Дар посух ба мақолаи Ғ.Авазиён (СССР, №29, 21.07.2016) оид ба шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказӣ, рафтани одитарин беморон ба шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ва аҳамият надодани мақомот ба соҳаи тандурустӣ эродҳои беасос иншо шудаанд. Дар тӯли 20 соли таъсисёбиаш дар н.Кӯҳистони Мастчоҳ 13 бунгоҳи тиббӣ, 5 маркази саломатии деҳот, 1 беморхонаи марказӣ бунёд шудаанд, ки 80%-и онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазанд. Бо дастгирии Раиси вил.Суғд с.2015 барои ташкили нуқтаи ёрии таъҷилӣ 200.000 сомонӣ ҷудо шуд, ки дар аввали с.2016 нуқтаи ёрии таъҷилӣ ташкил ва бо 1 адад автомашинаи ёрии таъҷилӣ, 43 адад рахтҳои хоб харидорӣ карда шуд. Соли 2016 бо дастгирии Раиси вилоят дар вил.Суғд соли «Фарди солим» эълон карда шуда, дар асоси ин Барномаи «Соли 2016-соли фарди солим» қабул шудааст… Ба қавли Авазиён, ки гӯё с.2016 113 тан ба бемории кӯррӯда гирифтор шуда бошанд, беасос аст. Ба гуфти менеҷери сохтори бистарикунонии ноҳия Идиев Абдуамон ин рақам куллан хато буда, дар тӯли сол 15-20 нафар гирифторони бемории кӯррӯда ба қайд гирифта мешаванд. Ба гуфти Идиев, яке аз муаммоҳои соҳаи тандурустии ноҳия ин норасоии кадрҳои дорои маълумоти олии тиббист, ки айни ҳол дар ДДТТ ба номи А.Сино беш аз 50 нафар таҳсил карда истодаанд, ки солҳои наздик ин муаммо низ ҳал мешавад. Дар мақолаи Авазиён оид ба роҳҳои ноҳия, ки гӯё роҳи 1 соатро дар 20 соат тай мекунанд, беасос аст. Роҳи асосии ноҳия аз маркази ноҳия то н.Айнӣ 90 км-ро ташкил медиҳад. Ин роҳ ҳамасола таъмир карда мешавад… Ба гуфти Авазиён, ки гӯё дар 13 деҳаи ҳудуди ҷамоати Лангар барқ нест ва кӯдакон оид ба барқ, лампочка тасаввурот надоранд, муҳоботе беш нест, ҳол он, ки деҳаҳои мазкур аз ҳисоби 48 адад нерӯгоҳҳои хурди барқии обии худсоз бо барқ таъминанд. Ҳоло барои кашидани хатти баландшиддати барқ ба 13 деҳаҳои ҷамоати деҳоти Лангар бо дастгирии Раиси вил.Суғд 300 дона зерпояи об, 6 тонна ноқили АС-70, 800 дона Оиқи ЛК-70, 440 дона каҷаки КВ-22 ворид карда шудааст… Авазиён дар баёноташон навиштааст, ки ин мақоларо дар ҳолати асабоният навиштааст. Бояд мақомот барои муолиҷа ба ӯ кӯмак мекардааст ва аз сабаби дастгирӣ наёфтанаш чунин корро кардааст.
Муҳаммадҷобир Раҷабзода,
раиси н.Кӯҳистони Мастчоҳ





