Ман миннат намекунам. Аз соли 1957 то ҳол дар соҳаи фарҳанг кору фаъолият дорам. Аз соли 1959, ки дар синфи 7-ум мехондам, маро дар рӯзномаи ноҳиявӣ мухбири деҳот таъин карданд. Он вақт рӯзномаи ноҳиявии мо «Байрақи Сталин» ном дошт. То ҳол барои рӯзномаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мақола менависам. Ифтихорномаҳо дораму 50 сол омӯзгорӣ кардаам. Китобхонаи шахсӣ дорам, газетаю журналҳоро ҷамъ мекунам, шогирдону ҳамсояҳо омада, китоб мегиранд. Аз синфи 1 то синфи 10 сардори синф будаму бо баҳои аъло мехондам. 5 сол дар донишгоҳи олӣ ҳам сардори гурӯҳ будам. 78 солаам, ҳоло ҳам бо ҳамсинфҳою ҳамкурсони дар ҳаёт буда, моҳе 1 маротиба вомехӯрем, нишаста суҳбат мекунем, чунки одам ғанимат аст. Ҳамааш хуб аст, танҳо нафақаам ночиз аст. Аз ҳамаи ин шукрона мекунам!
Тошмаҳмад Сафаралиев,
ноҳияи Хуросон






