониҳои тибби музднок насб гардидаанд.  

 Дар робита ба ин масъала Маъруфҷон Абдураҳмонов, Мудири бахши механизми нави маблағгузории Раёсати тандурустии вилояти Суғд, зимни нишасти хабарии сардори ин раёсат иттилоъ дод. Номбурда мегӯяд, набудани терминалҳо дар ҳама муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ аз мушкилиҳои асосиест, ки сокинон наметавонанд,  дар ҳама бемористонҳо хизматрасониҳои пулакиро тариқи ғайринақдӣ анҷом диҳанд.:

- Аз соли 2019 ин иқдом амалӣ шуда истодааст. Агар бонк дар семоҳаи соли 2019 дар ҳамаи муассисаҳои тиббии системаи давлатии тандурустӣ терминалҳои худро барои пардохти хизматрасониҳои пулакӣ насб кунад, сокинон имкон доранд, пардохтҳои пулакии тибиро тавассути корҳои пластикӣ анҷом диҳанд, гуфт Абдураҳмонов.

  Дар ҳоле, ки бино ба таҳлилҳои оҷонсии зидди фасод дар кишвар соҳаи тандурустӣ аз соҳаҳои фасодзада маҳсуб мешавад, таҳлилгарон мегӯянд, ба таври пурра ба роҳ мондани ҳамаи намуди пардохтҳои хизматрасонии тиббии музднок, то ҷое барои ҷилавгирӣ аз омилҳои порагирии кормандони тиб мусоидат мекунад.

 Ҷоиз ба зикр аст, ки дар Суғд 936 муассисаи тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 132 муассисаи госпиталӣ, 649 муассисаи сохтори КАТС, 155 муассисаи махсусгардонидашуда ва 247 муассисаи хусусӣ  фаъолият дорад

Ҷаҳонгир Мирсалимов

Махсус барои СССР

 

Ҷумъа, 14 Феврал 2020 16:23

Бино ба иттилои мақомоти прокуратураи Суғд, нисбати роҳбарони ширкати Unice Finance парвандаи ҷиноятӣ бо ҷурми қаллобӣ боз шудааст. Муовини якуми прокурори вилояти Суғд, Иззатулло Муҳаммадӣ зимни нишасти хабарии худ ба рӯзноманигорон гуфт, то ҳол 27 нафар шаҳрвандони фиребхӯрда, муайян карда шудаанд. “Намояндагони ширкат маблағи пулии шаҳрвандонро бо ваъдаи он ки ба онҳо фоидаи зиёд медиҳанд, гирифта, ин маблағҳоро тасарруф кардаанд. Нисбати якчанд нафар кормандони ин  ширкат парванда боз шуда,  ҳоло дар ҳабси пешакӣ ҳастанд. Аз тарафи прокуратураи вилоят гурӯҳи фаврӣ тафтишотӣ созмон ёфта, ин парванда ҳамаҷониба дар ҳоли тафтиш аст”, афзуд, Муҳаммадӣ. 

Зимнан РВКД дар вилояти Суғд, 8 нафар шаҳрвандонеро шумули роҳбари  ҶДММ “Нур сафар” Нурулло Ҳусейнов, ки худро корманди Unique Finance Tajikistan муаррифӣ мекарданд, бо ҷурми қаллобӣ дастгир кардааст. Мақомоти корҳои дохилии Суғд расман гузориш дода, гуфтааст, ки айбдоршавандагон ба боварии шаҳрвандон даромада, онҳоро бовар кунонидаанд, ки дар суръати харидории саҳмияҳои ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон, соҳиби даромади зиёд мешаванд. Мақомот гуфтааст, онҳо маблағи зиёди шаҳрвандонро бо роҳи қаллобӣ тасарруф намудаанд ва бо ҷурми фиреби мардум нисбати ин нафарон парванда бо дастрасӣ ба ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ 247(қаллобӣ) ва 276(дидаву дониста додани рекламаи бардурӯғ) боз шудааст. 

Роҳбари ширкат Нурулло Ҳусейнов, иддаои мақомотро рад мекунад ва дар гузориши мақомот гуфтааст, пулҳои шаҳрвандонро ӯву зердастонаш нагирифтаанд.

Ҷаҳонгир Мирсалимов

Махсус барои СССР

 

Ҷумъа, 14 Феврал 2020 16:19

Ба гуфтаи сардори Раёсати ВКД Суғд, Абдулло Навҷувонов  созмони ифротии “Ихвон-ул-муслимин” ё худ “Бародарони мусалмон” дар вилояти Суғд ҳанӯз аз соли 1999 фаъолияти худро оғоз кардааст. Ин нуктаро ӯ зимни нишасти хабарии худ ба рӯзноманигорон таъкид намуд. Бино ба маълумотҳо аз аввали  соли 2020 бо гумони узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин”,  ки фаъолияташ шурӯъ аз соли 2006 дар Тоҷикистон манъ шудааст, 113 нафар шаҳрвандони кишвар боздошт шудаанд. Навҷувонов ҳарчанд дар бораи шумораи умумии боздоштшудагон аз Суғд бо ҷурми пайравӣ ба равияи “Бародарони мусулмон” бо далели “сирри тафтишот” буданаш дақиқан иттилоъ надод, вале ӯ гуфт, “Теъдодашон хеле зиёд аст!”.

  Қаблан прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иттилоъ дода буд, ки миёни боздоштшудагон аз Суғд 1 мансабдор, корманди дастгоҳи раиси шаҳри Исфара низ ҳаст. Ба иттилои мақомоти додситонӣ  дар ин авохир наздики 20 нафар омӯзгорони мактабҳои олии Тоҷикистон низ бо ин ҷурм боздошт шудаанд. 

Ҷаҳонгир Мирсалимов

Махсус барои СССР

 

 

 

Ҷумъа, 14 Феврал 2020 16:00

 

Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти 1 омӯзгори педофил дар пойтахт хабар медиҳад.

    Тавре имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии ҶТ хабар дод, ин нафар Иванкин Вадим Виталевич, соли таваллудаш 1986 буда, ҳамзамон шаҳрванди 2 кишвар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чуноне ки ба мухбири СССР маълум шуд, боздошти мавсуф, ки дар вазифаи муовини директори мактаби таҳсилоти умумии миёнаи №1 и пойтахт кор мекардааст, рӯзи  21.01.2020 сурат гирифта, ӯ дар даст доштан ба таҷовузи 1 нафар хурдсол ва ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта нисбати ноболиғон айбдор мешавад.

   Вадим Иванкин ноболиғонро ба манзили истиқоматии худ воқеъ дар к.Шотемур бурда, кирдорҳои ҷинояткоронаи хешро анҷом дода, нафси шаҳвонии худро қонеъ мекардааст. Феълан дар бораи 7 ҳолати анҷомдодашудаи ӯ далелҳо ошкор шудаанд. Айни замон нисбати ин омӯзгор бо моддаҳои 139 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

СССР

 

Ҷумъа, 14 Феврал 2020 15:59

   Дар соли сипарӣ гардида аз ҷониби ВКД ҶТ 81 нафар шаҳрвандони кишвар бо ҷурми узвият дар созмони экстремистию терорристии ДОИШ боздошт гардидаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилии кишвар Раҳимзода Рамазон Ҳамро хабар дод.

    Тавре вазири корҳои дохилӣ зикр намуд, инчунин дар соли 2019 54 нафар бо ҷурми салафият, 8 нафар узви созмони “Гурӯҳи 24”, 8 нафар узви ҲНИТ, 113 нафар барои ҳамкорӣ ва узвият дар ҳаракати “Бародарони мусалмон” (“Ихвол ал муслимин”), 3 нафар барои ҳамкорӣ ва узвият дар ҳаракати “Ҷамоати Ансаруллоҳ”, 3 нафар “Ҳизби таҳрир”, 2 нафар ҳамкорӣ бо ҳаракати “Толибон” ва 2 нафар бо ҷурми ҳамкорӣ бо “Ҳаракати исломии Туркистон” боздошт гардидаанд. 

   Инчунин соли сипаришуда кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат 27 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар самти терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, нашъаҷалобӣ, роҳзаниро ошкор намуданд, ки дар натиҷа беш аз 200 нафар дастгир шуданд.

СССР

 

Ҷумъа, 14 Феврал 2020 15:52

 

 Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии ҶТ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 дар мавриди тамдиди мӯҳлати сабти сим-кортҳо афзуд, ки алакай дар ин бора ба Ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ муроҷиат кардааст, зеро то ба ҳол теъдоди зиёди шаҳрвандон натавонистаанд шиносномаҳои намунаи соли 1996-и хешро ба намунаи соли 2014 иваз намоянд.

   Мӯҳлати ивази шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014, ки ба хотири бақайдгирии симкортҳо роҳандозӣ шудааст, 15.02.2020 ба анҷом мерасад. Новобаста аз он, ки аз фурсати додашуда 1 сол гузаштааст, вале то ба имрӯз наздики 3,5 миллион сим кортҳо аз сари нав ба қайд гирифта нашудаанд ва соҳибони онҳо бояд бо шиносномаҳои нав сим кортҳои худро ба қайд бигиранд. Дар соли 2019 бошад аз ҷониби Хадамоти шиносномадиҳии ин вазорат беш аз 1,2 миллион шиноснома иваз карда шудааст.

 

СССР

 

Ҷумъа, 14 Феврал 2020 15:48

 

   Дар соли 2019 аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, яъне ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар 249 ҷинояти характери коррупсионӣ дошта ба қайд гирифта шуда, дар соҳаҳои маориф ва илм-122 ҷиноят ва тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ-135 ҷиноят ба вуқӯъ пайвастааст.  Дар ин бора Сулаймон Султонзода, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ зимни мулоқоти хеш бо хабарнигорон иброз дошт.

   Рӯйхати баъдиро бино ба иттилои мавсуф бахши кишоварзӣ-32, соҳаи нақлиёти мамлакат-17 ҷиноят, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ-64 ҷиноят, саноат ва технологияҳои нав-8, молия-7, кумитаҳои давлатии идораи замин ва геодезӣ-87, андоз-19, меъморӣ ва сохтмон-8, ШСХК «Барқи тоҷик»-359, соҳибкорони инфиродӣ-403, соҳаи бонкӣ-273 ва дигар идораву корхонаҳо 339 ҷиноят идома медиҳанд.

 

СССР

 

Ҷумъа, 14 Феврал 2020 11:03

 Шайх Темур дигар моли таърих шуд. Худо биомурзад. Чи коре кард-накард,  назди Ӯ посух мегӯяд. Вале чаро ин матлабро бознашр мекунам??? Барои дарси ибрати дигарон шудан. Ҳафтаи пор нафаре гуфт, ки меҳмони маъракае дар н. Ваҳдат будаму нохост эшони...фалономад шуду барои чаламчӣ-дастобгир 2-3 танро ҷанг. Ҳайрон мондам. Вале чун хатми он моҷароро дидам, дилам бе ҳузур шуд. Эшони фалониҷони навомада дасташро шуст ва оне, ки чаламчӣ дошт, офтобаро партофта, оҷилан, он оби чаламчиро... дам кашид!!! Дигарон ба зӯр аз даҳонаш чаламчиро кашида гирифта...худашон нӯшиданд. Э, лаънат бар чунин эмондориву чунин мусалмонии мо… (Маъзарат, аз афроди вораста, ки сахт гуфтам, о, дигар хел намешавад, бо чунин тупизми мазҳабӣ!!!) 

 

Ростӣ, бовари кас намеояд, ки дар асри 21, дар миёни Тоҷикон, ки даъвии ориёӣ доранду сухани волотаринро гуфтаанд ва шореҳону муфассирони Кутуби Худоро, ба мисли Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Мавлавӣ рӯёнидаанд, мардум даст ба одампарастӣ занад. Гӯсолапарастии қавми Мӯсо калимуллаҳро дар Қуръони маҷид хонда будем. Фиръавнпарастии аъробро медонистем. Ва аммо одампарастии мусалмононро дар асре, ки Одам фатҳи кайҳон кардаву дар Мирриху Моҳ нишастааст, ҳамакнун дидем ва рости гап дар назди оламиён шармсору сарафганда шудем.

Зеро тасаввурнокарданист, ки одамон 1 одамаки дигарро ба ин шева парастанд, ки ҳатто оби таҳорати аз дасту пой ва миёни (маъзарат, аммо!)… ронҳояш шоридаро истеъмол кунанду чархи мошинашро бӯсанд ва зери балонҳояш пояндоз густарда, сипас ҳамчун табаррук онро хариду фурӯш созанд. Аз ин дида нангу шармсорӣ мешавад?

Тимур ва командаи ӯ

Аркадий Петрович Гайдар асари маъруфе дар замони шӯравӣ дошт, бо номи «Тимур и его команда». Дар ин асар, командаи Тимури пионер либоси якрангу ҳамсон пӯшида, ба мардум кӯмак мерасонид. Ҳадаф-муборизаи идеологӣ буд. Либоси ҳамранг, ба вежа саллаҳои кабуди «Тимур ва командаи ӯ»-ро дар асри 21 дида, ростӣ, ҳайрон мешавӣ, ки ин сенарияро чигуна тақрибан монанд, такрор кардан доранд. Ва аммо фарқ миёни Тимури Гайдару Тимури «авлиё» ин аст, ки Тимури рус ва кофири атеист, ба ҳич ваҷҳ хоҳару модару духтарони ҷонибдорашро зӯран ба занӣ намегирифт ва ба ноболиғон дастдарозӣ намекард.

Воқеан ҳам дар бораи никоҳ бо ноболиғон: Тибқи қонунгузории роиҷ, никоҳи шаръӣ ва ҳатто ЗАГС-и пинҳонӣ бо ноболиғ, ҳамчун таҷовуз бар номус талаққӣ мешавад. Фарзи мисол, Зайд Саидовро баъди чандин соли гӯиё никоҳ бо ноболиғе…барои таҷовуз суд карданд. Шейхро чӣ? Магар ӯ таҷовузкор нест???

Автобиографияи Шейх…

Сатторов Тимурхан соли 1950 дар ш.Ваҳдат таваллуд шудааст. Соли 2012 номашро Маҳдихон гузошта, сипас даъвои нубувват (астағфируллоҳ) ва эмоматӣ кардаву худро Эмом Маҳдӣ, эмоми гумшудаи аҳли ташаййуъ эълон кардааст, ки тибқи ривоёти шиаҳо бояд қабл аз рӯзи Маҳшар ҳозир гардидаву мардумро вораҳонад. Маълумоташ миёнаи нопурра. Дар ягон ҷо нахондааст ва ягон зарра донишу саводи казоии диниву дунявӣ надорад. Баъди гирифтани сабақҳои аввалини динӣ дар назди падараш, худро донандаи илми ғайб эълон намудааст. Ба табобати занону духтарони бемор бо усули даму дуо мепардозад. Бо сабаби гирифтани духтари 16 сола дар даврони СССР, 2 сол аз озодӣ маҳрум мешавад. Баъди фош шудани симои аслиаш аз ш.Ваҳдат ба водии Ҳисор кӯчида, дар деҳоти ӯзбаку тоҷикнишини навоҳии Турсунзода ва Шаҳринав муридони фаровон гирдоварӣ мекунад ва ахиран ба иттилоъи ТВТ, худро пайғамбари охируззамон (3 бор тавба!) низ муаррифӣ мекунад.

Лжеавлиё ва лжепророк

Тавре аз суҳбат бо «муридони хоса» маълум шудааст, ин худонотарс бо роҳи макру ҳиял ба дили муридон роҳ мебурдааст. Ӯ, ки дар 1 кӯҳманзар гӯшанишин будааст, ба гунаи мисол, агар нафаре ба аёдаташ меомад, бо дурбин мошинашро медидаанд. То ҷои Шейх баромадан бояд чанде пиёда роҳ рафт. Муридон-наводчикҳо ба Шейх мегуфтаанд, ки фалон вазир, сағир, кабир, раис…бо Ҷипи сафед омадааст. Шейх ин нафарро пазируфта мегуфтааст, ки «Бо мошини сафед омадӣ?». Тамом! Талхаи мурид мекафад, ки ин ғайбдон аз куҷо ранги мошинашро донист? Ҳол он ки ин аблаҳ-муридак намедонад магар, ки асри 21 асту Лжеавлиё дурбини замонавӣ дорад? Сипас, агар ин муриди бесавод гӯсфанд оварда бошад, 1 шогирд чой медаровардааст ва Шейхи зирак мефаҳмидааст, ки тӯҳфа чист ва мегуфтааст: О, ҳамон гӯсфанди бечораро чаро овардӣ? Буз бошад, шогирди дигарӣ медаромадааст. Хуллас бо ҳамин чораҳои примитив, ин Шейх, ки бояд тибқи миссияи мегуфтааш «мусалмононро дар рӯзи ҷазо наҷот диҳад!» ба чоҳи кандааш афтидааст. Авлиё надонистааст, ки аз болояш мақомот кор мебаранду навораш мегиранд. Масали «Кал бошӣ-сари худро табобат кун!» дар ин асно басо бамаврид аст…

Дар Аврупову Амрико лжепророкҳо зиёд мерӯянд. Зеро онҳо ба таълимоти Қуръон бовар надоранду медонанд, ки тибқи кутуб, бояд паёмбари охируззамон ва хатм-ул-анбиё ба дунё ояд. Ва аммо ин Тимурро чӣ расида, ки Қуръону ҳадис мехонду медонист, «Ло набию баъдӣ», яъне нест дигар пайғамбар (баъди Муҳаммад (с)), ва даъвои нубувват кард? Чунин афродро «қаллоби мазҳабӣ» меноманд. Ӯ коре кард, ки комбинатори маъруф ва мошенники гузарои советӣ-Остап Бендер намекард!!!

Sex & авлиё

Таври маълум, мутаассуф, муллоҳои мо дар ағлаби ҳолатҳо секспиндоранду сександеша. Ин аст, ки ин Шейх, Авлиё, Эмоми охируззамон ва Лжепророк низ истисно нест. Ӯ дар ҳоли ҳозир 7 зан доштааст. Духтареро низ дар 15 солагӣ ба кобин даровардааст. Ин зани бечора ҳамакнун нав ба синни 20 расидаву соҳиби чанд кӯдак аст. Тасаввурнокарданист, ки Шейх ва Авлиё бо роҳи таҳдид, гулдухтари аз худ 45 сол хурдро никоҳ карда гирад! Чунин рафтори муллоҳои мост, ки обрӯву имиҷи Исломи ноб миёни дигар адён мерезад…Ва ин охири кор нест. Шейх Тимур ва командаи ӯ амали дигари ғайришаръие раво дидаанд, ки дар мазҳаби мо, баробар ба гуноҳи кабира аст.

Хола ба ҷои модар…ё зан?

Тимур, тибқи иттилоъи журналистони ТВТ, хоҳари зани худ, яъне таври автоматӣ, Холаи Писарашро ба писари худаш никоҳ карда додааст! Хола ба ҷои модар! Ин хитобаи асрҳои аср дарсадои ҳар Тоҷики ҳанафист. Аммо ин бедину диёнат гӯиё модари фарзандашро ба писараш додааст! Ин рафтор ба кадом рукни кадом дини олам мегунҷад?

Ба пиндори сирф инфиродии мо, танҳо барои ҳамин гуноҳ, мешавад, Шейхро ҳукми қатл дод! Зеро дар «Соли оила» фош шудани чунин гуноҳи кабира, ростӣ, гӯшхароштарин ҷурмест, ки дар нисбат ба он, қатлу куштори таассубгарони Давлати исломӣ дар Ироқу Сурия ба сифр-0 баробар шуд.

Аблаҳизми Тоҷик дар асри 21…

Бо ин ҳама аҳли қалами СССРро 1 чиз нороҳат месозад: ҷаҳли мураккаби тоҷикистониён. О, наход, дар садаи муосир, ки мағрибиҳо, насоро, яҳудо ва ҳатто будпарастон дунёро бо нанотехнология, навовариҳои илмӣ, донишу иқтисоду молиёт зер карда гирифтаанд, мо-Тоҷикон ба чунин одамони нопок, бе савод, бе дониш ва адамутфаросат бовар кунем? Куҷост хиради азалии мо, эй мардум?

Бархеҳо, шунидаем, ки ТВТ, Сафина, Ҷаҳоннамо, газетаҳои ҳукуматӣ ва ҳатто газетаи мардумии СССР-ро ба антиисломизм муттаҳам мекунанд. Вале аз барои савоб, магар фош кардани ингуна таассуб, лжеавлиёву лжепророкҳо, дому қапқони сари Миллати Шариф гузоштаи чунин тасодуфиёни бодоварда, ки дар навбати аввал Исломро хатчадор мекунанд, магар бар нафъи Мазҳаб, Дин ва просто инсоният нест?

Агар шумо бо чунинҳоед, пас бо мо нестед. Инро мо ошкоро ва фош мегӯем. Зеро ҳадафи мо-Тоҷикистони пешрафта, вораста, тинҷу ором, соҳиби исломи ҳанафӣ ва мардуми ворастааст. Мо бар ҳар нафаре, ки бар 1 зарраи хоки Тоҷикистон ва 1 Тоҷик дастдарозӣ мекунад, эмони мо, мазҳаби падарии моро, таки по карданист, муҳораба мекардем, мекунем ва хоҳем кард!

Дар охир ба масъулини ТВТ барои фошсозии боз 1 чеҳраи манфуру манҳусе, ки пушти пардаи Ислом ниҳон мегардид, изҳори сипос мекунем. Мо Метавонем!

Зимнан, то ҷое мо хабар ёфтем, Шейх Тимур дар долонҳои давлату ҳукумат низ «муридон» доштааст ва ифшои онҳо низ кори ҷонии ҳар журналисти соҳибэмон бояд бошад. Гӯшбақимор бошед, ки Мо Метавонем!

С.Мизроб, С.Бурҳонов, О.Муродов, Ш.Амин, М.Салимшоев…

Махсус барои аъзои Ихвон ал СССР

 

саҳ 6 аз 13

Китобҳо

Flag Counter