ХАБАРИ ДОҒ

Нозироти андоз дар ш.Кӯлоб муроҷиати омӯзгори мактаби миёнаи №7 Бобоев Аъзам бо номи «Мо аз андоз қарздорем?» (СССР, таҳти №21(402), 26.05.2016)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, маълум менамояд, ки дар соли равон иҷрои нақшаи андозҳо шиддатнок буда, моҳ ба моҳ бо мушкилӣ иҷро шуда истодааст.

Тибқи талаботи моддаи 45-и Конститутсияи ҶТ «Супоридани андоз аз пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад». Таҳлилҳо нишон дод, ки баъзе аз омӯзгорон маблағи андозҳо аз молу мулки ғайриманқулро насупорида истодаанд, ки ин ба иҷрои нақшаи андозҳо таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, аз ҷониби Нозироти андоз дар ш.Кӯлоб оид ба пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул ба ҳар 1 андозсупоранда тибқи тартиби муқарраркардаи Кодекси андози ҶТ огоҳинома пешниҳод карда, иҷрои он зери назорати масъулин қарор дода шудааст. Омӯзгор А.Бобоев истиқоматкунандаи ш.Кӯлоб, кӯч.Лоҳутӣ, хонаи №168 аз соли 2010 то 2016 андозҳо аз молу мулки ғайриманқулро напардохта, бақияи қарзаш ба маблағи 750 сомонӣ расида, дар муроҷиаташ қайд кардааст, ки маблағҳои қарзи андози омӯзгорон зиёда аз 400 сомонист. Ҳол он, ки зиёда аз 5 сол андозҳо аз молу мулки ғайриманқулро пардохт накарда қарзи андозӣ дорад. Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ уҳдадории худро дар назди қонун оид ба пардохти андоз иҷро накардааст. Бояд гуфт, ки надонистани қонун шахсро аз масъулият озод намекунад. Дар сурати аз ҷониби андозсупоранда напардохтани андозҳо тибқи тартиби муқарраркардаи Кодекси андози ҶТ чораҳои маҷбуран ситонидани андозҳо ва ҷаримаҳо амалӣ карда мешавад.

М.Давлатзода,

сардор

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter