
Вазорати маориф ва илм дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Восеъ мақолаи Савринисои Давлат «Проблемаҳои Восеъ-Балҷувон-Ховалинг» (СССР, №23(404) 9.06.2016)-ро бо иштироки омӯзгорон, падару модари хонандагони мактаби миёнаи №42-и н.Восеъ мавриди баррасӣ қарор дод. Бинои мактаб барои 140 ҷои нишаст, бо ташаббуси бевоситаи соҳибкорони Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов сохта ба истифода дода шудааст. Ягона ҳолате, ки муаллифи мақоларо «ором» нишастан нагузоштааст, ин бо пойафзоли хос вориди синфхона шудани хонандагон ва сифати сохтмони муассиса аст. Аммо фаромӯш сохтааст, ки бо пайафзоли махсус вориди синфхона шудан, ин 1 навъ пешгирии бемориҳои сироятист. Дар мавриди деворҳои муассиса бошад, муаллифи мақола хеле шитобкорӣ кардааст, яъне бе шиносоии раванди сохтмони муассиса чигуна метавон «хулосабарорӣ» кард?...
Шуъбаи маорифи н.Восеъ





