ХАБАРИ ДОҒ

Селзадаҳоро касе фиреб надодааст

  • Душанбе, Май 16 2016

Мақолаи «Хоруғ: Аз супориши Сарвазир то фиреби масъулин» (СССР, №15) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии н.Рӯшонро бетараф нагузошт. Муаллиф Ошурмамадов Саркорӣ, омӯзгори мактаби №51-и ш.Душанбе худро зарардида аз деҳаи Бопасори н.Рӯшон гуфт, оид ба оқибатҳои бартараф кардани офати табиӣ дар водии Бартанг бе асос навиштааст.

Мо заҳматҳои ӯро қадр мекунем, лек аз ш.Душанбе ҳамчун мушоҳид истода, бартараф сохтани оқибатҳои офатҳои табииро аз «нуқтаи назари худ» баҳо додааст, ҳеҷ гоҳ розӣ нестем. Агар дили ӯ ба ҳамдиёрони зарардида месӯхт, меомаду дар лаҳзаи барояшон душвор баҳри рафъи оқибатҳо ширкат мекард. Дар водии Бартанг заминларза воқеан сахт ба қайд гирифта шуд. Баъди ин боз чанд рӯзи дигар замин меҷунбид, хосса, дар водии Бартанг. Заминҷунбии навбатии 26.12.2015 ҳам хело сахт буд. Аз ин рӯ, комиссия якчанд бор ба Бартанги боло рафт ва зарарро дид. Аз таҳлили мақола бармеояд, ки хонаи шуморо ба хонаҳои вайроншудаи пурра дохил накардаанд. Манбаи асосии навиштаҳои шумо фақат суҳбатҳои телефонӣ будаанд, на фактҳои аниқ. Дар пойтахт, дар хонаи барҳаво нишаста «мақола» навиштан, беодобист. «Чаро бартангиҳоро фиреб медиҳанд?» гуфтаед, лек нафаҳмидем бартангиҳоро кӣ фиреб медиҳад? Пас аз 3 рӯзи офат аксари сокинон оғуши гарми худро барои мардуми Бартанг кушоданд ва онҳоро дар хонаву қушхонаву даҳлезу мактаби худ ҷо дода, то моҳи апрел меҳрубонӣ карданд. Фарзандони онҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Омӯзгорону дигар кормандони буҷавии деҳаҳои зарардида маоши худро пурра гирифтанд. Магар ин фиреб аст? 03 «ёрии таъҷилӣ» аллакай рӯзи сеюми заминларза пайдо шуд ва ҳоло ҳам идома дорад. Аксарияти онҳое, ки зарар надида буданд, ҳамаи маводро гирифтанд. Ғайр аз 7000 ва 3000 сомонӣ ба зарардидагон 2000 сомонӣ ва 500 сомонӣ кӯмаки яквақта расонида шуд. Аз тарафи ташкилоти байналмилалии ФОКУС ба зарардидагон ба ҳар хоҷагӣ 3200 сомонӣ маблағ тақдим шуд. Бонки хурди молиявӣ қарзи зарардидагони Бартангро ба маблағи 70000 сомонӣ соқит кард ва Амонатбонк фоизи пардохти қарзҳояшро боздошт. Дар маҷмӯъ ба 553 хонаводаи зарардида Ҳукумати ҶТ 3 млн. 276 500 сомонӣ кӯмаки яквақтаи пулӣ расонид. Муаллиф дар баҳо додани зарар, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ҳокимияти давлатии вилояту ноҳияро айбдор кардааст, ки ин аз рӯи инсоф нест. Агар комиссияи дигар ояд ҳам, аз ин беҳтар баҳо намедиҳад. Мумкин хонаи шумо ба пурра зарардида дохил нашудааст ва барои ҳамин норозигӣ баён менамоед.

Дастгоҳи раиси н.Рӯшон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter