ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 06 Ноябр 2019 10:32

Ҳаким Нисориддинови данғарагӣ бо дили пур ба Маскав париду ӯро аз фурудгоҳи «Домодедовои Маскав» худи ҳамон рӯз ва тавассути ҳамон ҳавопаймо ба Душанбе бозгардониданд: ӯ депорт шуда будаасту худаш бехабар. Чунин Ҳакимҳо ҳазорон нафаранд, ки дар Душанбе мегӯянд, депорт нестиву аз Маскаву Питеру Уралу… онҳоро мегардонанд. Иллати депорти Тоҷикон дар чист? СССР тасмим гирифт ин мавзуъро пайгирӣ кунад. Мо Метавонем!

 

Чаро фақат Тоҷик депорт мешавад?

Бори аввал нест, ки хонандагони газета аз тамоми гӯшаву канори кишвар ба редаксия тавассути зангҳои телефонӣ, СМС-паёмак ва номаҳои электронӣ муроҷиат намуда, дар мавриди сабабҳои депортатсия-ихроҷ шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи Россия напурсанд. Ин ҳафта низ чанд тан, аз ҷумла, Ёрибеки Маҳмудҷон, хонандаи доимии газета дар тамос шуда, дар бораи кадом сохтори Россия, бо кадом сабаб ва дар кадом ҳолат ҳуқуқи ихроҷ намудани шаҳрвандони дигар кишварро дорад, пурсиданд. Ёрибеки ғармӣ, ки худ чанд ҳафта пеш ҳангоми убури марзи Россия номи худро дар рӯйхати ихроҷшудагон дид, аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар ба муддати 3 сол маҳрум шудааст, аз масъулони муҳоҷират пурсон мешавад, ки чаро ҳини берун шудан аз хоки Россия касе шаҳрвандонро дар бораи шомил буданашон ба рӯйхати ихроҷшудагон огоҳ намекунад ва ҳангоми дубора убур кардан иҷозати вуруд бе ягон шарҳу далел ба онҳо манъ мегардад? Ин танҳо мушкили Ёрибек нест-даҳҳо нафар сокинони кишвар низ бо ин мушкил ва суол ба мо занг зада, хостанд, мухбирони СССР ин амали мақомоти 2 кишварро барояшон шарҳ бидиҳанд. Барои равшанӣ андохтан ба мавзӯъ мо ба сардори Намояндагӣ оид ба масоили муҳоҷирати ВКД Федератсия Россия Владислав Маркевич муроҷиат намудем. Ӯ дар кӯтоҳтарин фурсат мухбири газетаро қабул намуда, ба суолҳои пешниҳодшудаи хонандагон посух дод.

 

1 млн. 340.000 тоҷик дар Россия

Тавре Маркевич гуфт, айни замон дар қаламрави Россия беш аз 1 млну 340.000 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. 

-Ин шумораи умумии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия аст ва дар байни инҳо ҳам донишҷӯён, ҳам онҳое, ки тариқи шартнома дар ташкилоту созмонҳои гуногун кор мекунанд ва ҳам албатта муҳоҷирони меҳнатианд. Агар донишҷӯён ва онҳоеро, ки дар созмону ташкилотҳои гуногун кор мекунанд, кам кунем, наздики 1 млн нафар ҳатман муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳанд буд. Ин муҳоҷирон онҳоеанд, ки сабти иқомати худро дар сохторҳои ин кишвар ба қайд гирифта, иҷозаи корро доранду андоз ҳам месупоранд, - иброз дошт В.Маркевич. Дар идомаи ин гуфтаҳо мавсуф иброз дошт, ки солҳои охир ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР ба маротиб кам гашта, шаҳрвандони тоҷик талош мекунанд, ки тартиби будубоши худро дар қаламрави ин кишвар вайрон насозанд ва ин шоистаи таҳсин аст.

 

1 миллион ё 411.000?

Вақте намоядаи расмии ВКД ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар қаламрави кишвари худ аз 1 млн. нафар боло медонад ва ин ҳам бино ба иттилои расмӣ, намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ мегӯянд, дар 9 моҳи соли равон аз Тоҷикистон беш аз 471.000 нафар ба хориҷи мамлакат сафар кардаанд, ки аз ин омор зиёда аз 411 ҳазораш муҳоҷирони меҳнатианд. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба Россия беш аз 401.000, Қазоқистон беш аз 8,4 ҳазор шаҳрвандони мамлакат ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки 262 ҳазорашро мардҳо ва 65 ҳазорро занҳо ташкил медиҳанд. Инчунин, гуфта мешавад, ки аз 327.000 шаҳрвандони аз хориҷа ба ватан баргашта, 279 ҳазораш муҳоҷирони меҳнатианд. Аз теъдоди умумие, ки ба хориҷа ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 90% ба Россия рост омада, воридшавии 200.000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Россия, ки қаблан ихроҷ шудаанд, манъ аст. Бояд гуфт, ки тайи 3 соли охир воридшавии 3000 шаҳрвандони мамлакат ба Россия кушода гардид…

 

17.000 «россиян» шудаанд

Бино ба иттилои Маркевич, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 17.000 нафар шаҳрвандони ҶТ соҳиби шаҳрванди-(гражданство)-и Федератсияи Россия гаштанд. Ғайр аз ин, наздики 260.000 нафар иҷозати зист (вид на жительство) ва иҷозат барои зисти муваққати-(РВП-разрешение на временное проживание)-ро дар Федератсияи Россия ба даст оварда, 412 ҳазору 600 нафар бо гирифтани шаҳодатнома барои кор иҷозати қонунии кор-(разрешение на работу)-ро гирифтаанд. Мо барои фаҳмотар шудани ин ибораҳо тарҷумаи русии онро низ овардем, то ин ки барои шаҳрвандони мо, даркаш осонтар шавад. Умедворем барои ин Гавҳарбону Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ моро боз дубора ба ҷавобгарӣ нахоҳад кашид, зеро ин матлаб бар суди мардуми меҳнаткашу муҳоҷири тоҷик аст! Мо Метавонем!

 

«Мамнӯъвуруд»-9 мақомоте, ки ҳуқуқи онро доранд

В.Маркевич мегӯяд, ба ҷуз мақомоти қудратӣ, аз ҷумла, ВКД, Прокуратураи генералӣ, Судҳо ва мақомоти андози Федератсияи Россия, боз 1 қатор сохторҳои дигар низ иҷозати ихроҷ ва ё мамнӯъвуруд намудани шаҳрвандони хориҷиро доранд. Ӯ дар қатори мақомоти қудратӣ-содир намудани ҷиноят, ба охир расидани мӯҳлати қайди иқомат, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, инчунин Маркази санитариву эпидемиологӣ, идораҳои коммуналӣ-напардохтани маблағи истифодаи барқу обу гармӣ ва партову бунёди манзил, пардохтҳои аз тарафи судҳо муайяншуда, дар аксари ҳолатҳо алименти зану кӯдакро ҳам номбар кард. Яъне, агар шаҳрванди ҶТ нафаҳмида пули истифодаи обу барқу нерӯи гармиро напардохта, ба Ватан ояд, ҳини бозгашт номашро ҳатман дар рӯйхати «мамнӯъвуруд»-ҳо хоҳад дид. Бояд гуфт, ки ихроҷ ва мамнӯъвуруд аз ҳамдигар фарқ дошта, ҳукми ихроҷ шудан аз қаламрави 1 кишвар бо қарори додгоҳ анҷом меёбад ва дар ин бора шаҳрванди ихроҷшуда шахсан огоҳ карда мешавад, аммо дар мавриди мамнӯъвуруд шудан касе ба шаҳрванд хабар намедиҳад ва ӯ танҳо ҳини убури марз дар ин бора воқиф мешавад. Тавре мо таҳқиқ намудем, теъдоди аниқи ихроҷшудагон ва онҳое, ки номашон дар рӯйхати мамнӯъвуруд ҳаст, танҳо дар маъхази Қушунҳои сарҳадӣ, яъне марзбонӣ буда, ба ин иттилоъ на ҳар кас дастрасӣ дорад. 

 

Ба қаллобон бовар накунед!

Дар мавриди санҷиши ному насаби худ дар қатори ихроҷшудагон шаҳрвандони ҶТ набояд ба қаллобон бовар намуда, барои коре, ки ройгон асту ҳар 1 кас метавонад онро тариқи интернет анҷом бидиҳад, пул супоранд. Владислав Маркевич дар мавриди дӯконҳои зиёде, ки «санҷиши ФМС»-гӯён навиштаро насб намуда, бар ивази 20-25 сомонӣ шаҳрвандонро гӯё аз рӯйхати бойгонии ихроҷшудагони Хадамоти муҳоҷирати ВКД ФР месанҷанд, таъкид дошт, онҳо танҳо тавассути сомонаи расмии ВКД ФР, ки он ҷо дар бахши махсуси рӯйхати шаҳрвандони ихроҷшуда маҳфуз аст, истифода мебаранду халос.

-Шаҳрвандон худ метавонанд ба сомонаи ВКД ФР ворид шуда, дар қисмати «Суолҳо оид ба муҳоҷират» («Вопросы миграции») ба бахши «Маслиҳатҳои муфид» («Полезные советы») даромада, ному насаби худро дар пурсишномаи саҳифаи санҷиши асос барои мамнӯъ будани вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳудуди ФР навишта, интизори ҷавоб шаванд. Он ҷо ҳатман иттилоъ дода мешавад, ки ихроҷ ва ё мамнӯъвурудро кадом мақомот гузоштааст. Пасон имкон аст тавассути ин саҳифа мустақим ба ҳамон мақомот ва сохтор муроҷиат намуда, ҷавоб ҷуст-хеле осон ва ройгон, - афзуд Маркевич.

 

Ҳар 1 қадам зери назорат!

В.Маркевич мегӯяд, шаҳрвандони хориҷие, ки барои кору зиндагӣ Федератсияи Россияро интихоб мекунанд, набояд фаромӯш созанд, ки ҳар1 қадамашон зери назорат буда, бояд ба фиребу найранг роҳ надиҳанд.

-Бубинед, бештар ихроҷ дар кадом ҳолат сурат мегирад, дар замоне ки шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби 2 шиноснома аст-тоҷикӣ ва русӣ. Ба Россия ба воситаи шиносномаи тоҷикӣ ворид шуда, дар ҳудуди ин кишвар бо шиносномаи русӣ баҳузур ва бе сабти иқомату иҷозати кор гаштан мегирад. Вақти гаштан марзро боз бо шиносномаи тоҷикӣ убур мекунад-дар ин муддат аз вуруд то убур ин шаҳрванди хориҷӣ дар куҷо буду чӣ кор карду қайди иқомату иҷозаи кораш канӣ? Нест! Пас, ихроҷ! Ё ин, ки ихроҷ шудаву ба Ватан баргашта ному насабашро иваз карда, дубора дархости вуруд мекунад, лек фаромӯш кардааст, ки изи ангуштонаш дар бойгонии мақомоти қудратӣ ва судӣ маҳфуз аст. Барои пеш наомадани чунин ҳолатҳои нохуш шаҳрвандон бояд қоидаҳои будубош ва вуруду убури марзи 1 кишвари дигарро вайрон насозанд, - таъкид медорад В.Маркевич.

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

PS: Дар ҷамъ бояд ҳар Тоҷикистонӣ донад, ки тамғаи мамнуъвурудро бар номаи аъмолаш ҳатто барои насупоридани пули ахлот-мусор, «коммунальные услуги», барқпулӣ, ҷаримаи нақлиётӣ, манъи мошин дар истгоҳ ва ғ. ва ҳ. низ мегузоранд. Яъне Русия дигар шаҳри бедарвоза нест. Зимнан қоидаҳои маъмурӣ низ набояд вайрон шаванд. Дар Тоҷикистон низ бояд чунин қонун қабул кард, ки барои напардохтани ин маблағҳо шаҳрвандон ба Русия ва хориҷа сафар карда натавонанд. Он гоҳ олам гулистон мешавад!!!  Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, 06 Ноябр 2019 10:31

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР Сафаралӣ Бекмонов сокини рустои Оби Мукии ноҳияи Ёвон (тел: 93 411 91 74) дар меҳмонии СССР гуфт, мо-ҳамнаслони айёми тиллоии Шӯравии собиқ нек дар ёд дорем, ки пахтаро тиллои сафед мегуфтанду нефтро тиллои сиёҳ. Воқеан, чунин ҳам буд! Бовар мекунед, 90%-и аҳолии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва ҳам РСС Ӯзбекистону Қирғизистон аз пушти пахтачинӣ зиндагиву рӯзгор доштанд ва касе аз ин заҳмат наменолид, баракс ҳама розӣ буд ва хушу хурсандона зери доираи идеологияи коммунистӣ мерақсиданду меболиданд. Дар 1 кг пахтаи советӣ 14 кг гандум медоданд. Имрӯз чӣ? Ҳоло пахтакор ҳосилро бо заҳмату масрафи зиёд ҷамъ меорад, лек намедонад ва ҳайрон аст, ки пахтаро ба кӣ ва бо чӣ нархе супорад, то хароҷотро пӯшонад. Ба қавли дигар, феълан пахта ба «тиллои сиёҳ» табдил ёфтаву нефт тиллои сафед шудааст!!! Дар дилхоҳ хлоппункт равед, нархи пахтаро аниқ намедонанд ва баҳои онро аз пеши худ мегузоранд ва мегӯянд: «Пахтаро супор, пулашро баъд мегирӣ!». Ҳоло 1 кг кунҷора воқеан 4 сомонӣ, равғани пахта 11-12 сомонӣ, пахта барои кӯрпаву болишт 12-15 сомонӣ… Боз менолем, ки барои чӣ нархи гӯшт хест? Яъне қимати пахта аз боло (мисли об!!!) лой мешавад. Дар мобайн бошад фақат деҳқон месӯзад!

 

Чоршанбе, 06 Ноябр 2019 10:24

Суқути 4 императорӣ

28.06.1914 дар Сараево, валиаҳди императории Австро-Венгрия эртсгертсог Франс Фердинанд аз ҷониби миллигарои серб Гаврила Принтсип кушта шуд. ин қатл баҳонаи хубе ба дасти ҷангафрӯзони австрягӣ ва олмонӣ дод ва баъди чанде онҳо ин ҷангро дар амал пиёда карданд. Мардуми Босния ва Гертсоговин, ки аз ҷониби Австро-Венгрия тасхир шуда буданд, бо габсбургҳо муносибате хубе надоштанд ва аз ҳама бештар сербҳоро ҳузури австриягиҳо дар ин манотиқ озурда мекард. Сербҳо доимо дар орзӯи Югославияи бузург буданду тавонистанд ба русҳо низ ин фикрро талқин кунанд. Русия бошад барои пиёда кардани аҳдофи ниҳоии сербҳо ёрӣ мекард ва баъди чанде дар гӯшаҳои гуногуни импературии габсбургҳо ташкилотҳои гуногуни махфӣ пайдо шуданд ва ин ҳама бо пули русӣ таъмин шуда, ба таъбири имрӯз, фаъолияти азими террористиро дар қаламрави импературии австро-венгерӣ ба роҳ монданд. Вақте валиаҳди импературӣ эртсгертсог Франс дар авохири июни с.1914 барои назорат аз машқҳои ҳарбӣ ба Босния сафар кард, яке аз ин ташкилотҳо "Млада Босния" нақшаи қатли ӯро пиёда намуд. Машқҳои ҳарбӣ дар Босния 28 июн оғоз мешуданд, ки ин рӯз мутобиқ буд бо иди миллии сербҳо "Рӯзи Видов". Сербҳо дар ин рӯз шаҳидони худро дар майдони Косово (муҳорибаи таърихии туркҳо бо сербҳо дар с.1389) ёд мекунанд ва ин ид барояшон мисли 9 май барои собиқ СССР муқаддас аст. Австрягиҳо инро хуб медонистанд, лек бо вуҷуди ин аз кор даст накашиданд. Баъзе муътақиданд, ки императур Франс Иосиф дидаву дониста ҷиянашро ба куштан дод. 

Чанд тан аз қотилон дастгир ва яке ҳини пурсуҷӯ иқрор шуд, силоҳу лавозимотро барои амалиёт ҳукумати Сербия дар ихтиёри онҳо қарор додааст. Чун дар суиқасд Сербия гумонбар шуд, Австро-Венгрия ба ҳукумати ин кишвар бо талаби таҳдидомез баромад кард, ки дар таърихнигорӣ бо "ултиматуми июлӣ" маъруф аст.

Чоршанбе, 06 Ноябр 2019 10:20

1.11.1952. ИМА аввалин санҷиши бомбаи гидрогении худро дар ҷазираҳои Маршалл (Уқёнуси Ором) баргузор намуд. Иқтидори ин таркиш 10,4 мегатоннро ташкил дод ва ҷазираи Элуджлабро ба пуррагӣ хароб кард. Ин бомб 800 маротиба пурзӯртар аз бомбаи болои Хиросима партобшуда буд.

1.11.1977.Дар СССР тайёраи мусофирбари ТУ-144 ба истифода дода шуд. Аввалин парвози ин тайёра бо хатсайри Маскав-Алмаато ба вуқӯъ пайваст.

1.11.1990.Дар СССР қурби тиҷории рубл ҷорӣ карда шуд. Тибқи ин қурб 1 доллари ИМА 1 рублу 80 тин нархгузорӣ гардид.

2.11.1938. Дар СССР барои аввалин бор ба занҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Ин занҳо ҳавонавардон Валентина Гризодубова, Полина Осипенко ва Марина Раскова гардиданд.

3.11.1931. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ, дар назди КМ ВКП(б) Институти марксизм-ленинизм таъсис дода шуд. Ин муассиса дар собиқ Иттиҳод яке аз бонуфузтарин ва бойтарин муассисаҳои илмӣ буд.

4.11.1946.Дар пойтахти Фаронса-шаҳри Порис, СММ оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг - ЮНЕСКОро таъсис дод.

4.11.1956. Вуруди Артиши шӯравӣ ба Венгрия. Дар Венгрия ҳукумати Имре Над зидди сиёсатҳои СССР садо баланд кард ва дар Маскав қарор доданд, бо нерӯи ҳарбӣ венгерҳоро ба итоат дароранд. Дар натиҷа Имре дар сафоратхонаи Югославия паноҳ бурд ва дар кишвар ҳукумати инқилобии коргарӣ-деҳқонӣ бо сарварии Янош Кадар созмон дода шуд.

Чоршанбе, 06 Ноябр 2019 10:17

МИҲД н.Шаҳритус мақолаи «Хатлон: Аз фаъолият мондани садҳо корхона” (СССР, №25, 20.06.2019)-ро бо иштироки доираи васеи масъулони ноҳия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вобаста ба масоили 7 корхонаи аз фаъолият бозмонда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо супоришҳои қатъӣ дод. Дар ҳақиқат, 7 корхона бо сабабҳои гуногун аз фаъолият мондаанд. Бинобар бар гуфтаи роҳбарияти шуъбаи Агентии омори ноҳия, аз 7 корхона 3-тои он аз сабаби мавсимии кори пахтакашакҳо дар деҳаҳо мавҷуд буда, аз кор монда буданд ва бо оғоз шудани чиниши пахта корхонаҳои пахтакашак боз гардон шуданд. Лек корхонаҳои ҶДММ “Фазлиддин, ҶСШП “Саноел Асва», ҶДММ “Ҳоҷӣ Қадриддин” ва ҶДММ “Парвиз истеҳсол”, ки айни ҳол бекоранд, тибқи нақшаи чорабиниҳои МИҲД н.Шаҳритус ҷиҳати ба фаъолият шуруъ кардани онҳо тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда истода, дар фурсати кутоҳтарин дар ҳоли барқарорсозиянд. МИҲД н.Шаҳритус корхонаҳои саноатии бозмондаро зери назорат қарор дода, барои оғози он чораҳо андешида, аз натиҷааш хабар медиҳад.

М.Раҷабзода,

муовини раиси н.Шаҳритус

 

Чоршанбе, 06 Ноябр 2019 10:15

Хонанда, дӯст ва мухлиси ашаддии газетаи мардумии СССР Насрулло Ниёзов аз шаҳри Истаравшан дар суҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки чанд рӯз боз барқкушӣ-лимит дар деҳоти мо сар шудааст. Аммо номаълум аст, ки воқеан лимит шуруъ шудааст ё корҳои таъмирӣ? Хоҳиш дорам, ки ба ин суол масъулини Ширкати Барқи Тоҷик посух диҳанд. Зеро садҳо нафар имрӯз чунин мушкил доранд…

Аз СССР: Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкат дар сомонаҳои хабарӣ дар интернет гуфтааст: "Нафароне, ки аз маҳдудияти нирӯи барқ шикоят доранд, метавонанд ба "Барқи тоҷик" тамос гиранд ва арзи худро расонанд. Ё ба рақами телефони 229 53 68 тамос гиранд. Шояд дар ягон минтақа дар пайи таъмир хомӯш кардани барқ бошад, вале лимит ҷой надорад…".

 

Чоршанбе, 06 Ноябр 2019 10:12

Узви Ихвон-ал-СССР, Ҳабибулло Исломиддинов аз деҳаи Навободи ноҳияи Файзобод ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки дар бораи 1 овозаи мардумӣ пурсиданиам: Оё рост аст, ки ромишгари мумтоз ва маъруфи Тоҷик-Афзалшои Шодӣ дар Олмон ҷарроҳӣ шудааст? Ё ин ҳамту иғвои душманон бошад? Агар дурӯғ бошад, бовар дорам, ки умри Афзалшои Шодӣ дароз мешавад!

Аз СССР: Не, ин рост аст. Устод Афзалшо ҷарроҳӣ шуданд дар Олмон ва сиҳҳат баргаштанд ба Душанбеи азиз!!!

 

Чоршанбе, 06 Ноябр 2019 10:05

 

Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР! Ман 50 сол собиқаи корӣ дорам ва аз ин 34 сол роҳбар шуда кор кардаам. Солҳои охир ба нафақа баромадам. Дар бораи замини наздиҳавлигӣ маро раиси ҷамоати Ҳасен Ҳусейни н.Ёвон гунаҳгор донист. Ман ба Амирбеки Темур-раиси собиқи н.Ёвон чанд бор муроҷиат карам, аммо ягон натиҷа надод, аниқтараш раис бетарафӣ кард. Ба прокуратураи вилояти Хатлон низ муроҷиат намудам. Ба қабули раиси вилоят, муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бошад даромада натавонистам. Аз раиси вилоят хоҳиш дорам, ки илоҷаш бошад, ақаллан маро 1 бор қабул кунад, то дарди диламро бигӯям.

Нодир Шарипов,

н.Ёвон, тел: 93 600 35 16

 

саҳ 10 аз 12

Китобҳо

Flag Counter