ХАБАРИ ДОҒ

Супориши Президент иҷро мешавад

  • Душанбе, Май 09 2016

Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми ҶТ мақолаи «Чаро супориши Президент иҷро нашуд?»-и Ҳокими Сафар (СССР, №9, 25.02.2016) мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дод.

Бояд гуфт, ки сохтмони бинои мактаби №25 дар деҳаи Дашти Марзои н.Файзобод барои 320 ҷои нишаст соли 1989 оғоз ёфта, сохтмони мактаб соли 1991-92 бо назардошти пешбинӣ нашудани маблағ қатъ карда шуда, то ҳол дар ҳолати нотамом қарор дорад. Вазорати маориф ва илми ҶТ бо назардошти имкониятҳои молиявӣ баанҷомрасонии сохтмони иншооти мазкурро ба марҳилаи 4-уми Лоиҳаи Фонди Саудии Рушд ворид кардааст. Тибқи нақша сохтмони мактаб барои 320 ҷои нишаст дар деҳаи Дашти Марзо соли 2017 сохта ба истифода дода мешавад.

А.Зарипов, сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter