ХАБАРИ ДОҒ

 

Салом СССР-чиён! Бо суръати баланд болоравии нарху навои тамоми маҳсулот, аз ҷумла хӯрокворӣ, масолеҳи бинокорӣ, саноатӣ, сӯзишворӣ ва ҳоказо тамоми мардуми Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Хусусан ба боло бурдани нархи бензину соляркаву равғанҳои молиданӣ ва газ дар тамоми Тоҷикистон мардумро ба таҳлука овард. Бо гароншавии нархи сӯзишворӣ нарху навои тамоми маҳсулот қариб 100 фоиз қиммат шудааст.

Мардум чунин мешуморад, ки дар боло бурдани нарху навои сӯзишворӣ хизмати ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ калон аст, касе ба нархгузории онҳо назорат намекунад, онҳо худашон шоҳанду табъашон вазир чи хеле, ки хоҳанд ҳамон хел нарх мемонанд.

Аз чӣ сабаб аст, ки Хадамоти зиддинҳисорӣ нархи бензину соляркаву  равғанҳои молиданию газро ба танзим намедарорад, магар ин вазифаи онҳо нест? Касе ин ширкатҳоро назорат намекунад. Дар матбуот боре хонда будам, ки вазири нефти Россия дар як баромадаш гуфтааст, ки мо ҳарчанд, ки ба Тоҷикистон бензинро бо нархи арзон медиҳем, вале нархи бензин дар Тоҷикистон бетағйир мемонад, яъне арзон намешавад.

Аз ҳисоби баланд бардоштани нархи бензин нархи 1 халта орд то 300-310 сомонӣ, нархи 1 бутил равғани 5 литра 100-110 сомонӣ шудааст. Дар давраи советӣ нархи равған бо кило фурухта мешуду 5 кг равған 7 сӯм буд…

Ҷумъа Муродов,

ноҳия Восеъ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter